Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ тасмим гирифтааст, ки Барномаи рушди факултетро барои солҳои 2015-2020 қабул намояд. Барномаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои олимони факултети ҳуқуқшиносӣ санаи 26-уми январи соли ҷорӣ қабул карда мешавад. Дар ин замина тасмим гирифтем, ки бо роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ барои солҳои 2015-2020 номзади илми ҳуқуқ, дотcент Хайрулло Ѓафуров суҳбат намоем.
Устоди гиромӣ, нахуст дар бораи ҳайати кадрӣ ва сохтори факултети ҳуқуқшиносӣ маълумот медодед. Факултети ҳуқуқшиносӣ дар бахши таълим ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба кадом дастовардҳо ноил гардидааст?
Ташаккур, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ яке аз факултетҳои муваффақ ва пешсафи донишгоҳ маҳсуб ёфта, дар самти омода намудани мутахассисони болаёқати ҳуқуқшинос дар кишвари азизамон нақши беназир дорад. Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ 126 нафар устодон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 2 нафар академики АИ ҶТ, 11 нафар докторҳои илми ҳуқуқ, профессор, 55 нафар номзадони илми ҳуқуқ, дотсентон мебошанд. Агар мо ба шумораи донишҷӯён нигарем, дар ҳоли ҳозир бо назардошти тамоми ихтисос ва шуъбаҳои амалкунанда дар маҷмӯъ 3190 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 2315 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 875 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Дар сохтори факултет 10 кафедраи тахассусӣ ва 1 кафедраи забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд, ки масъулияти асосии пешбурди ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро ба зимма доранд.
Донишҷӯёни факулта аз рӯйи якчанд ихтисосҳо ба тадрис фаро гирифта шудаанд: 24010200 (ҳуқуқшиносӣ); 24010100 (муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ); 26010200 (идораи давлатӣ ва ҳуқуқ); 93010100 (фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ- 240030201 (танзими ҳуқуқии молия ва қарз); 93010200 (экспертизаи судӣ), 24010218 (ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ).
Дар факултети ҳуқуқшиносӣ таълим аз рӯйи ду низом: низоми таҳсилоти анъанавӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Имсол (соли таҳсили 2014-2015) раванди тадрис дар тамоми ихтисосҳои амалкунандаи факултет пурра аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шуд.
Агар мо ба дастовардҳои илмиву таълимии факултет дар ду-се соли сипаришуда сухан ронем, ба ростӣ ҳаҷми саҳифаи як шумораи рӯзнома камӣ менамояд. Тавассути истифода ва ворид намудани усулҳои илман пешрафтаи коргузорӣ дар донишгоҳ ва факултет дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои босамари он ба мушоҳида мерасанд. Танҳо мехоҳам ёдрас шавам, ки агар аз замони таъсиси факултет то соли 2011 нерӯи кадрии факултетро 36 нафар олимони соҳибунвон ташкил намуда бошанд, пас бо ифтихор метавон қайд намуд, ки дар се соли охир 31 нафар устодони мо – 4 рисолаи докторӣ ва 27 рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайвастаи Ректори ДМТ, академики АИ ҶТ, профессор Имомов М.С. дар заминаи ДМТ Шӯрои диссертатсионии муштарак оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд. Боиси хурсандист, ки дар заминаи ин Шӯрои диссертатсионӣ ду рисолаи докторӣ ва нӯҳ рисолаҳои номзадӣ ҳимоя гардид. Соли 2014 аз нигоҳи самарнокии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон яке аз солҳои муваффақтарин ба ҳисоб меравад. Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони факултет дар 650 маводҳои таълифшуда: 32 монография, 12 китобҳои дарсӣ, 60 васоити таълимӣ, 31 дастури таълимӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ифода ёфтаанд.
Хонангони арҷманди «Минбари ҳуқуқшинос» иттиолои бештарро дар хусуси пешравиҳои илмиву таълимӣ, ҳайати кадрии устодон ва сохтори факултет метавонанда тавассути сомонаи факулта www.ur.tj дастрас намоянд.
Бо ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносӣ гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаи рушди факултет барои солҳои 2015-2020 ташкил карда шуд, ки Шумо роҳбари гурӯҳи корӣ таъин шудед. Мегуфтед, ки мақсади Барномаи мазкур аз чи иборат аст?
Албатта, ҳар як иқдоме, ки пеш гирифта мешавад, баҳри ноил шудан ба мақсадҳои мушаххас ва нек аст. Дар шароите, ки имрӯз мо қарор дорем бо назардошти таъсири амиқи омилҳои ҷаҳонишавӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг, тафовути фарҳангӣ-тамаддунии олами шарқу ғарб, проблемаҳои мувофиқкунонии андеша, назария ва арзишҳои ғарбгароёна ба муҳити миллии фарҳангӣ, зарурияти анҷом додани корҳои арзишманд ва бунёдии илмӣ-тадқиқотиро руйи кор меорад. Омилҳои дар боло ишорашуда боис мегарданд, ки дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ ва рақобатпазири бозори меҳнат, дорои донишҳои баланди назариявӣ, малакаи касбӣ, сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ғояҳои адолат, накукорӣ, ростӣ тарбияёфта мо тадбирҳои судманд андешем.
