Бо нияти нек, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан масъулиятро иҷро намуда, қонуниятро таҳким мебахшем!

         Мундариҷаи суҳбатро маҳз аз суханҳои Сарвари давлат дар ҷаласаи ҳайати васеи мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуда, дар андешаем, ки ин сухан дастури Сардори давлат, ғояи ниҳоят арзишманду волои ахлоқӣ буда, ба афкори хонандаи гиромӣ бетаъсир набуда, мову шуморо ба меҳнати ҳалол ҷасорату ҷавонмардӣ ҳидоят менамояд. Аниқтараш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Яъне ман ҳамчун Роҳбари давлат ва кафили Конститутсия ва ҳар яки шумо ҳамчун роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ дар назди халқи азизи кишвар масъулияти баробар дорем. Фаромӯш накунед, ки иҷрои ин масъулият аз ҳар кадоми мо заҳмати шабонарӯзӣ, фаъолияти содиқонаву софдилона ва муҳимтар аз ҳама, поквиҷдонӣ, дасту дили пок, нияти нек, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, инчунин аз ҳама гуна манфиат боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатӣ ва суботу оромии кишварро мехоҳад»[1].

         Вақтҳои охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмин намудани адлу инсоф, хизмати ҳалолу покиза ба давлат, мустаҳкам намудани реҷаи қонуният диққати ҷиддӣ медиҳанд ва дар чандин ҷаласаву вохуриҳо масъалаи мазкурро мавриди таҳлил ва интиқоди қавӣ қарор дода, дастуру ҳидоятҳо додаанд.

         Саволе ба миён меояд, оё имрӯз нисбат ба дигар марҳилаҳои таърихӣ барои низоми давлатдории мо масъалаи мустаҳкам намудани реҷаи қонуният ва адолати иҷтимоӣ муҳиманд?

         Ҳарчанд ҳуқуқшиносон бар ақидаанд, ки новобаста аз марҳилаҳои гуногуни инкишофи давлат қонунҳо бояд бечуну чаро риоя ва ба иҷро расонида шавад, яъне иҷроиши қонун бар пояи низоми муайян густурда бошад, вале воқеияти ҳол, амалияи таъмин намудани қонуният аз он шаҳодат медиҳад, ки вобаста аз вазифаҳои дар назди давлат истода, ислоҳоте, ки ба ҷо оварда мешаванд, марҳилаҳои гуногуни таърихии инкишофи давлат, ба масъалаи таъмин намудани қонуният муносибат яксон нест. Агар ба фазои ҳуқуқӣ, ҷаласаву чорабиниҳо оид ба ташкили кор аҳамият диҳем, пай бурдан мумкин аст, ки масъалаи таъмин намудани адлу инсоф, қонуният барои ҷомеаи имрузаи мо аз пештар дида рузмарратар гардида истодааст. Масъалаҳои номбарнамуда дар ин марҳилаи таърихӣ барои мо ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Чунки дар Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд халқ таҳти роҳбарии шабонарузӣ ва содиқонаи Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз оромию субот, сулҳу ваҳдатро таъмин намуд, ки барои тиҷорату иқтисодиёт, сохтмон, ободкорию пешравиҳо шароит фароҳам омадааст. Лоиҳаву сохтмонҳои калонтарини аср, ба мисли нерӯгоҳҳои обии барқӣ, роҳҳои байналмиллалӣ, ки Тоҷикистонро на танҳо бо ҳам, балки бо Шарқу Ѓарб, Ҷанубу Шимол пайваст, корхонаву фабрикаҳои саноатӣ, кишоварзиву боғот, мактаб, китобхонаву театрҳо ва садҳо дигар лоиҳаҳои иҷтимоӣ нишонаҳои пешравиҳои мо буда, мӯътадил идома ёфтани он аз мо тақозо менамояд, ки ҳар нафар хоҳ дар оила, хоҳ дар маҳаллаву ҷои кор, новобаста аз он ки чи гуна мансабу вазифаро ишғол намудааст, ба қадру қиммати меҳнати ҳамдигар расида, талаботи қонунро бечунучаро риоя ва иҷро намуда, аз рӯи адлу инсоф, одаму одамгарӣ зиндагӣ намояд, шаъну эътибори давлати миллиамонро, сиёсати созандагии раҳбари сиёсиамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷо оварда, қонунро ба манфиатҳои хусусӣ, гурӯҳӣ, идоравӣ зинҳор истифода накунад. Чунки ҳар навъ сӯистифода аз қонун давлатдориро суст намуда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад ва эътимоди мардумро аз давлат коста мегардонад. Яқин, ки неруи давлат дар волоияти қонун ва адли уст.  

