Санаи 18-уми майи соли 2017 Қодиров Далер Сайфуллоевич, ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи ба номи О.Е.Кутафини шаҳри Москва рисолаи номзадиашро дар яке аз риштаҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мубрам – криминалистика зери роҳбарии профессор Е.П. Ищенко сарбаландона ҳимоя намуд.
Мавзӯи рисола «Хусусиятҳои тафтиши ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҶТ» низ барои кишвари мо мубрам ва рӯзмарра буда, дар рушди ин соҳа саҳми худро хоҳад гузошт.
Аз ин рӯ, садорат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Қодиров Далер Сайфуллоевичро бо ин муваффақияташ табрик намуда, ба ӯ дар ҷодаи илм ва касбу кор дастовардҳои беҳтарин ва фатҳи қуллаҳои баландро орзу менамоянд.
Бигзор кабутари иқболаш дар фазои илмӣ ҳамеша баландпарвоз бошанд. Мо бо ту ифтихор дорем, Далер!
P.S.: Ногуфта намонад, ки баъди солҳои 70-уми асри 20 Қодиров Далер Сайфуллоевич яке аз нахустин нафаронест аз Тоҷикистон, ки дар риштаи мазкур рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд.