Садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо андуҳи зиёд хабар медиҳанд, ки дар синни 73-солагӣ қалби яке аз шахсиятҳои барҷастаи илми ҳуқуқшиносӣ, олими варзида, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ Менглиев Шомурот Менглиевич аз тапидан боз монд.
Дар воқеъ саҳми устоди равоншод Менглиев Шомурот Менглиевич дар ҷодаи тарбияи мутахассисони болаёқати ҳуқуқшинос, кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва корҳои илми таҳқиқотӣ беназир буда, барҳақ яке аз асосгузорони илми ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ва кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳисоб мерафт. Марҳум муаллифи беш аз 200 корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ буда, таҳти назари он кас беш аз 15 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд.
Аз ин рӯ, садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабари марги устод Менглиев Шомурот Менглиевичро бо андӯҳи зиёд дарёфта, ба пайвандон, хешу ақрабо, шогирдон ва наздикони марҳум изҳори тассалият ва ҳамдардии самимӣ баён намуда, аз даргоҳи Яздони пок барои онҳо сабри ҷамилро хоҳонанд.
Корҳои нек, амалҳои шоиста, хизматҳои самимӣ ва асарҳои безаволаш марҳум Менглиев Шомурот Менглиевичро миёни шогирдону ҳамкасбон ҷовидона нигоҳ медоранд.
Ба ин маънӣ бузургони мо бамаврид ишора кардаанд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ Менглиев Шомурот Менглиевич