Барои шаҳрвандони хориҷӣ

Қабул ва таҳсили шаҳрвандони хориҷи

   Дар факултети ҳуқуқшиносӣ дар баробари шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд  бо тариқи шарномавӣ ва квота таҳсил намоянд. Қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба факултети ҳуқуқшиносӣ  дар асоси «Қоидаҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси шартҳои зерин қабул карда мешаванд:
   

  • мутобиқи созишномаи дутарафаи байнидавлатӣ;
  • дар ҳудуди ҷойҳои муқарраршудаи қабул бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мувофиқи шартномаи тарафайн бо Донишгоҳ барои ҳар як ҷой дар ҳудуди миқдори муайяншудаи иҷозатнома (литсензия) бо пардохти ҳаққи таҳсил тибқи қоидаҳои қабул.


   Ҳангоми таҳсил шаҳрвандони хориҷӣ бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

   Шаҳрвандони хориҷӣ  метавонад дар гуруҳҳои тоҷикӣ ва русӣ  таҳсил намоянд.
Маблағи шартномаи  шаҳрвандони хориҷиро  Раёсати Донишгоҳи миллӣ муайян менамояд. Маълумоти муфассалро дар бораи ҳуҷҷатҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ Шумо метавонед аз бахши  «Тартиби қабул»  пайдо намоед.