Санаи 15-уми майи соли равон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Инкишофи низоми давлатию ҳуқуқии Тоҷикистон дар шароити хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ» бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ баргузор гардид. Ҳамоиши илмии мазкур бо дарназардошти афзоиши таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар паёмҳо, баромадҳо, суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид карда мешавад, ки таҳдидҳо ва хатарҳои нави ҷаҳонӣ, аз қабили терроризми байналхалқӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти шахс, ҷомеа ва давлат хатари бевосита дорад. Яке аз роҳҳои муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ ин таҳқиқоти илмии ҳаматарфа ва воқеъбинонаи хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Аз ин хотир, конференсияи мазкур бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқон баргузор гардида, дар он зарурати таҳқиқи минбаъдаи илмии таҳдидҳо ва хатарҳои нави глобалӣ собит гардид.
Конференсияи ҷумҳуриявиро декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро баён намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки дар воқеъ, хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ, аз қабили ҷиноятҳои компютерӣ, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷангҳои иттилоттӣ ба рушду инкишофи низоми давлативу ҳуқуқии на танҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол балки ба ҷомеаи имрӯза таъсирбахш аст. Аз ин рӯ, баргузорӣ ва ташкили чунин конфронси ҷумҳуриявӣ барои инкишофи низоми давлативу ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҳифзи амнияти кишвар, баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирӣ аз моилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳу ҳарактҳои террористиву ифротгароӣ сари вақтӣ мебошад ва он таклифу пешниҳодҳое, ки аз тарафи маърӯзачиён садо дода мешаванд, дар рушду инкишофи низоми давлативу ҳуқуқӣ, иҷрои вазифаҳо ва ҳадафҳои стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро мегузоранд.
Сардори раёсати илм ва навоварии техникӣ Рустам Наботӣ ба ташаббускорони чунин конференсияи ҷумҳуриявӣ минатдории худро баён намуда, қайд намуд, ки баргузории конференсияҳои илмӣ барои рушди илм аҳамияти калон доранд, роҳбарияти Донишгоҳ барои нашри маводи конференсияҳо маблағи кофӣ ҷудо мекунад.
Бо дарназардошти гуногунҷанба будани мавзӯи интихобшудаи конференсия дар кори он намояндагони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ, аз ҷумла фалсафа, таърих, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, ҳуқуқшиносӣширкат варзиданд. Аз ҷумла: Сотиволдиев Р.Ш. доктори илмҳои ҳукуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маҷидзода Ҷ.З. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, Холиқзода А. Ѓ. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Д.С. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шарипов Р.Я. – доктори илмҳои таърих, декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Аминов Ф.А. – номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Хайруллоев Ф.С. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳромбеков В. А – номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Бо мақсади таҳлили ҳаматарфаи паҳлуҳои ҷудогонаи таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ олимони намоён, устодони таҷрибадор, пеш аз ҳама докторони илми таърих, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ҷалб карда шуданд. Хамчунин намояндагони сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Сардор ва муовини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ Ҳафиззода Ш.Х. ва Юсуфзода А. дар кори конференсия иштирок ва баромад намуданд. Дар баромадҳои маърӯчиён мафҳум, намудҳо, ҳадафҳои аслии таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ аз лиҳози фалсафа, таърих, сиёсат, равандҳои сиёсӣ, арзишҳои фарҳангӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва динӣ, дурнамои рушди ҷомеаи ҷаҳон таҳлил карда шуданд.
Дар маърӯзаҳои дигарон паҳлуҳои гуногуни хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои компютерӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллии ҶТ, ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳо ба раванди қонунгузории миллӣ, таъмини фазои ҳуқуқи миллӣ ҳамчун функсияи афзалиятноки давлати Тоҷикистон дар шароити хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ, буҳрони сиёсӣ чун омилӣ тавлиди терроризм (дар мисоли Афғонистон), ҳифзи ҳаёти инсон чун яке аз мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити вусъати ҷанги иттилоотӣ, тарбияи ҳуқуқи ҳамчун заминаи баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ дар шароити таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Иштиркчиёни конференсия якдилона ба хулоса омаданд, ки дар шароити вусъати хатарҳо ва таҳдидҳои глобалӣ ҳимояи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла амнияти иттилоотӣ, иқтисодӣ, озуқаворӣ, сиёсӣ, шахсӣ, ҷамъиятӣ вазифаи ҳаётан муҳимми давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Хулосаи мазкур ва таклифу пешниҳодоти аъзоёни конференсия дар қарори он ифодаи худро ёфтанд.