Санаи 15-уми ноябри соли 2016 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷиҳати иҷро ва амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Асосгузори давлат ва ҳуқуқи миллӣ» бо иштироки доираи васеи омӯзгорон, олимон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳияту аҳамияти масъалаи баррасишаванда гузориш доданд. Мавсуф зимни баромади хеш дар хусуси таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлат ва ҳуқуқи миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷик махсусан таъкид намуданд. Таҷлили ин идро дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ ҳисобиданд.
Баъдан мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ И.Т. Маҳмудов дар мавзӯи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент, миллат» маърӯза карданд. Зимни суханронии хеш И.Т. Маҳмудов қайд намуданд, ки мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик дар асоси роҳандозии сиёсати бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои фаъолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ гашт. Аз баракати истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки созанда ва ҳидоятҳои ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифу сарбаланд, меҳнатдӯсту тамаддунофар, фарҳангсолору матиниродаи тоҷик, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ қадам ба қадам гомҳои устувор гузошта истодааст.
Боиси сарфарозию шодмонист, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашни шукӯҳманди Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин санаи муқаддас дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 16-уми ноябр таҷлил карда мешавад. Ҳанӯз 22-сол муқаддам, рӯзи 16-ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расман шурӯъ кардан ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, ваъда дода буданд, ки тамоми кушишу ҳастиву хешро баҳри сарсабзию хуррамӣ ва пешрафти давлату миллати тоҷик равон хоҳанд кард. Гузашти солҳо собитқадамона собит намуданд, ки ҳар он чизеро ки Сарвари Давлат ба миллати хеш ваъда карда буданд, фаррохтар ва бештар аз он иҷро намуданд.
Мавсуф даъват ба миён оварданд, ки биёд ҳамдиёрону дӯстони азиз дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва Тоҷикистони азиз барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.
Сипас устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ассистентон М.С. Сулаймонов ва Ҳ.Х. Саидов баромад намуда, андешаву назари комил ва созандаи худро оид ба зарурияти таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд. Аз ҷумла зимни суханрониҳои хеш омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ қайд намуданд, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ аз нестшавӣ раҳо намудани давлат, аз парокандашавӣ наҷот додани миллат ва аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Ватани маҳбубамон хизматҳои арзандаву шоистаро анҷом додааст. Ў барҳақ Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои воқеии миллати тоҷик аст, афзуданд дар анҷоми кори ҷаласа омӯзгорони факултет.
Дар умум ҳайати омӯзгорону кормандони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ хизматҳои анҷомдодаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷовидона гардонидани номи миллати тоҷик, эҳёи давлатсозию миллатсозии тоҷикон ва бунёди аркони давлатдории миллии таърихӣ эътироф намуданд.
Дар охири кори мизи мудаввар намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.