Рӯзҳои 10-11-уми марти соли 2017 бо ташаббусу ибтикороти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 300 донишҷӯёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои 1-5-ум бо намояндагии 28 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи 12 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) иштирок намуданд. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар кори олимпиадаи мазкур аз фанни ҳуқуқ донишҷӯи курси 5-уми шӯъбаи рӯзона Сафаралиев Далер Саидаҳтамович намояндагӣ карданд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки номбурда баъд аз ҷамъбасти даври ниҳоии олимпиада бо соҳиб шудани аксарияти холҳои умумии муқарраргардида миёни дигар иштирокчиён ғолибиятро ба даст оварда, сазовори ҷойи якум гардиданд. Мо аз он шарафмандем, ки солҳои охир донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносӣ бо дарки баланди масъулият дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро барои худ ихтисос медиҳанд.
Садорат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пирӯзии навбатиро ба донишҷӯи курси 5-уми шӯъбаи рӯзона Сафаралиев Далер Саидаҳтамович самимона табрику шодбош гуфта, ба ӯ саломативу сарбаландӣ, бахту саодат, ободиву осоиш, хушҳоливу хушрӯзӣ, иқболи баланду комёбиҳои нав ба навро таманно менамоянд.