Садорати факултет, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабари марги олими варзида, яке аз шахсиятҳои маъруфи адабиёти муосири тоҷик ва муннақиди барҷаста Соҳиб Табаровро бо андӯҳи зиёд дарёфта, ба пайвандон, хешу ақрабо, шогирдон ва наздикони марҳум изҳори тассалият ва ҳамдардии самимӣ баён намуда, аз даргоҳи Яздони пок барои онҳо сабри ҷамилро хоҳонанд.
Дар воқеъ Соҳиб Табаров ҳамчун олими намоён ва донишманди варзида солҳои 40 – 50-уми қарни гузашта ба арсаи адабиёт гомҳои устувор гузошта, оид ба мавзӯҳои алоҳидаи адабиёти советӣ ва муосири тоҷик силсилаи асарҳои арзишмандеро ба табъ расонидааст. Ҳамзамон мавсуф дар тарбияи шогирдон, ходимони барҷастаи илмӣ ва кадрҳои баландихтисоси миллӣ саҳми намоён гузошта, аслан ба ҳайси муннақид дар доираҳои илмӣ-адабии дохил ва хориҷи кишвар шӯҳрату эътибор пайдо карда буд.
Корҳои нек, амалҳои шоиста, хизматҳои самимӣ ва асарҳои безаволаш марҳум Соҳиб Табаровро миёни шогирдону ҳамкасбон ҷовидона нигоҳ медоранд.
Ба ин маънӣ бузургони мо бамаврид ишора кардаанд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.