Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки кулли устодон ҷаласаи васеи Шӯрои олимон баргузор гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа танҳо ду масъала мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифт. Масъалаи аввали рӯзномаи ҷаласа ба аҳамият, омӯзиш ва мавриди иҷро қарор додани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бахшида шуда буд.
Оид ба масъалаи мазкур декани факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсент Э.С Насурдинов, мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ, дотсент Раҷабов М.Н., муовини декан оид ба илм, дотсент Қ.Б. Қурбонов, омӯзгори ҳамкори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, н.и.ҳ. Ализода Зариф баромад намуда, дар хусуси аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва барномавии рушди соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар гузориш манзур намуданд. Аз ҷумла таъкид намуданд, ки омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун воҳиди таркибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи пешбари илмӣ-таълимии кишвар бояд дар амалишавии ҳадафу маромҳои дар Паём ироашуда, масъулиятшинос бошанд.
Муҳокима ва қабули «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» масъалаи дуюми рузномаи ҷаласаи Шӯрои васеи олимони факултетро ташкил медод. Оид ба масъалаи мавриди назар, масъули садорати факултет, роҳбари гуруҳи корӣ, н.и.ҳ., дотсент Х.М. Гафуров гузориши муфассал манзур намуд. Сипас бахши саволу ҷавоб баргузор гардид. Дар музокира доир ба масъалаи мазкур пешниҳоду тавсияҳои судманд иброз карда шуданд. Аз ҷумла, дар робита ба ин масъала профессори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ А.Ѓ. Холиқзода, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ н.и.ҳ., дотсент А.Д. Ѓафуров, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дотсент Х.О. Ойев, омӯзгори ҳамкори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ н.и.ҳ., Зариф Ализода назару андешаи худро баён намуда, қабули чунин санади муҳими бунёдиро барои рушди минбаъдаи факултет иқдоми саривақтӣ ва амали нек арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин дар хусуси такмилу тақвияти роҳу усулҳои амалишавии «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дастуру ҳидоятҳои мушаххас иброз намуда, пешниҳод намуданд, ки қабули лоиҳаи Барнома пазироӣ карда шавад.
Дар интиҳои ҷаласа бо дастгирии якдилонаи омӯзгорон ва аъзоёни Шӯрои олимони факултет лоиҳаи «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ҷонибдорӣ шуда, барои қабул ва тасдиқ ба Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод ирсол карда шуд.