Ба таваҷҷӯҳи омӯзгорон, донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯён, докторантони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар намояндагони ҷомеаи ҳуқуқшиносони Тоҷикистон расонида мешавад, ки қабули «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» рӯзи 26 январи 2015 дар ҷаласаи Шӯрои олимон дар назар дошта шудааст. Лоиҳаи Барномаи мазкур дар рӯзномаи «Минбари ҳуқуқшинос» пурра нашр шуда, ҳамзамон шакли электронии он низ дар сомона ҷойгир карда шудааст.
Дар шароити муосир бо назардошти таъсири амиқи омилҳои ҷаҳонишавӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг, тафовути фарҳангӣ-тамаддунии олами шарқу ғарб, проблемаҳои мувофиқкунонии андеша, назария ва арзишҳои ғарбгароёна ба муҳити миллии фарҳангӣ, зарурияти анҷом додани корҳои арзишманд ва бунёдии илмӣ-тадқиқотиро руйи кор меорад. Дар ҳоли ҳозир, талабот дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ ва рақобатпазири бозори меҳнат, дорои донишҳои баланди назариявӣ, малакаи касбӣ, сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ғояҳои адолат, накукорӣ, ростӣ тарбияёфта, беш аз пеш эҳсос мегардад.
Аз ин рӯ, бо назардошти саҳми муҳим доштани факултети ҳуқуқшиносӣ дар инкишофу пешравии соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи кишвар ва эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ишорашуда, зарурияти таҳия ва қабули асосҳои бунёдии рушду инкишофи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (Барнома) ба миён омад.
Мо умед дорем, ки таклифу пешниҳодҳо, андешаву тавсияҳои муфид, асоснок ва судманди Шумо барои такмили минбаъдаи лоиҳаи Барнома мусоидат хоҳанд кард.
Лоиҳаи «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020»
БАРНОМАИ
РУШДИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ
ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
(СОЛҲОИ 2015-2020)
Душанбе – 2015
ФАСЛИ I. МАЪЛУМОТИ УМУМЇ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази асосӣ ва пешбари таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон ба ҳисоб рафта, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва тадқиқу омӯзиши паҳлуҳои гуногуни илмҳои ҳуқуқшиносӣ мақоми аввалиндараҷаро соҳиб мебошад. Факултети ҳуқуқшиносӣ дар татбиқи сиёсати давлатии тайёр кардани кадрҳо, иҷроиши барномаву стандартҳои давлатии ҳуқуқшиносӣ ҳамчун сохтори таркибии ДМТ фаъолият намуда, таъмини устувор ва босифати кадрҳоро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунии давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти ҳуқуқии корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ, макотиби олии ҷумҳурӣ амалӣ месозад. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонт аз замони таъсис то ба имрӯз дар самти омода намудани мутахассисони болаёқати соҳаи ҳуқуқ дар ҳамаи бахшҳои фаъолияти ҳуқуқшиносӣ мавқеи пешсафро доро мебошад. Дар замони истиқлол бо афзун гардидани шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот, пайдо шудани рақобати хизматрасониҳои таҳсилотӣ, мақому мартабаи факултет коста нагардид, баръакс, тибқи арзишҳои миллии давлатдорӣ, замони истиқлол, меъёрҳои бозори байналмиллалии меҳнат рушду нумуъ намуд.
Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ 126 нафар устодон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 2 нафар академики АИ ҶТ, 11 нафар докторҳои илми ҳуқуқ, профессор, 55 нафар номзадони илми ҳуқуқ, дотсентон мебошанд. Пояи кадрӣ, илмӣ, зеҳнӣ ва моддӣ-техникии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ имконият медиҳад, ки барои дар низоми таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ворид намудани усулҳои нави таълим коркард ва ба роҳ монда шавад.
Бо назардошти инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фазои байналмилалӣ дар сохтори факултет якчанд ихтисосҳои тахассусӣ оид ба омода намудани ҳуқуқшиносони байналмилалӣ, ҳуқуқшиносони бахши молия ва қарз, ҳуқуқшиносони низоми муассисаҳои иҷрои ҷазо, ҳуқуқшиносони соҳаи идораи давлатӣ, эксперт-криминалистҳо, ҳуқуқшиносон дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ таъсис дода шуданд. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ то 01.01.2015 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо назардошти тамоми ихтисос ва шуъбаҳои амалкунанда дар маҷмӯъ 3190 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 2315 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 875 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Аз шумораи 2315 нафари донишҷӯёни шуъбаи рӯзона 1581 нафар дар ихтисоси 24010200 (ҳуқуқшиносӣ); 220 нафар дар ихтисоси – 24010100 (муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ); 201 нафар дар ихтисоси – 26010200 (идораи давлатӣ ва ҳуқуқ); 161 нафар дар ихтисоси – 93010100 (фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ); 77 нафар дар ихтисоси – 240030201 (танзими ҳуқуқии молия ва қарз); 55 нафар дар ихтисоси – 93010200 (экспертизаи судӣ), 20 нафар дар ихтисоси – 24010218 (ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ) таҳсил менамоянд. Аз шумораи 875 нафар донишҷӯёни шуъбаи ғоибона 317 нафар дар ихтисоси 24010200- (ҳуқуқшиносӣ); 78 нафар дар ихтисоси – 26010200 (идораи давлатӣ ва ҳуқуқ); 27 нафар дар ихтисоси – 93010100 (фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ); 18 нафар дар ихтисоси – 240030201 (танзими ҳуқуқии молия ва қарз); 435 нафар дар ихтисоси 24010233 (ҳуқуқшиносӣ) таҳсилоти 2-юми олӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар сохтори факултет 10 кафедраи тахассусӣ ва 1 кафедраи забонҳои хориҷӣ амал мекунанд, ки масъулияти асосии пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро ба зимма доранд. Кафедраи тахассусӣ инҳоянд:
– кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ;
– кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ;
– кафедраи ҳуқуқи гражданӣ;
– кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ;
– кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ;
– кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат;
– кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ;
– кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ;
– кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ;;
– кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ.
Айни замон таълим дар факултет аз рӯйи ду низом: низоми таҳсилоти анъанавӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Шурӯъ аз соли таҳсили 2014-2015 дар тамоми ихтисосҳои амалкунандаи факултет бо назардошти шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ пурра ба роҳ монда шуд.
Бо назардошти саҳми муҳим доштани факултети ҳуқуқшиносӣ дар инкишофу пешравии соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи кишвар ва эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамоно зарурияти таҳия, коркард ва қабули асосҳои бунёдии рушду инкишофи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷой дорад.
Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои маҷаллаи илмии «Ҳаёти ҳуқуқӣ», ҳафтаномаи «Минбари ҳуқуқшинос» буда, ҳамзамон дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет тавассути сомонаи худ аз ҳаёти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва фарҳангии факултет иттилоъ манзур месозад.
II. ҲАДАФ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ТАҲИЯИ БАРНОМА
Асосҳои бунёдии рушду инкишофи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, сарчашма мегирад, зеро дар қонуни асосии кишвар муҳимтарин қоидаҳои асосӣ ва падидаҳо аз қабили бунёди давлати иҷтимоӣ ва ҳуқуқбунёд, арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, дурнамои инкишофи низоми иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии давлат, институтҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мустаҳкам шудаанд.
Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (22.07.2013, №1004), «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (21.05.1998, №597), «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (19.05.2009, №531), «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон боназардошти талаботи бозори меҳнат» (01.08.2012, №895), «Дар бораи масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011) санадҳои байналмиллалии эътирофнамудаи Тоҷикистон инчунин Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.02.2006, №94, Стратегия дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015, Барномаи омода намудани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи қабули санҷишу имтиҳонҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф ва таҳсилоти олии касбӣ таҳия карда шудааст.
Ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, ки боиси дар Тоҷикистон пайдо шудани низоми нави ҳуқуқии пасошӯравӣ, тағйирёбии соҳаҳои ҳуқуқи анъанавӣ, пайдо шудани соҳа ва институтҳои нави ҳуқуқ, ташаккули низоми қонунгузории муосир, ки ба ислоҳоти асосҳои ҳуқуқии ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ асос ёфтаанд, заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ташкилиро рӯйи кор овард. Ҳамзамон омилҳои мазкур боиси ба вуҷуд омадани самтҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ ва фанҳои нави таълимӣ гардиданд.
Дар шароити муосир бо назардошти таъсири амиқи омилҳои ҷаҳонишавӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг, тафовути фарҳангӣ-тамаддунии олами шарқу ғарб, проблемаҳои мувофиқкунонии андеша, назария ва арзишҳои ғарбгароёна ба муҳити миллии фарҳангӣ, зарурияти анҷом додани корҳои арзишманд ва бунёдии илмӣ-тадқиқотиро руйи кор меорад.
Дар ҳоли ҳозир талабот дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ ва рақобатпазири бозори меҳнат, дорои донишҳои баланди назариявӣ, малакаи касбӣ, сатҳи баланди шуури ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ғояҳои адолат, накукорӣ, ростӣ тарбияёфта беш аз пеш эҳсос мегардад.
Ҳамаи омилҳо нисбат ба касби ҳуқуқшинос талаботҳои навро пешниҳод менамоянд. Аз сатҳ ва сифати таҳсилоти ҳуқуқӣ аз бисёр ҷиҳат омода намудани ҳуқуқшиносони лаёқатманд, ки фаъолияти онҳо ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нигаронида мешаванд, вобастагӣ дорад. Дар шароити эъмори давлати ҳуқуқбунёд талабот оид ба ҳуқуқшиносоне, ки дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, қонунэҷодкунӣ, мақомоти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти идоракунии сатҳи гуногун, фаъолияти адвокатӣ ва нотариалӣ, мушовири ҳуқуқии корхонаву муассиса ва ташкилотҳо ва ҳуқуқшиносоне, ки фаъолияти илмӣ-омӯзгориро анҷом медиҳанд, меафзояд.
Ҳуқуқшиносон ҳамчун қишри муҳими ҷомеа, ки дар худ ғоя, андеша ва арзишҳои ҳуқуқиро таҷассум менамоянд, дар маҷмуъ бояд ба баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқукии аҳолӣ мусоидат намоянд. Дар маҷмӯъ ҳалли мусбӣ ва муваффақонаи масъалаҳои зикршуда дар самти эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои боэътимод мегузоранд.
Дар шароити кунунии рушди давлатдорӣ бо назардошти омилҳои гуногун зарурияти омода намудани ҳуқуқшиносони насли муосир, ки ҳаматарафа аз донишҳои ҳуқуқӣ бархурдор буда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, пос доштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, гиромидошти тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон тарбия ёфтаанд, ба миён меояд.
Ҳуқуқшиносони насли муосир бояд нафароне бошанд, ки ҷиҳати таъмини адолат, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният дар кишвар ҷидду ҷаҳд дошта бошанд.
Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва пешбурди фаъолияти гуногуни хоҷагидорӣ таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ бояд рисолати худро дар самти таъмини талаботи бозори меҳнат бо кадрҳои рақобатпазир иҷро карда тавонад.