         Ҳамон тавре, ки Президенти муҳтарам дар баромадашон дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи Генералӣ 10 июли соли 2014 қайд намуданд, дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мегардад. Аз ин рӯ, дар ин марҳилаи таърихӣ, дар замоне, ки нав шароити мусоид барои тағйиротҳои куллии иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё карда шуд, дар замоне, ки шахс моҳияти  ҷомеаи озодро фаҳмид, имконияту истеъдод ва қобилияти худро ихтиёрдорӣ карданро дарк намуд, озодии ниҳоят бузургро эҳсос кард, дар замоне, ки давлатҳои намунаи демократияву озодӣ ба хотири бою сарватманд шуданашон ба аъмоли бад ва паст даст заданд, дар чунин давру замон таъмин намудани реҷаи қонуният ва адолати иҷтимоӣ ниҳоят амали зарурист, унсури мустаҳкам намудани давлатдорӣ буда, ниҳоят арзишманду қиммат ба ҳисоб меравад. Ҳеҷ як ислоҳоти куллӣ бе таъмин намудани реҷаи ҷиддии қонуният ба ҳадаф нахоҳад расид. Вале набояд фаромуш кард ва ҷаҳд баҳри он намуд, ки мубориза дар роҳи таъмин намудани қонуният – қонунӣ сурат гирад, вагарна он кӯшишу амал худ ба қонуншиканӣ табдил хоҳад ёфт. Ин нуқта дар маҷлиси дар боло зикргардида аз ҷониби Президенти кишвар хеле хуб барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид карда шуд, ки дар шароити муосир барои ноил гардидан ба ҳадафҳои волои давлати демократӣ, ки дар он инсон тавонад озоду баробар рушд ёбад ва тартиботи ҳуқуқиву волоияти қонун таъмин бошад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти прокуратура бояд фаъолияти худро тавре ба роҳ монанд, ки дастовардҳои истиқлолият ҳифз гардида, риоя ва иҷрои бечунучарои қонунҳо таъмин карда шавад, ки ин дар айни замон як шакли муҳими баланд бардоштани мақоми ҳуқуқ дар ҷомеаи муосир мебошад. Ба маънои дигар, ба андешаи ман дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф, ба мисли Тоҷикистон аз озодии бузург дида, интизому қонуният муҳимтар мебошад.

         Солҳои охир нисбат ба мақомоти прокуратура ҳусни таваҷҷӯҳ зиёд гашта, ҳатто Сарвари давлат дар ҷаласаи ҳайати васеи мушовараи Прокуратураи Генералӣ ширкат намуда, масъулияти прокурорҳоро оид ба таъмин намудани волоияти қонун, таҳкими қонуният махсус таъкид карданд, сабаб дар чӣ буд? Дар ҳама давру замон, вақте ки сухан дар бораи таъмин намудани қонуният меравад, муносибат ба мақомоти прокуратура ҳамин гуна махсус буд ва боқист. Ҳатто бо чунин муносибати махсус ҳануз дар замони Пётри 1 мансаби Генерал прокурор таъсис дода шуда буд. Таъсиси мақомоти прокуратураи Россияи подшоҳӣ ба замони ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, ки аз ҷониби Пётри 1 дар аввали асри 18  гузаронида шуд, мувофиқ омада буд. Чунки дар замони ислоҳот корҳои зиёд бо гардиши маблағи зиёд ба роҳ монда шуда, дар айни замон ҷинояткорӣ, суиистифодаи мансаб, хазинадуздӣ, порахурӣ зиёд гардида, ин аҳвол талаб менамуд, ки мақомоте, ки бо чунин кирдорҳо мубориза барад, таъсис карда шавад. Нақши муҳимро дар таъсис ва батанзимдарории ҳуқуқии прокуратура фармони Пётри 1 аз 27 январи соли 1722 «Дар бораи мансаби Генерал-прокурор» бозида, ӯро Император чунин ифода намуда буд: «ин рутбае, ки ман таъсис намудам ба мисли чашмони мо ва ғамхори корҳои давлатӣ мебошад».

