Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 74-умин солгарди пирӯзи бар фашизм «Рӯзи ғалаба» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек ҳусни оғоз ёфт. Муҳтарам Раҳмон Д.С. нахуст меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии мазкурро ба муносибати солгарди ин ҷашни ниҳоят бузург «Рӯзи ғалаба» самимона табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки «Мо дар арафаи рӯзҳои хело саид қарор дорем, рӯзи ғалабаи некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар торикиву зулмот, рӯзи ғалабаи собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ бар Олмони фашистӣ». Декани факултет таъкид доштанд, ки тасмими факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба хотири гиромидошти руҳу ҷони фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, ки дар ин муҳориба иштирок намуданд ва ба хотири бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, арҷгузори ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон равона гардидааст.
Бояд иброз дошт, ки дар кори чорабинии мазкур собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва намояндагони Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Яке аз иштирокчиёни бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳалимов Ҳайдар аз ҳаёту фаъолияти худ ба сифати иштирокчии ин муҳорибаи азим сухан ронда, ҷавононро ба ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Ҳамчунин дар кори чорабинии мазкур Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Аслонов Маҳкам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъд аз суханронии декани факултети ҳуқуқшиносӣ муҳтарам Раҳмон Дилшод Сафарбек ва меҳмонони чорабинии мазкур маҳфили фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни факултет кори худро шурӯъ намуд. Дар маҳфили фарҳангӣ перомуни хизматҳои шоистаи фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ анҷом доданд, наворҳои воқеӣ ба аҳли нишаст намоиш дода шуд. Маҳфили фарҳангии донишҷӯён хотири иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро шод гардонид.
Дар анҷоми кори чорабинӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек бори дигар меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро ба «Рӯзи ғалаба» самимона муборакбод намуданд.