Масъалаи боло бурдани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, омода намудани муттахассисони болаёқат ва рақобатпазири бозори меҳнат, боло бурдани сатҳи саводнокии донишҷӯён, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва арҷгузории арзишҳои миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар вохуриҳову баромадҳои хеш зимни мулоқот бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар хусуси тарбияи кадрҳои миллии баландихтисос ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ масъалагузорӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ин вазифаҳо дастур ва супоришҳои мушаххас медиҳад. Аз ҷумла, рӯзи 1-уми сентябри соли 2014 Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ чунин таъкид намуда буданд: «Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди узвӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Вале, тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, сифати таълим ва омодагии касбии шогирдони донишгоҳ ҳанӯз талаботи замонаи пешрафтаро қонеъ карда наметавонад. Ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат шумо, устодону омӯзгорон ва масъулону кормандони донишгоҳ, вазифадор ҳастед, ки тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малакаи худро ҷиҳати ҷиддан баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли навраси кишвар дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқу одоби ҳамида равона созед».
Аз ин рӯ, факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо назардошти омилҳои дар боло зикршуда таҳия ва қабули Барномаи рушди факултетро зарур шуморида, ҷиҳати ба миён овардани таҳаввулотҳои ҷиддӣ дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ барои солҳои 2015-2020 ба мақсад мувофиқ меҳисобад.
Ин иқдом дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, масъулияти омӯзгорон дар таълим ва тарбияи донишҷӯён, боло бурдани саводнокии донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, дарк ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нигаронида шудааст.
Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ ҳуҷчати барномавии илман асосноке ба ҳисоб меравад, ки дар худ нақшаи дурнамо, мақсад, самтҳои афзалиятноки инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ, омилҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани усулҳои фаъол ва инноватсионӣ, технологияи иттилоотию иртиботии муосир дар раванди таълим ва тарбияро фаро мегирад.
Ҳадафҳои асосии барнома инҳоянд:
– андешидани тадбирҳои муассир ва амалисозии чорабиниҳои мақсаднок ҷиҳати нигоҳ доштани нуфузу эътибори факултети ҳуқуқшиносӣ дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос ва маркази омодасозии кадрҳои илмӣ, маркази хизматрасониҳои илмӣ ва таълимӣ;
– андешидани тадбирҳои мушаххас баҳри таъмини бозори дохилии меҳнат бо кадрҳои болаёқат, донишманд ва рақобатпазир;
– таъмини иштироки фаъолонаи устодони факултет дар самти таҳия ва муҳокимаи муҳимтарин барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳои давлатӣ, лоиҳаҳои қонуну кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
– мусоидат намудан ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди корӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла бо мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатии ҳуқуқмуҳофизавӣ ва дигар ниҳоду сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
– боло бурдани нақши кафедраҳои амалкунандаи факултет дар самти истифодаи усулҳои нави фаъол ва инноватсионӣ дар раванди таълим, боло бурдани сатҳу сифати донишандӯзии донишҷӯён;
– анҷом додани корҳои арзишманди илмӣ дар иртибот ба самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
– истифодаи самараноки натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар раванди таълим ва истеҳсолот;
– мусоидат ба масъалаи ба роҳ мондани бозомӯзӣ ва такмили тахассуси устодони факултет дар марказҳои бонуфузи илмӣ-таълимии ватанӣ ва хориҷӣ;
– тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, қадр намудани шаъну шарафи шаҳрвандӣ;
– ба роҳ мондани тадқиқотҳои самараноки илмӣ дар самти ҳифз ва пос доштани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва анъанаҳои кишвар;
– вусъат додани корҳои тарбиявӣ;
– қонеъ гардонидани талаботи шахс ба инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ бо роҳи дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва ё таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
– таъмини шароити мусоид барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва омӯзгории донишҷӯёну магистрҳо;
– баланд бардоштани сатҳи гузаштани дарсҳои лексионӣ ва амалӣ;
– фаъолгардонии саҳми устодони ҷавон дар ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ;
– фароҳам овардани шароити мусоид барои дарёфти грантҳо, бурсияҳо ва дигар сарчашмаҳои иловагии молиявӣ ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ, муҷаҳҳаз гардонидани раванди таълим бо технологияи иттилоотию иртиботӣ;
– таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии устодон, донишҷӯён, магистрҳо, аспирантон ва докторантҳо;
Мақсади асосии таҳия ва қабули Барномаро таъмин намудани таҳсилоти ҳуқуқии замонавии мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои рушди Тоҷикистон – ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, ташкил менамояд. Ҳамзамон таъсис намудани низоми устувори рушди инноватсионии факултети ҳуқуқшиносӣ баҳри амалӣ намудани имконияти илмӣ-таълимии факултет дар самти таъмини мутахассисон ва кадрҳои илмӣ дар Тоҷикистон дар назар дошта мешавад.