         Аз ин воқеоти таърихии давлати бо мо дуст, ба асли ҳоли имрузаамон баргардем, пай бурдан мумкин аст, ки сабабу омилҳои муносибати хоса ба мақомоти прокуратура чунинанд:

         – якум, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин шуда, дар фаъолияти худ дар назди онҳо масъул буда, дар бораи вазъи риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон танҳо ба ӯ ва Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда мебошад. Чунин муносибати наздики корӣ, маъмурию интизомии Прокурори Генералӣ бо Сардори давлат ба мақоми он бетаъсир набуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ниҳоят ҷиддӣ зоҳир мешавад;

         – дуввум, вазъи қонуният дар ҷодаи таъмини амнияти иқтисодии давлат, вазъи мубориза бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ, истифодаи самарабахшу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, сатҳи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ боиси нигаронии Сардори давлат гардида, ӯ чунин таъкид намуд: «маблағҳои давлативу сармоягузориҳо, аз ҷумла дар амалисозии лоиҳаҳои муҳими мамлакат ва корҳои сохтмону бунёдкорӣ бояд зери назорати қатъӣ қарор дода шаванд ва дар ин самт бояд чунин шароите ба вуҷуд овард, ки суистифода аз мансаб, коррупсия ва тасарруфи молу амвол тадриҷан ба нестӣ расонида шавад»;

         – севвум, таъиноти назоратии прокуратураро Конститутсияи давлат пешбинӣ намудааст;

         – чорум, вазифаи таъмин намудани волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ маҳз ба зиммаи мақомоти прокуратура гузошта шудааст;

         – панҷум, ин мақомот дар асоси принсипҳое таъсис дода шуда, фаъолият менамояд, ки новобаста аз фарқиятҳои маҳаллӣ, таъсироти идоравӣ ва мансабӣ вазифаҳои худро иҷро намуда тавонад;

         – шашум, ягона мақомоте, ки салоҳияти назорати умумии иҷроиши қонунҳоро аз болои ҳамаи вазорату идораҳо, кумитаву агентиҳо, корхонаву муасисаҳо, ташкилотҳо, ҳизбҳо амалӣ мекунад. Маҳз тавассути соҳаи назорати умумӣ прокурор таъиноти конститутсинии худро оид ба таъмин намудани реҷаи ягонаи қонуният дар тамоми қаламрави кишвар таъмин менамояд. Мавҷудияти назорат унсури таркибии таъмин намудани қонуният мебошад.      

         –  ҳафтум, чунин мақоми ҳуқуқии прокуратура, ки Конститутсияи давлат муайян намудааст ба манфиати шахс, ҷомеаву давлат буда, вай бояд бидуни ҳар гуна андешаву эрод эҳтиром карда шавад;

         – ҳаштум, прокурорҳо бояд хуб эҳсос намоянд, ки ҳурмату эҳтиром аз фаъолияти худи онҳо низ вобаста буда, ба он мақом бояд шоиставу муносиб буд.

         Дар ҷаласаи васеи Шӯрои амният аз 17 феврали ҳамин сол Сарвари давлат аз оғози беасоси парвандаҳои ҷиноятӣ низ боиси нигаронӣ намуданд, чунки оғози парвандаи ҷиноятӣ оқибатҳои ҷиддии ҳуқуқӣ дорад.

         Дар ҷаласаи Шӯрои амният мавриди интиқоди Сарвари давлат қарор гирифтани масъалаи мазкур маънои онро дорад, ки гӯё ҳарчанд ин масъалаи мурофиавист, вале ҳадалимкон дуруст ҳал намудани он ба амнияти кишвар иртиботи бавосита дорад. Аз ин рӯ, шахсони мансабдоре, ки тибқи моддаҳои 145 ва 146 КМҶ салоҳияти оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро дорад, бояд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ амал кунанд. Чунки нисбати шахс оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мақоми мурофиавии ӯро ҳамчун гумонбаршуда муайян намуда, ба мақомоти давлатӣ имконият медиҳад, ки нисбати ӯ ҳар гуна ҳаракатҳои мурофиавӣ, аз он ҷумла чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ, ба мисли ҳабс  ё ба таври маҷбурӣ овардан татбиқ карда шавад. Оид ба ин масъала дар ҷаласа қайд карда шуд, ки дар паси парвандаҳои ҷиноятӣ на танҳо ҳуқуқ ва манфиати як нафар шахси гумонбаршуда, балки аҳли оила, наздикону пайвандони онҳо, обруву нуфузи давлат меистад. Аз ин рӯ, шахсони мансабдоре, ки тибқи моддаҳои 145 ва 146 КМҶ салоҳияти оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро доранд, бояд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намуда, аз доираи салоҳияти қонунии худ берун набароянд. Бояд зикр намуд, ки иҷроиши амиқи ҳар як меъёри КМҶ ҶТ муҳим буда, мурофиа худ тарзи маъруфи аз ҷониби қонунгузор муқарраршудаи ҳимояи ҳуқуқи шахс, манфиати ҷомеаву давлат мебошад. Баъзан меъёрҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки худ камбудӣ дошта, алабатта амалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нуқсондор менамоянд. Мисол, м. 140 КМҶ ҶТ, ки сабаб ва асосҳои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ном дорад, сабаби оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ чун асос муайян шуда, асос таҳияву пешбинӣ нашудааст, ки бояд ислоҳ карда шавад.              

