Дар арафаи ҷашни муҳими давлатӣ – Рӯзи забони давлатӣ ду хабари хуш аҳли коллективи факултети ҳуқуқшиносиро хушнуд сохт.
Хушхабари якум ин аст, ки муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ Мирзоахмедов Фирдавс Аҳмадович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ва ФР: таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ», ки санаи 22.09.2016 дар Шӯрои диссертатсионии назди Академияи Прокукратураи Генералии Федерастияи Россия ба вуқӯъ пайваст, сарбаландона ҳимоя намуд.
Хушхабари дуюм ин аст: рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Хоҷаев Шуҳратҷон Шерафганович дар мавзӯи «Законадательная техника в РТ: вопросы теории и практики», ки санаи 10.03.2016 дар Шӯрои дифои назди ДМТ ҳимоя намуда буд, аз ҷониби Комиссияи олии атестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия таърихи 24.09.2016 тасдиқ гардид.
Садорат, шӯрои олимон, устодон ва кормандони факултет муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ Мирзоахмедов Фирдавс Аҳмадович ва омӯзгори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Хоҷаев Шуҳратҷон Шерафгановичро бо ин муваффақият ва дастоварди бузург самимона табрик намуда, ба эшон дар самти тарбияи олимони ҷавону умедбахш ва рушди илми ҳуқуқи кишвар бурдбориҳо таманно доранд.