Мақсади асосии Барномаро, он тавре ки дар матни лоиҳа дарҷ намудаем, таъмин намудани таҳсилоти ҳуқуқии замонавии мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои рушди Тоҷикистон – ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, ташкил менамояд. Ҳамзамон таъсис намудани низоми устувори рушди инноватсионии факултети ҳуқуқшиносӣ баҳри амалӣ намудани имконияти илмӣ-таълимии факултет дар самти таъмини мутахассисон ва кадрҳои илмӣ дар Тоҷикистон дар назар дошта мешавад.
Ба ҳама маълум аст, ки Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ дар таърихи донишгоҳҳои кишвар бесобиқа аст. Шумо ҳамчун роҳбари гурӯҳи корӣ ҳадаф ва вазифаҳои барномаро чи гуна арзёбӣ мекунед.
Мехоҳам ёдовар шавам, ки Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ барои мо – кулли устодону кормандони факултет ҳуҷчати барномавии илман асосноке маҳсуб меёбад, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ, амалӣ намудани рисолати таърихии омӯзгориямонро дар самти омода намудан ва тарбияи кадрҳои баладихтисоси худогоҳу меҳанпарваст, адлпарвар ва дорои ахлоқи ҳамидаи инсонидошта, мавриди эътибои ҷиддӣ қарор диҳем ва барои амалӣ шудани талаботҳои он камари ҳиммат бандем. Зеро Баромаи мазкур дар худ нақшаи дурнамо, мақсад, самтҳои афзалиятноки инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ, омилҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани усулҳои фаъол ва инноватсионӣ, технологияи иттилоотию иртиботии муосир дар раванди таълим ва тарбияро фаро мегирад.
Ҳадафҳои асосии Барнома хело зиёданд ва ман бо овардани як ҳадафи асосӣ – андешидани тадбирҳои муассир ва амалисозии чорабиниҳои мақсаднок ҷиҳати нигоҳ доштани нуфузу эътибори факултети ҳуқуқшиносӣ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос, омодасозии кадрҳои илмӣ, ташкили марказҳои хизматрасониҳои илмӣ ва таълимӣ қаноат менамоям, зеро боварӣ аз он мекунам, ки хонандагони азизу закии рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» лоиҳаи Барномаи омоданамудаи гурӯҳи кориро ҳаматарафа ва пурра мавриди ғавру баррасӣ қарор медиҳанд ва аз кулли ҳадафҳои Барнома огаҳӣ пайдо менамоянд.
Дар хусуси вазифаҳои Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ як нуқтаро мехоҳам таъкид созам: вазифаи асосии Барнома тавассути истифода бурдани усулҳои замонавии тадрис баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дараҷаи донишандӯзии донишҷӯён ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи доштани сифатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбад.
Ба гурӯҳи корӣ ҳангоми омодасозии Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ кадом мушкилиҳо пеш омад.
Таҳия намудани Барнома албатта заҳматталаб буд ва камина ба кулли устодоне, ки марбут ба Барнома андеша ва таклифҳои худро баён сохтанд, ташакур мегӯям. Ҳамчунин мехоҳам арзи сипоси хоссаро ба Ректори ДМТ, академики АИ ҶТ, профессор Имомов М.С., муовинони ректори ДМТ оид ба таълим, профессор Миралиев А.М., оид ба илм дотсент Сафаров Б.А., декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Насурдинов Э.С. ва мудирони кафедраҳо профессор Сотиволдиев Р.Ш. ва Маҳмудов И.Т. баён созам. Зеро, устодон дар раванди таҳияи Барнома моро ҳамроҳӣ намуда, бо таклифу пешниҳодҳои судмандашон мазмуни мӯҳтавои Барномаро пурғановат намуданд.
Ба хонандагони рӯзномаи “Минбари ҳуқуқшинос” дар ин самт чи гуфтание доред.
Аз ҳамаи хонандагони рӯзномаи «Минбари ҳуҷқуқшинос» эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки андеша, эрод ва пешниҳодҳояшонро марбут ба мазмун, вазифа, ҳадафҳо ва чораҳои мушаххаси амалишавандаи Барнома ба нишонаи мо kh-gafurov@mail.ru, ur.tj@mail.ru ё ба садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ирсол намоянд.
Мусоҳиб: Ҷаҳонгир Саъдизода