Ҷойи ифтихор аст, ки ахиран рӯзи ҳимояи рисолаи доктории мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Диноршоев Азиз Мусоевич муайян шуд. Дар асоси як қарори Шӯрои диссертатсионии рақами Д 501.001.74 назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов аз 18.06.2015 рӯзи дифои рисолаи доктории Диноршоев Азиз Мусоевич таърихи 8.10.2015с. муқаррар гардид.
Лозим ба ёддоварист, ки номбурда дар мавзӯи «Конституционные основы регламентации и реализации прав и свобод человека и гражданина в Республике Таджикистан» зери назари доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва мунитсипиалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов Авакян Сурен Адибекович тайи чанд соли охир тадқиқоти муфиди илмӣ анҷом дода истодааст.
Ҳайати омӯзгорону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба устод Диноршоев Азиз Мусоевич дар самти дифои рисолаи докторӣ муваффақият ва бурдбориҳоро орзуманданд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Диноршоев Азиз Мусоевич