ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН – САРМОЯГУЗОРӢ БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши ҳалкунанда доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳиммияти насли ҷавон, дар ҳама давру замон ба масъалаи дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳолати мазкурро дар қабули қонунҳо, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, консепсияҳо, амалисозии нақша чорабиниҳои дахлдор ва дастгирии давлатии ҷавонон дидан мумкин аст ва ин далели равшанӣ ин сиёсати ҷавонпарварона мебошад.

Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа, ояндаи миллат ва такягоҳи давлатдорӣ дар маркази сиёсати давлатӣ қарор доранд. Дар Тоҷикистон, ки беш аз 70 фоизи аҳолии он шахсони синни то 30-солаанд, насли ҷавон яке аз сармояҳои бузурги миллӣ маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, таҳия ва татбиқи сиёсати мукаммалу муназзами кор бо ҷавонон на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти умумиҷамъиятӣ мебошад.

Ҷавонон насли ояндасози ҳар як миллатанд. Онҳо ҳамчун неруи пешбаранда ва такягоҳи давлат, бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор гиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба як рукни муҳимми рушди миллӣ табдил ёфтааст.

Ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, дар замони бисёр ҳассоси таърихӣ, Пешвои миллат ба қишри ҷавонон бо чашми умед нигариста, неруи бузурги ин табақаро дар бунёди давлат ба ҳисоб гирифтанд. Қабули Қонуни аввалин «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» соли 1992 (танҳо 6 моҳ пас аз истиқлолият), ки яке аз аввалинҳо дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ буд, худ далели ин сиёсати дурбинона маҳсуб меёфт.

Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пайгирии хирадмандона ва некбинона сиёсати давлатии ҷавононро ба сатҳи стратегӣ расонидаанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (2021) ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026 аз намунаҳои равшани ин сиёсати бунёдгаро маҳсуб меёбанд.

Дар замони муосир нақши насли ҷавон дар рушди давлатдорӣ, илм, фарҳанг ва иқтисоди миллӣ беш аз пеш афзоиш ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ то имрӯз бо сиёсати ҷавонпарваронаи худ, ҳамеша пуштибони қишри ҷавон буда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва маънавӣ фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат иброз менамоянд, ки «мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».

Фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои муассир барои худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, имрӯз яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон аз муҳимтарин иқдомҳои давлату Ҳукумат мебошад, зеро ҷавонон на танҳо нерӯи фаъоли ҷомеа, балки омили асосии таъмини рушди устувори кишвар маҳсуб меёбанд. Бояд қайд намуд, ки моҳияти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар он зоҳир мегардад, ки тарбияи онҳо дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ бояд ба таври мақсаднок амалӣ гардад.

ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОҲАИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пайгирона ва ҷавонпарварона тавонистанд, ки ҷавононро ба як неруи созандаи ҷомеа табдил диҳанд. Ҷавонон имрӯз на танҳо ояндаи давлат, балки ҳозираи фаъоли ҷомеа мебошанд. Дастгирии Пешвои миллат намунаи барҷастаи сиёсати хирадмандонаест, ки ҷавононро ба сӯи рушди устувори Ватан раҳнамун месозад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон». Бо ташаббуси Пешвои миллат ин қонун соли 2004 қабул шуда, баъдан такмил ёфт. Он заминаи ҳуқуқии фарогирро барои амалисозии сиёсати ҷавонпарварӣ фароҳам намуд.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид. Дар ин сол даҳҳо барнома, лоиҳа ва ташаббусҳои ҷавонон амалӣ шуда, таваҷҷуҳ ба онҳо дар сатҳи миллӣ хеле боло рафт. Дар баробари ин, барои донишҷӯёни болаёқат ва навовар, Президенти кишвар стипендияҳои махсус таъсис доданд, ки то имрӯз садҳо нафар аз он баҳра мебаранд.

Ҳамасола ташкил ва баргузор шудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» самараи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Ин озмунҳо бо ҳадафи рушди маънавиёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифат, донишандӯзӣ ва ҳавасмандсозии ҷавонон ба китобу илм роҳандозӣ гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст» барои ташаккули фарҳанги мутолиа, эҳёи анъанаи китобхонӣ ва таҳкими ҳисси худшиносӣ мусоидат менамояд. Ин озмун таваҷҷуҳи хосаи ҷавононро ба арзишҳои миллӣ, таъриху адабиёт ва забони тоҷикӣ ҷалб менамояд ва имконият медиҳад, ки истеъдодҳои нав кашф шаванд. Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бошад, ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ равона шуда, барои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва афзоиши сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ замина мегузорад. Иқдоми мазкур ҷавобгӯи талаботи рушди кадрии соҳаҳои муҳим ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии насли нав мебошад.

Барномаҳои махсус ва фондҳои рушди ҷавонон. Пешвои миллат таъсиси Маркази миллии тестӣ, Маркази ҷумҳуриявии «Ҷавонон», Литсейҳо ва коллеҷҳои инноватсионӣ, инчунин Маркази миллии бозомӯзӣ ва рушди ҷавононро дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардидани сатҳи маърифати ҷавонон заминаи воқеӣ фароҳам оварданд.

