09/12/2015 с.
Санаи 9-уми декабри соли 2015 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баргузор гардид.
Конфронсро декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насурдинов Э.С. кушода эълон намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон табрик намуд. Қайд гардид, ки эъломияи мазкур дар самти кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гомҳои устувор гузошта, дар заминаи он зиёда аз 200 санадҳои байналмилалӣ дар бахши ҳуқуқи инсон қабул шудааст.
Сипас муовини ректори ДМТ оид ба илм, доктори имлҳои кимиё, профессор Сафармамадов С.М. баромад намуда, нақши таърихии Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон иброз дошт.
Баъдан аз рӯи барномаи кори конференсия Ализода Зариф – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар пешрафти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», Раҳмон Д.С. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сардори шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баъзе мушкилоти амалишавии ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабов М. Н. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ дар мавзӯи «Табиати ҳуқуқии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», Миралиев И. Қ. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар мавзӯи «Робитаи ҳуқуқи инсон ва давлати ҳуқуқбунёд» маърӯза намуда, паҳлуҳои муҳими илми ҳуқуқи инсонро тавзеҳ доданд.
Миёни иштирокчиён ва маърӯзачиҳо суолу ҷавоб ва дар охир музокира сурат гирифт ва ҳар як иштирокчии конфронси мазкур оид ба маърӯзаҳои пешниҳодгардида андешаашро иброз дошт. Тасмим гирифта шуд, ки маводҳои конфронс дар шакли маҷмӯа чоп карда шавад.
Қайд кардан зарур аст, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шуда, 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи байналмилалии “ҳуқуқи инсон” ҷашн гирифта мешавад. Дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳамасола бахшида ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар конфронсу ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор мегарданд.