         Бо мақсади таҳкими фаъолияти минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура ва мустаҳкам намудани низоми қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ роҳбари давлат шаш тадбири мушахас пешниҳод намуданд, ки шашуми он ба интихобу ҷобаҷогузории мутахассисони болаёқату баландихтисоси соҳа, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон барои хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани маърифату одоби касбии кормандон ва пешгирии ҳама гуна омилҳои коррупсионӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят кардани онҳо бахшида шудааст.

         Дар ҳамин росто, саволе ба миён меояд. Мусаллам аст, ки кайҳо асоси иқтисодии ҷомеа дигар шудааст, моликияти хусусӣ асоси муайянкунандаи аксарияти муносибатҳо гардидааст, давлат аз давлати зуроварию тоталитарӣ ба давлати демокративу ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфтааст, магар ин ҳама ба тафаккури мардуми мо таъсир накард, ки ҳанӯз касби судяву прокурору милитсия дар назди ҷомеа, волидайн ва довталабон мақоми ниҳоят баланд дорад?

         Агар мо аз ишора ба моликияти хусусӣ – андешаи асоси беҳбудии зиндагии ҳар кас аз молу мулк ва касбу ҳунараш вобастагӣ дорад ва ё аз давлати «зур» – зурии мақомот ва ҳурмату эҳтироми мақомдорони он (судяву прокурору милитсия) гуфтанӣ бошем, пас мо дуруст пай бурдем, ки мардум ба моликияти хусусӣ рӯй овардааст, вале ба мӯҳтарам будани ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ ҳануз эътимоди қавӣ пайдо накардааст, ва ё гумон мекунад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ҳамон ҷомеаест, ки тавассути мақомоти давлатӣ, зурии милитсияву прокурор идора карда мешаваду доштани ин гуна мақому вазифа кифоя аст, ки зиндагии муҳташам дошта бошӣ.  

         Бо чунин андеша ба ин масъалаҳои бунёдӣ – моликияти хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибат намудан иштибоҳ буда, аз мо талаб менамояд, ки дар ин самт кор кунем. Яъне, мо бо гуфтор ва рафторамон бояд эътимоди мардумро ба муҳтарамии моликияти хусусӣ, ба дахлнопазир будани он зиёд гардонем, дуруст талқин намоем, ки дар қатори дигар шаклҳои моликият – моликияти хусусӣ моқоми баробар дошта, ҳифзи ҳуқуқии он кафолат дода мешавад (м.12 Конститутсияи ҶТ), моли инсон ба мисли ҷонаш муҳтарам аст. Чунки дар ҷомеаи озод нақши моликияти хусусӣ калон буда, маҳз таъмин намудани истиқрори тартиботи дахлдори ҳуқуқӣ ва кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати қонунии соҳибмулкон имконият медиҳад, ки иқтисодиёт рушду нуму ёбад, сатҳу сифати зиндагии шахс низ дар заминаи истифодаи моликияти хусусӣ беҳтар гардад, дар чунин шароит шояд як андоза талабот ба касби судяву прокурору милитсия камтар гардида, ҷавонон рӯ ба кор (бизнес) биёранд. Ин танҳо шояд яке аз ангезаҳои интихобу ихтиёр намудани касбҳои соҳаи ҳуқуқшиносӣ бошад.

         Ҷомеаи шаҳрвандӣ – дигар ҷомеаи синфие нест, ки тавассути мақомоти давлатӣ ҳукмронии як синф аз болои синфи дигар таъмин карда шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаест, ки дар он худи давлат чун як унсури ин ҷомеа ва шакли ташкили ҳокимияти омма дониста шуда, ҳамагуна гуна фарқиятҳои миллию нажодӣ, пулию молӣ муҳим набуда, инсон ҳамчун бунёдгузор ва шаҳрванди ин ташкилоти сиёсӣ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ маҳсуб шуда, дар ба ҳаёт татбиқ намудани он нақши ҳалкунанда дорад ва ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ ё динӣ чун мафкураи ягонаи давлатӣ эътироф намешавад, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, онҳо мақсад ва мазмуни ҳамагуна фаъолияти давлатиро муайян намуда, муносибатҳои муҳими ҳокимият бо шахс тавассути меъёри ҳуқуқ ба танзим дароварда шуда, аз ҷониби ҳокимияти судӣ таъмин карда мешавад. Ва ин қоидаҳои маъмули назарияи ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар Конститутсияи мо, хеле густурда мустаҳкам карда шудааст. Дар ҷомеаи  шаҳрвандӣ ҳама хизматчиёни давлатӣ, аз он ҷумла милитсияву прокурорҳо дар хизмати давлат буда, музди кори онҳо аз беҳбудии шароити иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, ки андозсупоранда мебошанду аз ҳисоби онҳо низ буҷети давлат ғанӣ мегардад, вобастагӣ дорад. Гузашта аз ин, – «мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба Ватан ва давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд» мегӯянд,– сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

