ДАСТОВАРДИ НАЗАРРАС ДАР ДУЮМИН БОЗИИ КОРИИ СУДИИ МИЛЛӢ

Дирӯз, дар шаҳри Душанбе Дуюмин Бозии кории судии миллӣ аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар доираи лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” баргузор карда шуд.

Дар озмун дастаҳо аз 6 макотиби олии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлати Данғара ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ширкат варзиданд.

Озмуни мазкур бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 10 нафар донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ таҳти роҳбарии устодони факултет – Муродзода У.У. ва Одинаева Н. муаррифӣ намуданд.

Боиси хушнудист, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори якдилонаи доварон дар номинатсияи “Донишҷӯён бо зиёдтарин дастовард” ғолиб дониста шуда, ғолиби ҷоми номинатсияи мазкур гардиданд.

Ҳамзамон, аъзоёни дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар рафти озмун ширкати фаъолона доштанд, бо Сертификат ва дигар туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардиданд.

Хотирнишон менамоем, ки ғолибият дар озмуни мазкур барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҷрибаи нахустин набуда, соли гузашта низ дастаи Донишгоҳ бо нишон додани маҳорати баланд ғолибиятро ба даст оварда буд.