Баргузории конференсияи байналмилалӣ дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

18.05.2018сол

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-умро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда, таваҷҷӯҳи хоса ба бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ зоҳир намуданд. Факултети ҳуқуқшиносӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои номбурда гузаронидани Конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нақша гирифта шуд.

     Санаи 18.05.2018 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 70 – солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории соҳибкорӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

    Дар конференсия устодон, аспирантон ва унвонҷӯёни риштаи ҳуқуқшиносӣ аз донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар ҳамчунин намояндагони ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ширкат намуданд. Нахуст декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, иброз доштанд, ки Конференсияи мазкур дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳамзамон баён намуданд, ки таърих ва воқеияти рӯзгори мардум собит намудааст, ки ҳуқуқ ва иқтисодиёт ба ҳам пайвандии зич дошта, бидуни танзими ҳуқуқӣ ҳама гуна фаъолияти иқтисодӣ оқибат ба нокомиҳо рӯ ба рӯ мегардад. Бинобар ҳамин, ҳуқуқ ва иқтисод чун ду падидаи ҳамроҳ ва ҳамзод дар тамоми марҳилаҳои инкишофи худ ба якдигар аз ҷиҳати мусбат таъсир расонидаанд ва оянда низ мерасонанд. Ба ибораи дигар, дар тамоми ошёнаҳои низоми иқтисодии кишвар мавҷудияти ҳуқуқ муҳим, зарур ва ногузир аст. Дар ҳайати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавҷуд будани кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат низ ба хотири таъмини ҳуқуқ дар ошёнаҳои низоми иқтисодии кишвар мебошад. Имрӯз Тоҷикистони биҳиштосо диққати кулли мардуми сайёраро ба худ ҷалб кардааст. Ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ аз кишвари мо дидан мекунанд. Барои рушди соҳаи мазкур дар баробари дигар тадбирҳо яке аз масъалаҳои муҳимро боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии сайёҳӣ ташкил мекунад. Набояд фаромӯш шавад, ки фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои сайёҳон, сохтани бинову иншооти замонавӣ, инфрасохтори муосир бидуни боло бурдани фарҳанги сайёҳии аҳолӣ арзиши аслии худро гум мекунанд. Фарҳанги сайёҳӣ шарти асосӣ ва ногузири тараққии соҳа ва пешрафти бахши мазкур ба ҳисоб меравад. Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. дар интиҳои сухани ифтитиоҳии худ таъкид бар он доштанд, ки мақолаҳои ироашаванда, ки муаллифони онҳо олимони дохилӣ ва хориҷӣ маҳсуб меёбанд ва бо заҳматҳои зиёди зеҳнии худ эҷод намудаанд, бо дастгирии факултети ҳуқуқшиносӣ алакай ба табъ расидаанд, дастраси доираи васеъи хонандагон мегардад. Умед бар он карда шуд, ки Конференсияи мазкур баҳри болобурди фарҳанги сайёҳии аҳолии кишвар нақши муассир хоҳад гузошт. Баъдан аз рӯи барномаи конференсия масъулияти модераториро Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. бар душ гирифта, маърӯзачиён паи ҳам ҷиҳати баромад намудан ба минбар даъват шуданд.

      Аз ҷумла маърӯзачиён дар як қатор мавзӯҳои мубрам баромад намуданд ба монанди:

1. Қонунгузории сайёҳӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ;

2. Хусусиятҳои ҳуқуқи ашёӣ дар ҳуқуқи мадании Афғонистон;

3. Арзишҳои умумиинсонӣ дар асоси фарҳанги ҳуқуқи инсон;

4. Мушкилоти қобилияти амалкунии граждании ноболиғон дар фаъолияти соҳибкорӣ; таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ;

5. Моҳияти молҳои қалбакӣ;

6. Созишномаи сармоягузорӣ ҳамчун унсури танзими давлатӣ;

7. Асосҳои ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. Имтиёзҳои андозбандӣ дар қонунгузории соҳибкорӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ;

9. Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба парвандаҳои тиҷоратӣ;

10. Танзими ҳуқуқӣ ва рушди фаъолияти ҳунармандон ҳамчун субъекти соҳибкории хурд. Кори Конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалӣ бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуд.

Дар маҷмуъ 50 нафар бо маърузаҳо баромад намуда, ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба риштаи таҳлил кашида, дар бораи дастовардҳои беназири қонунгузории замони истиқлолият сухан гуфта, ҳамзамон мушкилотҳои ҷойдоштаи қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои дар боло зикршударо бо нишон додани роҳҳои ҳали онҳо иброз доштанд. Дар кори конференсия дар маҷмуъ 185 нафар ширкат варзида ба маърузачиён саволҳо доданд ва дар муҳокимаву андешарониҳо ширкат варзиданд. Дар маҷмӯъ тибқи мушоҳида ва натиҷагирӣ аз кори конференсия маълум гардид, ки устодони ширкаткунанда ва меҳмонон аз ин чорабинӣ таассуроти мусбат бардоштанд ва баргузории чунин ҳамоишро баҳри рушд ва такмили илм, қонунгузорӣ ва амлия баҳогузорӣ карданд. Дар интиҳои кори конференсия қатънома қабул гардида, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. аз кулли иштирокунандагон ҷиҳати иштироки фаъолона дар кори конференсия изҳори минатдори намуда, конференсияро пушида элон намуданд.