         Ҳаминҷо бояд таъкид намуд, ки мо бо муносибат, бо фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳтарамии моли инсонро таъмин намоем, ба фаъолияти озоду баробари иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорат шароити васеъ фароҳам орем, дар чунин сурат тавассути афзун гаштани даромади аҳолӣ буҷет низ зиёд гашта, вазъи молиявии мақомот низ баланд шуда, ишғоли вазифа ва мансаб на аз рӯи ҳисси манхоҳиву, «ман зур», муҳташамии мансабу вазифа, обрую эътибори рӯякӣ, балки аз рӯи хизмати содиқона ба халқу ватан, сатҳу сифати хизмат, таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, бехатарии ҷамъиятӣ, кам кардани ҷинояткорӣ, ҳаҷми музди кор сурат мегирад. Дуруст аст, ки хизмати давлатӣ бояд подоши муносиб дошта бошад. Дар ин самт чораҷӯиҳо доимӣ идома дошта, подоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чанд соли охир қариб панҷоҳ маротиба зиёд шудааст. Вале воқеият ҳамин аст, ки дар сектори хусусӣ, алалхусус дар соҳаи тиҷорату савдо, истеҳсолот, сохтмон, хизматрасонӣ музди кор нисбат ба хизмати давлатӣ зиёдтар аст. Аз ин рӯ, агар мо мансабҳои судяву прокурору милитсияро бо нияти дарёфти маблағи иловагии ғайриқонунӣ  ва даромади муфт ишғол намоем, ногузир ба фасод гирифтор шуда,  на танҳо уҳдадориҳои вазифавии худро дуруст иҷро карда наметавонем, балки зиндагиамонро талх намуда, ба қудрату тавоноии давлат зарари ҷиддӣ расонида, вазифаҳоро банд намуда, намегузорем, ки дигарон бо дасту дили пок адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакатро таъмин намоянд. Аз ин назар хулоса чунин аст, ки пеш аз интихоби касб дар мактабу оила мавзӯи интихоби шуғл, паҳлуҳои гуногуни он, аз он ҷумла музди моҳонаи касбҳо ба ҷавонон воқеанигорона, бо эҳтиёт фаҳмонида дода шавад. Роҳи дигари талқин намудани ҳамин воқеият ба ҷавонон хизмати шоиста, фидокорона ва содиқонаи кормандони имрӯзаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Беҳбудии зиндагии мо пеш аз ҳама аз таъмин намудани оромию субот, истиқрори муносибатҳои қонунӣ ва адолати иҷтимоӣ вобастагии зич дорад. Бинобар ин, волидайн, довталаб, ҷомеа, ҳама бояд ба таври қатьӣ итминон дошта бошанд, ки прокурор, судя, муфаттишу милитсия танҳо бар асоси музди меҳнат зиндагонии мӯътадилу хоксорона, ҳалолу покиза доранд.

         Дар ин ҷода сатҳи тайёрии касбии ҳуқуқшиносон муҳим аст. Сатҳи тайёрии касбии ҳуқуқшиносоне, ки имруз мактаби олиро хатм менамоянд, бад нест. Ҳар сол теъдоди зиёди хатмкунандагон бо баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм мекунанд, ҳастанд донишҷӯёне, ки аз атестатсияи давлатӣ гузашта наметавонанд, – ин ҷараёни муқаррарӣ аст. Вале набояд фаромуш намуд, ки макотиби олӣ барои ҳама нест, таҳсилоти олиро интихобшудагон, нафароне сазоворанд, ки истеъдоду қобилият дошта, мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло тамом намуданд ва завқи баланди хониш ва аз худ намудани ихтисосро доранд. Давлат барои онҳо ҳамагуна шароитро фароҳам меорад, бо манзилу идрор таъмин менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод мекунад, ва аз ӯ умед дорад, ки онҳо оянда дар соҳахои гуногуни хоҷагии халқ иқтисодчиву ҳуқуқшиноси хуб, инженеру сохтмончӣ, табибу омузгор шуда, ояндаи дурахшони ин давлату миллатро месозанд. То ба ҳамин солҳо мактаби олӣ ба ҷузъ аз тайёр намудани мутахассис боз таъинотҳои дигари иҷтимоиро иҷро намуд, вале акнун вақте расидааст, ки дар мактаби олӣ мутахассиси рақобатпазири замонавиро ба воя расонем. Аз ин рӯ, оид ба баланд намудани сифати таълим новгониҳои гуногун, ба мисли ба низоми кредитӣ гузаштан, истифода намудани усулҳои фаъоли таълим, тайёр ва паҳн намудани версияҳои электронии лексияҳо, чоп намудани китобу воситаҳои таълимӣ, ба таври васеъ истифода намудани воситаҳои техникии иттилоотӣ, тайёр намудани омузгорони унвондор ва даҳҳо дигар чорабиниҳо андешида шуда истодааст.

