Дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид!

    Рӯзи 25.11.2016 дар заминаи кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ислоҳоти қонунгузории мурофиавӣ ва фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ» баргузор гардид. 

   Боиси сарфарозист, ки дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, вакилони мардумӣ, судяҳо, прокуророн, муҳаққиқон, аспирантон, мутахассисони варзидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, доираҳои академӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд. Кори конференсия бо оғозсухани декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ифтитоҳ ёфта, сипас дар қисмати пленарии он суханони ифтитоҳии муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадов С.М.; вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сафарзода Б.А. ва мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Маҳмудов И.Т. шунида шуд.

    Зимни ироаи сухани ифтитоҳии хеш декани факултети ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Д.С. ҳузури мубораки ҳамаи иштирокчиёнро ба кори конференсияи байналмилалӣ хайру мақдам гуфта, ба Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ барои мусоидат, дастгирӣ ва ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатҳи баланд изҳори сипос намуд. Ҳамзамон мавсуф бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки  давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба як маркази асосии баргузории ҳаммоиш ва чорабиниҳои илмии сатҳи баланд табдил ёфтааст. Баргузории конференсияи имрӯза дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ислоҳоти қонунгузории мурофиавӣ ва фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ» дар заминаи кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ бори дигар далели равшани ин гуфтаҳост.

    Дар баромади худ муовини ректори ДМТ оид ба илм, профессор Сафармамадов С.М. миннатдорӣ ва самимияти бепоёни хеш ва Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  ба ҳозиринбарои пазироии даъват ва иштирокашон  дар кори конференсия иброз намуда, барояшон  тансиҳатӣ, рӯзгори босаодат, хушҳоливу хушрузӣ ва ба кори конференсия фаъолияти босамар ва бурдбориро таманно намуд.

    Сипас кори конференсия аз рӯйи барномаи кории таҳияшуда оғоз шуда то соати 16.00 идома ёфт. Тамоми маърӯзачиён имкон пайдо намуданд, ки андешаву назар ва тавсияву таклифҳои судманди хешро оид ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мавриди назар иброз намоянд. Дар баробари донишмандону олимони ватанӣ, ҳамзамон дар конференсия мудири кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, адолати судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москав ба номи М.В. Ломоносов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Головко Леонид Витальевич   иштирок ва бо маърузаи илмӣ баромад намуд.

    Дар умум дар конференсия муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҳуқуқии кишвар, аз қабили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди қонунгузории мурофиавӣ, ҳокимияти судӣ, адолати судӣ, назорат ва фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти адвокатӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зимни маърӯзаҳои хеш баромадкунандагон қайд намуданд, ки  баъди касби истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои муносиби рушду такмили қонунгузории мурофиавӣ ва фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ба миён омаданд. Аз ҷумла дар заминаи амалисозии ислоҳотҳои конститутсионӣ, ҳуқуқӣ ва судӣ дар Тоҷикистон заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкилии инкишофи ҳокимият ва низоми судӣ,  фаъолияти прокурорӣ ва ҳуқуқмуҳофизавӣ бунёд гузошта шуданд. Дар заминаи амалишавии барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон тамоми қонунгузории мурофиавӣ аз нав таҳия ва қабул карда шуданд. Ҳамзамон қонунҳои нав оид ба фаъолияти судҳо, адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ қабул гардиданд. Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионии соли 2016 ба як қатор қонунҳо тағйиротҳо ворид карда шуданд. Ҳамаи ин амалҳо аз он гувоҳи медиҳанд, ки рушди қонунгузории мурофиавӣ ва фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ дар шароити кунунӣ сатҳи навро касб намудаанд.

     Зимни музокираҳо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт.

    Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори конференсия барои такмили низоми ҳуқуқии кишвар аз ҳар ҷиҳат муфид ва самарабахш хоҳад буд. Пас аз анҷоми кори конференсия зимни қабули қатънома қарор карда шуд, ки таклифу тавсияҳо ва пешниҳодҳои илман асосноку судманд ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунанда ба сохторҳои дахлдор ирсол карда шавад.