Яке аз бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар тӯли амали зиёда аз 23 сол ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми беназир дорад.
Бо мақсади таҷлили ин санаи фараҳбахш ва санади таърихӣ рӯзи 01.11.2017 дар заминаи кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқи конститутсионӣ дар замони муосир» бо иштироки доираи васеъи омӯзгорону олимон, кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аспирантону муҳаққиқон, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 23-юмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин дар хусуси аҳамияти баргузории конференсияи мазкур гузориш доданд. Аз ҷумла иброз намуданд, ки татбиқи Конститутсия дар амал нишон дод, ки воқеан ҳам ин санад аз ҷониби мутахассисони варзида ва коршиносони соҳа таҳия гардида, меъёрҳои он барои ояндаи дур низ хизмат карда метавонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои пешқадами ҷомеаи башар, ченаку стандартҳои байналмилалӣ, таҷрибаи пешқадами кишварҳои олам ва манфиатҳои миллии мардуми Тоҷикистон таҳия ва қабул шуда, ба ифтихори ҳар як шаҳрванди меҳанпараст табдил ёфтааст. Ин маҳсули фаъолияти чандин комиссия ва гурӯҳҳои корӣ буда, дастоварди бузурги миллии мо маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин дар кори конференсия Сардори Раёсати илм ва иноватсияи ДМТ, номзади имлҳои ҳуқуқ, дотсент Қурбонализода Нурулло иштирок ва вобаста ба мавзӯи баррасишаванда андешаву назари хешро иброз намуд.
Сипас, аз рӯйи рӯзномаи барномаи конференсия маърӯзаҳои устодони факултет, олимон ва намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ шунида шуд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърузаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Дар музокира табодули афкори судманди ҳозирин ва маърузачиён сурат гирифт.
Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти иштирокчиёни конференсия фурсати муносибро истифода намуда, андешаю назари хешро оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда баён намуданд.
Дар охир таъкид карда шуд, ки Конститутсияи кишвар тамоми орзуву ормон ва ҳуввияти озодихоҳиву озодиандешии мардуми тоҷикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагонии босаодати ҳар фард заминаи мусоидро фароҳам овард. Ҳамзамон қабули Конститутсия заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилиро дар самти таҳия ва қабули қонунҳои нави ҷавобгуй ба талаботи замон, таҷассумгари манфиатҳои миллӣ ва таҷдиду азнавсозии мақомоти давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои ҳуқуқмуҳофизавӣ бунёд гузошт. Маҳз ба хотири таъмини рушди бемайлони давлатдории миллӣ, мувофиқ кунонидани қонунгузории миллӣ ба ченаку стандартҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароитҳои арзандаи зиндагонӣ барои ҳар як фард, рушди устувори иқтисоди миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионии давлат, таъмини амнияти давлат ва мудофиаи мамлакат солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ баргузор гардид. Ҷойи ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи фарогирии беҳтарин арзишҳои ҳукуқии ҷомеаи башар ва суннату арзишҳои миллӣ аз назари коршиносон яке аз Конститутсияҳои беҳтарини олам эътироф шудааст.