Бо ҳамин ном мақолаи Мунаввари Сафар дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 23.01.2015 №16 (22578) рӯйи чоп омад. Дар мақола муҳтавои ҷаласаи васеи ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ аз 27.12.2014 дар мавриди боло бурдани савияи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии донишҷуён, такмил додани сатҳу сифати таълим, ворид намудани усулҳои фаъол дар раванди таълим ба қалам дода шудааст. Мавсуф бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласа ва суханронии устодони ин боргоҳи илму маърифат, азму талош ва кӯшишҳои устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар самти омода намудани мутахассисони болаёқат, рақобатпазири бозори меҳнат, ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ ва ватандӯсту худогоҳ тадбири саривақтӣ ва амри нек меҳисобад.
Барои пайдо намудани маълумоти муфассал хонандагони арҷманд метавонанд аз нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» ё тариқи cомонаи интернетии www.jumhuriyat.tj истифода намоянд.