         Яке аз чунин чорабиниҳое, ки дар сатҳи давлат роҳандозӣ карда шуд, ин тариқи ММТ қабул намудани довталабон буд. Сатҳи дониши донишҷӯёне, ки тавассути Маркази милли тестӣ қабул шудаанд, дар маҷмӯъ нисбат ба солҳои пешин хуб гардидааст. Чунки лексия, гузаронидани машғулияти семинарӣ, дарсҳои мустақилона, қабули рейтингу имтиҳон нишон медиҳад, ки: – аввал, 15-20 фисади донишҷӯён истеъдоди хуби гуш кардан, таҳлил ва аз худ намудан, хулоса бароварданро дошта, завқи баланди дар дарс иштирок намуданро доранд, нутқи хуб доранд, сухан гуфта метавонанд, ду-се забонро медонанд, бо баҳои хубу аъло семестри аввалро ҷамъбаст намуданд; – дуввум, донишҷӯён аз қишрҳои гуногуни аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул шуданд; – севвум, зимни ҷараёни дарс пай бурдан мумкин аст, ки дониш ва ҷавобҳои иддае аз донишҷӯён  бештар характери қолабӣ-тестӣ дошта, донишҷӯй ба моҳият ва мазмуни масъала дуруст сарфаҳм нарафтаасту ба саволи «барои чӣ», ҷавоб гуфта наметавонад. Бинобар ин, минбаъд ба ММТ зарур аст, ки боз бештар технологияи санҷиши саводу донишро равнақ диҳад, ба донишҳои равиявӣ аз рӯи самту ихтисосҳои гуногун диққати ҷиддӣ диҳад. Вазъи кунунии усули имтиҳони тестӣ тақозо мекунад, ки шояд сабти шифоҳию овозии ҷавоб ба саволҳои моҳиятдор аз аҳамият холӣ набошад. 

         Баҳри беҳбудии сифати таълим ва тарбияи ҳуқуқшиносон коллективи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ солҳои охир корҳои ниҳоят зиёдро ба анҷом расонидааст, аз қабили: – иштироки фаъол дар таҳияи стандарти маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ; – коркарди нақшаи нави таълимӣ; – ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав;          – омода намудани устодони дараҷаи илмӣ дошта; – бо техникаи замонавӣ таъмин намудани ҷараёни дарс; – таъмин намудани донишҷӯён бо версияҳои электронии васоити таълимӣ; – аз чоп баровардани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, тафсири кодексу қонунҳо, сохтмони биноҳои нави таълимӣ, китобхонаву лабараторияҳо ва даҳҳо дигар тарҳу нақшаҳо амалӣ карда шуданд.

         Бо мақсади ба ҳаёт пиёда намудани дастуру супоришҳои Сардори давлат оид ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбия намудани ҳуқуқшиносони болаёқат, ки забони англисиро хуб медонанд, дар асоси супориши Ректори ДМТ проф. М. С. Имомов, бо роҳбарии декани факултети ҳуқуқшиносӣ д.и.ҳ. Э. Насурдинов устодони факултети ҳуқуқшиносӣ барномаеро таҳия намуда, дар он роҳ ва усулҳои рушди факултети ҳуқуқшиносиро барои солҳои 2015-2020 нишон доданд. Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ барои солҳои 2015-2020 аввалин барномаест, ки дар таърихи факултет таҳияву тасдиқ карда шуда, бо маром, давра ба давра рушду инкишофи факултети ҳуқуқшиносӣ дар он нишон дода шудааст. Ин барнома дар ҷаласаи васеи коллективи кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуд, ки тадбирҳои зиёдеро баҳри беҳбуд намудани сифати таълим ва тарбияи ҳуқуқшиносони оянда дар бар гирифтааст.

