Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пайваста чорабиниҳои гуногуни илмӣ баргузор мегарданд.
Таърихи 5-уми октябри соли 2018 бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамгироии илми забоншиносӣ бо ҷомеаи ҳуқуқӣ: мушкилот ва дурнамо» бахшида ба Рӯзи забони давлатии ҶТ гузаронида шуд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. оғоз гардид. Мавсуф ҳузури мубораки ҳамаи иштирокчиёнро ба кори мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, ба кафедраи забонҳои хориҷӣ барои ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатҳи баланд изҳори сипос намуданд. Инчунин, эшон ҳамаи иштирокчиёни чорабинии илмиро ба муносибати Рӯзи забони давлатии ҶТ самимона табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри давлат буда, аз ҳар яки мо талаб менамояд онро муқаддасу гиромӣ нигоҳ дорем ва баҳри покизагиву муаррифии он пайваста талош намоем.
Сипас мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Назарова З.А. бо сухани муқаддимавӣ баромад намуда, доир ба нақш ва мавқеи забони давлатӣ дар инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ибрози андеша намуд.
Баъдан кори мизи мудаввар дар асоси барномаи омодагардида идома ёфта, дар он маърӯзаҳои докторони илмҳои филологӣ Қосимов О.Ҳ. ва Ҷӯраева М.Р., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Азизқулова Г.С., муаллими калон Сафаров Ҳ.С., аспирантон Сафаралиев Д.С. ва Пирзода П.Р. шунида шуда, эшон пешниҳодҳои судманди худро доир ба мавзӯи омоданамудаашон иброз доштанд.
Дар умум мизи мудаввар муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҳуқуқӣ ва забонии кишварро фаро гирифта, баҳри инкишофи минбаъдаи илми ҳуқуқшиносӣ мусоидат хоҳад намуд.
Зимни музокираҳо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори мизи мудаввар барои такмили забони давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқ самарабахш хоҳад буд.