Баҳри амалӣ гардидани ин мақсадҳо иҷро намудани вазифаҳои зерин ногузир аст:
– нигоҳ доштани нуфуз ва мавқеи факултет ба ҳайси маркази асосӣ ва пешсафи омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ дар Тоҷикистон;
– ба вуҷуд овардани низоми самарабахши кор дар бахши таълим ва тарбияи донишҷӯён;
– таҳким бахшидани нерӯи ақлонии факултет дар коркарди масоилҳои афзалиятнок ва муҳими илмӣ, ки аз тарафи Шӯрои олимон ва Раёсати донишгоҳ муайян карда мешавад;
– татбиқ намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои илмии анҷомдода дар ҷараёни таълим;
– кор карда баромадани механизми истифодаи таклифу пешниҳодҳои илми ҳуқуқшиносӣ дар самти рушди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва ҳуқуқии кишвар;
– тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалӣ;
– кор карда баромадани низоми шаффоф ва натиҷабахши баҳогузории меҳнати ҳайати устодону кормандони факултет бо мақсади беҳтар намудани музди маош ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии онҳо;
– такмил бахшидан ба базаи моддӣ-техникӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ бо мақсади таъмини ҳалли вазифаҳои афзалиятноки факултет, мувофиқ намудани он бо талаботҳои замони муосир;
– ба вуҷуд овардани фазои мусоид ва солими корӣ миёни коллективи устодону кормандони факултет;
– ба вуҷуд овардани фазои эътимоду боварӣ, ҳурмату эҳтироми ҳамдигарӣ, таҳким бахшидан ба ғояҳои некхоҳӣ ва накӯкорӣ, масъулияту дастгирии ҳамдигар.
III. БАХШИ ТАЪЛИМ
Бахши таълим қисмати муҳим ва афзалиятноки Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоб рафта, бо назардошти самтҳои асосии рушди муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла тадқиқ намудани самтҳои афзалиятноки илм дар шароити муосир, ҳамбастагии илм ва амалия, моҳияти илмӣ доштани раванди таълим, ворид намудани шаклҳо, усулҳо ва технологияи муосир дар раванди таълим, баланд бардоштани масъулияти устодон дар раванди таълим ва дараҷаи донишандӯзии донишҷӯён, алоқамандии таълим ва тарбия, беҳтар намудани шароити иҷтимоии устодону донишҷӯён, рушди истеъдод ва қобилияти донишҷӯ, баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботҳои муқарраршуда, таҳия шудааст.
Дар чаҳорчӯбаи самти ишорашуда мақсади Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносиро боло бурдани сатҳи донишандӯзӣ ва таълим, ислоҳот ва такмил додани ҷараёни таълиму тадрис, омода намудани ҳуқуқшиносони сатҳи баланди касбидошта ва рақобатпазири бозори меҳнат, ки аз донишҳои мукаммали ҳуқуқӣ бархурдоранд, ташкил медиҳад.
Баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои муайянгардида, омӯзгорони факултетро ҳамчун субъектони асосии амалисозандаи Барномаи мазкур лозим аст, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва тадрис як қатор корҳоро анҷом диҳанд, зеро, то замоне ки устод мақсад ва натиҷаи фаъолияти худро маҳз дар самти боло бурдани дониш ва маънавиёти ҳуқуқии донишҷӯ дарк насозад ва ба он ҷидду ҷаҳд накунад, натиҷабахшии фаъолияти омӯзгории ӯ назаррас намегардад. Донишҷӯён бояд эҳсос намоянд, ки устодони онҳо дар воқеъ азму ният ва хоҳиши босавод кардани онҳоро доранд. Аз ин рӯ, ҳайати устодону кормандони факултетро лозим меояд, ки баҳри анҷом додани корҳои зерин сафарбар шаванд:
1. Дар самти таъмини сатҳи баланди сифати таълим, устувор намудани мавқеи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бозори хизматрасонии таълимӣ ва илмии Тоҷикистон ва байналмилалӣ, иҷро намудани вазифаҳои зерин талаб карда мешавад:
– то оғози соли таҳсил (нимсолаи соли таҳсил) омода намудани матни лексияҳо, саволномаҳои фаннӣ, саволномаҳои тестӣ, слайдҳо, нақшаҳо ва дастрас намудани нусхаи электронӣ ва ё чопии он ба донишҷӯён;
– баҳри таъмин намудани раванди таълим таҳия ва кор карда баромадани корҳои илмӣ, таълимӣ ва методии босифат ва хусусияти инноватсионидошта;
– ворид намудани усулҳои фаъол ва технологияи муосир дар раванди таълим;
– таъмини иттилоотии раванди таълим;
– омода кардани китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ оид ба тамоми фанҳои дар нақшаи таълимии ихтисосҳои амалкунандаи факултет пешбинишуда;
– истифодаи босамари унсурҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар раванди таълим;
– андешидани тадбирҳо дар самти риояи қатъии интизоми меҳнат дар раванди таълим аз ҷониби омӯзгорон;
– андешидани тадбирҳо ҷиҳати комилан аз байн бурдани дарсшиканӣ;
– пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳама гуна омилҳои худсарона даст доштан ба ивази беасос ва бемавриди дарсҳо;
2) Ташкил, муҷаҳҳаз сохтан ва мақсаднок истифода намудани синфхонаҳои нав дар раванди таълим
– Муҷаҳҳаз сохтан ва мақсаднок истифода намудани толори таълимии маҷлиси судӣ, синфхонаи лингафонӣ ва дигар синфхонаҳои таълимии ихтисосӣ;
– Муҷаҳҳаз сохтани синфхонаҳои таълимӣ ба воситаҳои техникии муосир (компютер, микрофон, видеопроектор, тахтаҳои электронӣ ва ғайра);
– Ташкил намудани лабораторияи криминалистӣ ва ҷиҳозонидани он бо техникаҳои муосири криминалистӣ;
– Ташкил намудани лабораторияи баллистикӣ ва ҷиҳозонидани он бо техникаҳои муосири криминалистӣ;
– Ташкил намудани лабораторияи дактилоскопӣ (пайи ангушт) ва ҷиҳозонидани он бо техникаҳои муосири криминалистӣ;
– Ташкил намудани лабораторияи хатшиносӣ ва тадқиқи криминалистии ҳуҷҷатҳо ва ҷиҳозонидани он бо техникаҳои муосири криминалистӣ;
– Таъсис додани полигони (майдони) дарсӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ-криминалистӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ;
– Ташкил намудани китобхонаи электронӣ;
3) Ворид намудани технологияи нави таълимии ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалии сифати таълим.
– Тақвият бахшидан ба низоми омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ дар асоси барномаҳои фардии таълимӣ ва фарогирии доираи васеи донишҷӯён;
– Бо истифода аз усулҳои фаъоли омӯзиш баланд намудани ҳиссаи азхудкунии фанҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён;
– Тақвият бахшидан ба истифодаи воситаҳои иттилоотию иртиботӣ дар раванди дарсҳои лексионӣ ва амалӣ;
– Таҳия ва чоп намудани воситаҳои нави таълимию методӣ барои амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ.
– Бознигарӣ ва аз нав таҳия намудани барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳо бо назардошти самтҳои афзалиятноки мавзӯъҳои илмӣ ва тадқиқотӣ.
– Андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати тадриҷан пайвастани низоми таҳсилоти илми ҳуқуқшиносӣ ба низоми таҳсилоти болонӣ.
Баҳри мукаммал гардонидани ҷараёни таълим дар доираи модели таълимии бефосила вобаста ба самти афзалиятноки рушди фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва инноватсионии факултети ҳуқуқшиносӣ ба сомон расонидани чунин корҳо мувофиқи мақсад мебошад:
- Таъсис намудани самтҳои нави омодасозии кадрҳо ва тайёр намудани барномаҳои таълимӣ, ки ба талабот ва самти рушди афзалиятноки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд;
2. Таъсис намудани самтҳои нави тайёр намудани магистрҳо дар назди кафедраҳои тахассусӣ;
3. Ташкили бозомӯзии мутахассисон дар соҳаҳои нав вобаста ба талаботи замон;
4. Бо назардошти инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва зарурияти омода намудани кадрҳои ҳуқуқшинос дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти ҳуқуқӣ таъсиси ихтисосҳои нави таълимӣ;
5. Таъсиси Маркази таълимии адвокатҳо, Маркази омӯзиш ва пешниҳод ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ (пеш аз ҳама лоиҳаи қонунҳо, кодексҳо), Маркази омӯзиши ҳуқуқи инсон, Маркази таълимии соҳибкорон ва дигар марказҳо дар назди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ;
6. Роҳандозӣ намудан ва амалӣ сохтани барномаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои касбӣ ва корфармоён;
7. Мусоидат ба фаъолияти Клиникаи ҳуқуқӣ ҳамчун шакли таълим ва усули омода намудани кадрҳои баландихтисос.
8. Мусоидат намудан ба боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолии Тоҷикистон тавассути ҷалб намудани хатмкардагони донишгоҳҳои дигар ва кормандони ташкилоту муассисаҳо барои фаро гирифтан ба таҳсилоти олии ҳуқуқӣ.
9. Дар иртибот ба талаботҳои тағйирёбандаи бозори меҳнат, инчунин бо мақсади таъмини рақобатпазири факултет дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ андешидани чораҳои мақсаднок баҳри густариши маҳорати созгории донишҷӯён ва устодон.
Дар раванди боло бурдани сифати таълим ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён истифода намудани усулҳои нави таълим мувофиқи мақсад мебошад. Ин усулҳо барои омода намудани ҳуқуқшиносон дар иртибот ба талабот ва дархости ҷомеаи имрӯза кӯмак менамоянд. Мақсад аз истифодаи навгониҳо ин модернизатсияи раванди таълим ҷиҳати омода намудани ҳуқуқшиносони дорои донишҳои сатҳи баланди назариявӣ ва илмӣ, рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, муоширати баланди касбӣ ,маҳсуб меёбад.
Усулҳои нави таълим бо назардошти ҷараён ва тамоюли рушди раванди таълим, аз қабили пайваста таҷдиди назар намудани маводҳои таълимӣ, мазмун ва мундариҷаи фанҳои тадрисшаванда, ворид намудани фанҳои нави таълимӣ, тавъам намудани таълим ва тарбия, алоқаи ногусастании таълим ва шахсият, дар як замон ба роҳ мондани таълим ва ташаккули шахсият, ташаккули донишҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои ахлоқӣ, ҳуқуқ ва ахлоқ ҳамчун танзимкунандагони рафтори одамон дар асоси мустаҳкамкунии ҳуқуқии принсипҳо ва талаботҳои ахлоқӣ, мустақилона арзи ҳастӣ намудани онҳо дар намуди кодексҳо қоидаҳо, принсипҳои рафтори ахлоқӣ, ворид карда мешавад.