         Саволе ба миён омаданаш аз эҳтимол дур нест. Магар имтиҳон ба сифати таълим таъсир мерасонад? Оё бе имтиҳон фан ё ихтисоси муайянро ё ҳунари муайянро аз худ намудаву ёд гирифтан мумкин нест? Дар воқеъ мавзӯъ ё фаннеро аз худ намудан мумкин аст, вале бе имтиҳон тахассус ё касберо, ки иҷрои онро қонун бар зиммаи касбдорон мондааст, ба касе бовар намудан амали судманд нест. Бинобар ин, дар низоми маориф зимни аз худ намудани фан имтиҳон проседураи лозима буда, дар нақшаи таълимӣ ва сарбории омӯзгор муайян карда шудааст. Баҳо дар машғулияти семинарӣ, санҷиш ва имтиҳон шаклҳои гуногуни мониторинги дониши андухта буда, савияи дониш аз ҷониби устод, мутахассиси соҳа санҷида шуда, аз рӯи ҷадвали панҷхола баҳогузорӣ карда мешавад. 

         Дар имтиҳонҳои ҷорӣ дониши донишҷӯй пеш аз ҳама маҳз аз ҷониби устоди ӯ санҷида шуда, дар сурати норизо шудан дар ҳайати комиссияи имтиҳонӣ ва ҳангоми хатм аз ҷониби КАД бояд санҷида шавад. Аппелятсия чун зинаи ҳатмии шикоят муайян карда шуда, бояд тақвият дода шавад, то ҳар як донишҷӯи норизо тавонад ҳаққи худ ва адолатро талаб намояд.

         Дар ҷомеа тақсимоти ҷамиятии меҳнат ба роҳ монда шуда, имтиҳон ин ҷузъи таркибии мақоми вазифавии устод буда, бояд одилона ва воқеанигорона аз ҷониби ӯ сурат гирад. Вагарна дар сурати иштироки номиналии омӯзгор дар имтиҳон, ӯ аз ин ҷараён дур шуда, ба вазъи ҳуқуқии ӯ ҳамчун субъекти фаъоли таълим мутобиқат намекунад ва ин ҳолат ногузир уро аз субъекти фаъол ба субъекти ғайрифаъол табдил медиҳад.

         Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, масалан дар замони шуравӣ  муносибат ба ҳамин масъала яксон набуд. Дар он давра моликият ҷамъиятӣ буда, ҳамаи корҳо аз нуқтаи назари манфиати ҷамъияту давлат, манфиати коллектив ҳаллу фасл карда шуда, руҳияи дастаҷамъонаи корҳо бештару афзалтар буда, ҳамаи кор, аз он ҷумла шурӯъ аз боғчаи бачагон, мактаби миёна, мактаби олӣ, бо кадр таъмин намудани корхонаву муассисаву ташкилот ва мақомоти давлатӣ аз рӯи нақшаи давлатӣ буд. Мактаббачагон дар овони мактабхонӣ медонистанд ва эътиқоду боварии комил доштанд, ки агар хуб хонӣ ҳатман ба мактаби олӣ дохил мешавӣ ё донишҷӯён медонистанд, ки мактаби олиро хуб хатм намоӣ ҳатман ба кор тавсия мешавӣ.

         Дар замони муосир дар давлати демокративу ҷомеаи озод шароит комилан дигар аст. Ҷавонони мо имрӯз, аз як тараф хеле пешрафта буда, фаъолияташон, зиндагиашон серпаҳлу мебошад. Баъзе аз ҷавонону наврасони имрӯза дар овони мактабхониашон дар озмунҳои гуногуни илмию таълимӣ иштирок намуда, якчанд забони хориҷиро медонанд, то ҳатто дар мактабҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Дар ҳамин рузҳо аз Тоҷикистон зиёда аз 2000 толибилм шояд дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил намоянд. Аз дигар тараф, наврасону ҷавононе ҳастанд, ки ба тиҷорату савдо ва ё дар истеҳсолот машғул буда, кори худро аллакай ба роҳ монда, дар зиндагии мақомои худро ёфта, муваффақ ҳам гаштаанд. Ин талаботи ҷомеаи озод аст. Ҷомеаи озод тақозо менамояд, инсонҳо низ озод бошанд. Дар шароити ҷомеаи озод андеша, тафаккур, шахс озод буда, на ҳамеша аз ҷониби қонун ҳама паҳлуҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ ба танзим дароварда мешавад. Мисол, дар замони шуравӣ, агар талаботи давлат дар як сол 50 нафар ҳуқуқшинос буд, ҳамин 50 нафар қабул карда шуда, маблағгузорӣ мешуд ва аксарияти онҳо ба кор бо роҳхат таъмин карда мешуданд. Имрӯз ҳарчанд талаботи воқеии давлат ба кадри ҳуқуқшинос шояд андаке аз 100 нафар зиёдтар бошад, вале чун қоида ва аз рӯи зарурат дар гуруҳҳои шартномавӣ теъдоди зиёдтари донишҷӯён қабул карда мешавад, то ки музди кори омӯзгорон ва шароити дурусти таълимӣ ба донишҷӯён таъмин карда шавад.

