/20.11.2015c/
Боиси хушнудист, ки дастпарварони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ натанҳо дар риштаи илму дониш, балки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ пешсаф буда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Аз ҷумла се нафар донишҷӯёни курси 3, шуъбаи рӯзона, ихтисоси умумии факултет дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ оид ба намудҳои гӯштин иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: як нафар дар «гӯштини миллӣ» ва ду нафар дар гӯштини «юнону-румӣ».
Ҳалимов Баҳодур донишҷӯи курси 3, гурӯҳи «Б» дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «гӯштини миллӣ» дар вазни 66 килограмм соҳиби ҷойи аввал гардид.
Ҳамзамон ду нафар донишҷӯёни курси мазкур Розиқзода Далер ва Қаҳҳоров Саймуҳаммад дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба гӯштини «юнону-румӣ» дар вазнҳои 75 ва 69 килограмм соҳиби ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд.
Садорати факултет ва рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» донишҷӯёни мазкурро барои ғолибияташон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ ва ба даст овардани ду медали тилло ва як нуқра табрик намуда, ба эшон мувафаққиятҳои нав ба нави варзиширо таманно менамояд