Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Раҳмон Дилшод Сафарбек
Раҳмон Дилшод Сафарбек 7-уми декабри соли 1985 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро соли 1991 аз мактаби миёнаи №28-и шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, солҳои 1995-1998 дар мактаби миёнаи №54-и шаҳри Душанбе, солҳои 1999-2000 дар литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе идома додааст. Соли 2001 мактаб-литсейи №55-и шаҳри Душанберо ба таври экстернӣ бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 2001-2006 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсил намудааст. Ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2006-2014), муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012-2014), муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2015), мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015-2016) фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2016 ба сифати декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият намуда истодааст. Муаллифи зиёда аз 100 маводи интишорист. Мавзӯи асосии таҳқиқот ва пажӯҳишҳои илмии ӯро масъалаву муаммоҳои таърихи ҳуқуқи инсон, дурнамои инкишофи падидаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҷаҳонишавӣ ва ҳуқуқ, низомҳои ҳуқуқӣ ва дурнамои рушди онҳо дар шароити ҷаҳонишавии ҳуқуқ ва ғайра ташкил медиҳанд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.