         Дар миёни шумораи зиёди хатмкунандагон, ки ҳама ниёзманди ҷои коранд, оид ба дарёфти он муборизаҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваста, то ҳатто ин ҳолат ба ҳар гуна дахолаткунӣ ба кори ҷобаҷогузории кадрҳо оварда расониданаш аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, Сардори давлат ба таври ҷиддӣ таъкид намуданд, ки бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории мутахассисони болаёқату баландихтисоси соҳа, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон барои хизмат дар мақомот, баланд бардоштани маърифату одоби касбии кормандон ва пешгирии ҳама гуна омилҳои коррупсионӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят кардани онҳо тадбирҳои мунтазам андешида шавад. 

         Бо мақсади ҳадалимкон иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 феврали соли 2015 аз ҷониби Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. А. Раҳмонов фармоне ба тасвиб расонида шудааст, ки мувофиқи он ба мақомоти прокуратура дар оянда ба воситаи тақсимот бе мамониат ба кор қабул намудани хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносӣ иброз карда шудааст. Чунин муносибат ба талаботи банди 3-ми Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки аз 20 майи 2009 сол Президенти кишвар тасдиқ намудааст, мувофиқ буда, ҳавасмандиву боварию эътиқоди донишҷӯёнро ба хониш ва натиҷаву ҷамбасти он зиёд мегардонад. Савол ба миён омаданаш мумкин аст, ки оё дигар бо роҳи озмун  ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда намешавад?

         Дар оянда бо роҳи озмун  ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешавад. Чунки мувофиқи м. 18 Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ бо роҳи озмун сурат мегирад. Вале тибқи б.з Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ мутахассиси ҷавон бидуни озмун дар асоси роҳхат ба кор қабул карда мешаванд. Тибқи м. 18 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратура дар ҶТ» прокуратура мақомоти ягонаи марказонидашудае буда, онро Прокурори Генералӣ сарварӣ мекунад, масъалаи ба кор қабул ва аз он озод кардан сирф ба салоҳияти истисноии у мансуб аст. Дар сурати пайдо шудани ҷойҳои холӣ у метавонад ҳар ду роҳро истифода кунад. Ҳамин ҳоло, Прокурори Генералӣ яке аз ду роҳи асосии қабул ба кор дар мақомоти прокуратураро, яъне дар асоси роҳхат чун мутахассиси ҷавон бидуни озмунро пешаву иброз намудааст. Дар фармон омадааст, ки дар оянда ба воситаи тақсимот бе мамониат ба кор қабул намудани хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон ҳамчун як роҳи баланд бардоштани ҳавасмандгардонии хониши хубу аълои донишҷӯён дониста шудааст.

Вазъи хуби адолати иҷтимоӣ ва қонуниятро дар ҶТ ҳар яки мо дар ҷои худамон худ таъмин менамоем. Чунки адолати иҷтимоӣ мафҳуми васеъ буда, дар таъмину ҷорӣ намудани он ҳама, шурӯъ аз оилаву коллектив то суду дигар мақомоти давлатӣ иштирок менамоянд. Вазъи адолати иҷтимоӣ дар ҷамъияти мо аз мову шумо вобастагӣ дорад. Мисол, агар мо нисбат ба майдатарин амали ноодилона, қонуншикание, ки вомехурем беъэтиною бепарвоӣ зоҳир намоем, бигзор хеле пассив бошад ҳам ба он таъсир нарасонем, аз қонуншикание, ки бо мо рух медиҳад бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ накунем, касе ҳаққи моро аз пеши худ ба мо оварда намерасонад.

         Мо бояд ба қадри оромиву сулҳу субот ва таъмини соҳибихтиёрии давлатамон расем ва ҳама чун як тан дар меҳвари сиёсати созандагии  Сардори давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавем.     Ба мо лозим аст, ки ҳар кас дар ҷои худаш бо дасту дилу пок вазифаашро дар сатҳи хуб ба иҷро расонад, қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро кунад, боварии комил дорам, ки ояндаамон аз ин ҳам хубу беҳтар хоҳад шуд. 

Профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ,

доктори илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ З.Ҳ. Искандаров.


[1] Эмомали Раҳмон. Маърӯза дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10. 07. 2014 сол, соати 12:49, ш. Душанбе, сайти расмии  Президенти ҶТ www.president.tj.