Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид ва роҳнамоӣ намудаанд, ки «Таъсис ёфтани парламенти думаҷлиса дар сохтори давлатдории мо дигаргунии бунёдӣ мебошад ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ имрӯз ба яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми қонунгузории кишварамон табдил ёфтаааст. Зеро мутобиқи Конститусия аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шудани қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон кафолати муҳими қабули қонунҳои мукаммал, босифат ва ҷавобгӯ ба манфиати мардум мебошад».
Дар идоракунии давлатӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Дар ин замина, кишвари мо дар марҳилаи тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Заминаи ҳуқуқии соҳаҳои гуногуни идоракунии давлатӣ дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст, ки сарчашмаи асосии онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст.
Мавқеи Маҷлиси Олӣ дар моддаи 9 Конститутсия ҳамчун таҷзияи ҳокимияти қонунгузор мустаҳкам карда шудааст. Ҳамзамон, Маҷлиси Олӣ–парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар моддаи 48 Конститутсия таҷасум ёфтааст. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол муқаррар гардида, ваколати онҳо дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
Албатта, дар Конститутсия масъалаҳои фаъолияти Маҷлиси Олӣ мушаххас буда, ҷиҳати танзими идоракунии давлатӣ қонунгузории соҳавии қабул гардида, амал менамояд.
Дар ин замина, бо мақсади ташкил намудани фаъолияти пурсамар ва гиромидошти Маҷлиси Олӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 апрели соли 2000, №1 қабул гардидааст, ки вазъи ҳуқуқии онҳоро муайян ва истифодаи онро дар ҷумҳурӣ танзим менамояд.
Тибқи моддаи 1 Қонуни мазкур Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ҶТ мебошад. Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқ сухан гуфтан доранд.
Инчунин, дар асоси моддаи 2 Қонуни мазкур Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд.
Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти ҶТ таъин мекунад. ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар e аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.
Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат мебошад, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Тартиби интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамоянд.
Ҳамзамон, дар доираи моддаи 21 Қонуни мазкур муқаррар шудааст, ки Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Дар баробари ин, мувофиқи моддаи 22 Қонуни мазкур Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолат, шаффофият, ошкорбаёнӣ ва дастаҷамъӣ ба роҳ мемонад.
Инчунин, бо мақсади ташкил намудани фаъолияти пурсамар ва гиромидошти Маҷлиси Олӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 августи соли 2011, №43 қабул гардидааст, ки вазъи ҳуқуқии онҳоро муайян ва истифодаи онро дар ҷумҳурӣ танзим менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои назараст дар қонунгузорӣ ба миён омада, таҳия, қабул ва рушди қонунгузорӣ аз ҷониби мақоми Олии қонунгузор, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида истодааст.
Ҳозирини арҷманд, қонунгузории дар боло зикршуда ҳуқуқ, вазифа, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.
Паёми Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими мақомоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар он моҳияти идоракунӣ ва дурнамои ояндаи давлатдорӣ таҷассум ёфтааст. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат таҷлил карда мешавад, аз ин рӯ, соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. Дар ин замина 30 декабри соли 2023, №668 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» батасвиб расидааст.
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат ташаббуси навини ҷаҳонии Тоҷикистон СОЛИ 2025 дар Маҷмуаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро пешниҳод намудаанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки таҳлил ва муқоисаи қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва байналмилалиро ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ кишвари худро муаррифӣ намоем.
Яке аз рукнҳои идоракунии давлатӣ ин қабули қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, зеро шаҳрвандон ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа мебошанд. Дар идоракунии давлатӣ нақши вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабули қонунгузорӣ назаррас мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат оид ба охир расидани муҳлати фаъолияти вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи навбатӣ дар соли 2025 масъалагузорӣ намудаанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 2 марти соли 2025 таъин карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумщурии Тоыикистон бо масъулияти баланд ва иродаи худ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, соҳибихтиёрии давлат ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар дар интихоботи дарпешистода иштирок намуда, номзади худро интихоб намуда, саҳми арзандаи худро дар идоракунии эъмори давлатдорӣ мегузоранд. Чунин амалҳои неки шаҳрвандон ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарҳуқуқӣ, амнияти миллӣ ва ҷомеаи адолатпарвар дар рушди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мусоидат менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки натиҷаи фаъолияти пурсамари Маҷлиси Олӣ дар асоси таҳлил, омӯзиши санадҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, мураттабсозии қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, милликунонии қонунгузорӣ ва ғайра ба роҳ мондашуда, рушди қонунгузорӣ таъмин карда шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат зиёда аз 426 қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида; қонунҳои конститутсионӣ; кодексҳо ва қонунҳои соҳавӣ қабул гардидаанд, ки заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро фароҳам овардааст, ки саҳми Маҷли Олӣ назаррас мебошад.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаи мазкур аз соли 1989 то соли 1991 Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз соли 1992 то соли 1994 Ахбори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1995 то инҷониб Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки зиёда аз 556 қисмро дар бар гирифта, аз 174 адад иборат мебошад.
Ҳамватанони арҷман, мо дар арафаи Рӯзи Парламент – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 – сентябр қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода бурда ба Шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно дорем.
Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода
номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