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи илм, эҷодиёт, ихтироот, санъат ва монанди инҳо бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намудани ҳар гуна озмуну чорабиниҳои дахлдор сиёсати бевоситаи Ҳукумати мамлакатро дар ин самт нишон медиҳад.

Мулоқотҳои ҳамасолаи Пешвои миллат бо ҷавонон. Чунин мулоқотҳо дар фазои озод ва рӯҳбаландкунанда баргузор гардида, Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро ба зиндагии фаъол, донишандӯзӣ, худогоҳӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан даъват менамоянд. Бо пешниҳоди Президенти кишвар, ҷавонони соҳибкор бо имтиёзҳо ва қарзҳои сабуки бонкӣ дастгирӣ мегарданд. Ҳамзамон, марказҳои дастгирии соҳибкории ҷавонон, инкубаторҳои инноватсионӣ ва форуми ҷавонони соҳибкор низ бо дастгирии Пешвои миллат ташкил ва фаъолият мекунанд.

Дар натиҷаи ин ҳама тадбирҳо, имрӯз зиёда аз ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ таҳсил доранд, ин қишри ҷомеа дар олимпиадаҳо, мусобиқаҳо ва озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, муаррифгарӣ Ватани азизамон мебошанд. Ҳамзамон, дар ин заминаи имкониятҳои фароҳам оварда теъдоди ҷавонони соҳибкор, муҳаққиқ, навовари тоҷик мунтазам меафзояд.

ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ҶАВОНОН

Дар шароити рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун гурӯҳи ояндасоз, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, саҳми бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар амалӣ гардидани ташаббусҳо ва дастгирии воқеии ҷавонон шоёни таҳсин мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайваста масъалаи беҳтар намудани шароити таҳсил ва рушди илму маърифат миёни ҷавононро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Эътимоди ӯ ба нақши таълиму тарбияи муосир дар рушди насли нав ва ояндаи кишвар, боис шудааст, ки як қатор тадбирҳои муфид ва таъсиргузор амалӣ гарданд. Ин тадбирҳо на танҳо сатҳи сифати таълимро боло бурдаанд, балки муҳити мусоиди зеҳнӣ ва фарҳангии наврасону ҷавононро низ фароҳам овардаанд.

1) Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо. Дар давраи роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ, садҳо синфхонаҳо ва мактабҳои нав дар шаҳр бунёд ёфта, ба истифода дода шуданд. Иншооти таълимӣ бо технологияҳои муосири иттилоотӣ, лабораторияҳо, китобхонаҳои рақамӣ ва таҷҳизоти фаннӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Бо ин васила, муҳити омӯзиш барои хонандагон муосир, инноватсионӣ ва ҷолиб гашта, дари имкониятҳои нав барои рушди нерӯи зеҳнии ҷавонон кушода шудааст.

2) Ҷорӣ намудани бурсияҳои раиси шаҳр. Бо дастури Рустами Эмомалӣ, бурсияҳои махсуси раиси шаҳр барои донишҷӯёну хонандагони болаёқат ҷорӣ гардиданд. Ин бурсияҳо ба ҷавононе дода мешаванд, ки дар таҳсил, корҳои илмӣ, ихтироъкорӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд. Дар баробари дастгирии моддӣ, чунин бурсияҳо ҳамчун эътирофи расмии заҳмати илмии ҷавонон хизмат мекунанд ва ҳавасмандии онҳоро ба таҳсилу пешрафт дучанд менамоянд.

3) Роҳандозии чорабиниҳои илмӣ ва озмунҳо. Ба ташаббуси Раиси шаҳр форумҳои ҷавонон, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, озмунҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ мунтазам баргузор гардида, ҷавонон барои таҳқиқоти илмӣ, нашри мақолаҳо, баромад дар симпозиумҳо ва семинарҳо дастгирии моддӣ ва ташкилотӣ мегиранд. Ҳамзамон, ҷоизаҳои махсуси раиси шаҳр барои муҳаққиқони ҷавон таъсис дода шудааст.

Маврид ба зикри хос аст, ки ободии Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва рушди давлатдории миллӣ аз садоқат, дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин, донистани таърих, фарҳанг, забони модарӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва риояи қонунгузорӣ муҳим мебошад.

Мо ҷавононро зарур аст, ҳамеша ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои муосир, масъулияти баланди ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ саъю кӯшиш намуда, пайваста барои рушди босуботи Тоҷикистони азизамон хизмат намоем. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ, муаррифии Ватан дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ҳар қадар нерӯи фикрӣ ва ахлоқии ҷавонон барои рушди Ватан равона шавад, ҳамон қадар Тоҷикистони азизамон ободу шукуфон хоҳад гардид.

Ҳамин тариқ, бо дар назар доштани зарурати таъмини рушди устувори иқтисодӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ, нақши ҷавонон дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешрафти технологияҳои нав, рушди соҳибкорӣ ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ беш аз ҳарвақта муҳим гардидааст. Онҳо бо донишу малакаҳои замонавии худ метавонанд дар боло бурдани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин, онҳо бо забондонӣ, ҷаҳонбинии фарох, тафаккури созанда, донишҳои муосир мавқеи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳким бахшида метавонанд.

Шукрона РУСТАМЗОДА,

докторант PhD-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