Таърихи 3-юми ноябри соли 2018 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 24-юмин солгарди қабули Конститутсияи ҶТ баргузор гардид.
Конференсияи мазкурро декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бахшида ба 70-умин солгарди таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 24-умин солгарди қабули бахтномаи миллат – Конститутсияи ҶТ табрику шодбош намуданд.
Дар он олимони ватанӣ, мутахассисон, кормандони мақомоти давлатӣ, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён иштирок намуда, масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмуриро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла дар чорабинии мазкур мавзӯъҳои зерин баррасӣ карда шуд: таъсири Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар танзими конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон; нақши Конститутсия дар таҳкими адолати иҷтимоӣ; асосҳои конститутсионии ҳуқуқ ба моликият ба манзили истиқоматӣ (дар мисоли шартномаи иштироки ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ); конститутсияи миллӣ ва мавқеи мақомоти прокуратура дар низоми ҳокимияти давлатӣ роҷеъ ба баъзе муаммоҳои танзими конститутсионӣ-ҳуқуқии санади мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; Президенти ҶТ ҳамчун ҳомии Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ҳуқуқи конститутсионӣ дар низоми донишҳои назариявии роҳбарони мақомоти дохилии ҶТ; фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ ва ғ.
Зимни баррасии мавзӯъҳои зикргардида аз ҷониби олимон ва мутахассисон пешниҳодҳо оид ба мукаммал намудани қонунгузории ҶТ иброз карда шуд. Қайд гардид, ки мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ, инчунин ба роҳ мондани қонунияти конститутсионӣ фаъолона иштирок намоянд.
Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Зимни қабули қатънома онҳо иброз доштанд, ки қатъномаи мазкур ба такмили қонунгузории соҳа равона шуда, натиҷаҳои он дастраси ниҳодҳои дахлдори давлатӣ карда мешавад.
Дар охир изҳори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар инкишофи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ, инчунин қонунгузории соҳаи мазкур нақши арзандаи худро хоҳад гузошт.