Дар заминаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 15-уми апрели соли равон, дар асоси нақша-чорабиниҳои факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори «Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» вохурӣ бо донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносӣ, ки соли ҷорӣ донишгоҳро хатм мекунанд, баргузор гардид.
Боиси хушнудист, ки дар кори ҷаласа муовини сардори раёсати пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком, устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ ва тамоми донишҷуёни соли 5-уми факултет, ки имсол Донишгоҳро хатм мекунанд, иштирок намуданд. Кори ҷаласа бо оғозсухани декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ифтитоҳ ёфта, сипас суханронии намояндаи Агентӣ шунида шуд.
Зимни ироаи сухани ифтитоҳии хеш декани факултети ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Д.С. ҳузури мубораки ҳамаи иштирокчиёнро ба кори ҷаласа хайру мақдам гуфта, ба Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат, дастгирӣ ва ташкил намудани чунин як чорабинии сатҳи баланд изҳори сипос намуд. Ҳамзамон мавсуф зикр намуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Дарёфти роҳи пурсамар ва такмилёфта дар самти мубориза ба муқобили коррупсия ба болоравии обрӯ ва нуфузи давлат ва мақомотҳои он мусоидат менамояд. Ҳамаи мо бояд кушиш ба харҷ диҳем, то бо ин вабои ҷомеа муборизаи беамон бурда, саҳми арзандаи худро дар пешгирии коррупсия гузорем.
Баъдан вобаста ба тартиби қабули имтиҳони давлатӣ, декани факултети ҳуқуқшиносӣ дахл намуда иброз доштанд, ки ҷараёни ин чорабинии муҳим бояд шаффоф ва одилона сурат гирад. Аз ин рӯ, хатмкунандагонро зарур аст, ки ба имтиҳони давлатӣ тайёрии ҷиддӣ дида, бо дониши баланд ба он ҳозир шаванд. Барои муташаккилона баргузор намудани имтиҳоноти давлатӣ садорати факултет тамоми чорабиниҳоро амалӣ сохта истодааст. Аз ҷумла, тамоми саволномаҳои имтиҳоноти давлатӣ дар тахтаҳои эълонҳои назди кафедраҳои факултет ҷойгир карда шуда, хатмкунандагон метавонанд озодона аз онҳо истифода намоянд. Ба ғайр аз ин, пеш аз оғози имтиҳоноти давлатӣ лексияҳои машваратӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар онҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни фанҳои имтиҳонӣ суолу ҷавоб аз ҷониби устодони факултет баргузор мегардад. Дар баробари ин, хатмкунандагонро зарур аст, ки саривақт мутобиқи реҷаи муқарраршуда ба имтиҳоноти давлатӣ ҳозир шуда, ба амалҳои фассод дар ин замина даст назанад.
Дар баромади худ намояндаи Агентӣ Турсунзода Шодком миннатдорӣ ва самимияти бепоёни хешро ҷиҳати ташкил ва баргузории чунин як чорабинии муҳим иброз намуда, таъкид карданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор намуданд, ки коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад, ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад. Гузашта аз ин коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар оянда низ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.
Мавсуф аз оқибатҳои ногувори коррупсия мисолҳои мушаххас оварда, қайд намуд, ки коррупсия ба монанди терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи мо хатарафзо гаштааст. Таъкид карда шуда, ки хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ кору фаъолияти софдилона намуда, дар ташаккули давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми бориз мегузоранд. Хатмкунандагони имрӯза бояд чун пешгузаштагони касби ҳуқуқшиносӣ таъминкунандаи адолат, озодӣ, баробарӣ ва поквиҷдонӣ буда, даст ба содир намудани амалҳои коррупсионӣ назанад.
Зимни музокираҳо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки хатмкунандагони имсолаи факултети ҳуқукшиносӣ бо як сари баланд имтиҳоноти давлатиро супорида, чун фарзанди баору номуси ин миллату давлат барои рушди кишвари азизамон саҳмгузор мегарданд.