Ворид намудани усулҳои замонавии таълим амалӣ намудани чунин чораҳоро тақозо менамояд:
– мунтазам ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод аз ҷониби устодони пешбар ва собиқадори факултет баҳри намоиш додан ва омӯзонидани устодони ҷавон бо усулҳои беҳтарини таълим ва тахассус;
– ба роҳ мондани низоми роҳнамоӣ ва додани машварат аз ҷониби профессорон ва олимони барҷастаи факултет ба омӯзгорони ҷавон дар самти ба нақшагирии машғулиятҳои дарсӣ, истифодаи усулҳои таълим, интихоб ва татбиқи технологияҳои муосир;
– мунтазам ташкил намудани ҷараёни иштироки мудирони кафедраҳо ва устодони собиқадор дар машғулиятҳои лексионӣ ва амалии омӯзгорони ҷавон, аз ҷумла ташкил намудани воридшавӣ ба дарсҳо дар доираи байни кафедраҳои ҳамҷавор;
– даъват намудани олимони маъруфи донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ, кормандони амалия барои гузаронидани машғулияти лексионӣ ва амалӣ марбут ба масъалаҳои мубрами тахассусҳо, инчунин марбут ба масъалаҳои истифодаи усулҳои таълиму тадрис, равоншиносӣ, фарҳанг ва санъати сухан, ахлоқи касбӣ ва ғайра;
– пайваста такмил додани усулҳои замонавии омӯзиши раванди таълим;
– дар раванди таълим ворид намудани усулҳои интерактивии омӯзиш: тренингҳо, бозиҳо, усули Суқрот, формулаи МАМН (мавқеъ, асосноккунӣ, мисоловарӣ, натиҷа), ҳуҷуми ақлӣ, манбаи қарорҳо, кор бо гурӯҳҳои хурд, ҳалли масъала, пурсиши муттақобила ва ғ.
– истифодаи самараноки усулҳои маъмул ва интерактивии таълим;
– модернизатсияи низоми омода намудани ҳуқуқшиносҳои касбӣ бо роҳи мақсаднок баргузор намудани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ, истифодаи шаклу усулҳои иловагӣ ва инфиродии боло бурдани сатҳу сифати таълим (дарсҳои факултативӣ, маҳфилҳои донишҷӯён ва ғ.);
– таъсиси низоми кор бо донишҷӯёни соҳибистеъдод тавассути ташкил намудани чорабиниҳо, озмунҳо, гурӯҳҳои омӯзиши фарохтари барномаҳои таълимӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯёни соҳибистеъдод барои кор аз рӯи тахассус пас аз хатми донишгоҳ, ҷалб намудани онҳо дар корҳои илмӣ;
– вусъат бахшидан ба низоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ, васеъ намудани амалияи истифодаи забони хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯён, махсусан дар самти татбиқи меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ;
– бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати устодону кормандон дар самти усули истифодаи технологияи муосир ва воситаҳои муосири иттилоотӣ-иртиботии раванди таълим;
– ташкил намудани семинарҳо, мизҳои мудаввар ва конфаронсҳо марбут ба истифодаи усулҳои муосири таълим;
– ба роҳ мондани мониторинги доимии сифати таълим тавассути низоми ягонаи рейтинги давомот, ташкил намудани амалияи гузаронидани имтиҳонҳои мустақил, назорати сифати таълим тавассути гузаронидани пурсишномаҳо (анкета):
– ворид намудани воситаҳои иттилоотӣ-иртиботии таълим, ҷадвали дарсҳои электронӣ, низоми китобхонаи электронӣ, дар шабакаи Интернет ҷойгир намудани рисолаҳои дипломӣ, магистрӣ, номзадӣ ва докторӣ, нашрияҳои электронӣ ва ғ.
Муҳимтарин масъалаҳои пешбурди ҳаёти таълими факултет дар мақоми олии машваратӣ-идоракунии факултет Шӯрои олимон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд, ки иҷроиши онҳо барои тамоми кафедраҳои тахассусӣ ва субъектони раванди таълим ҳатмӣ мебошад.
Шӯрои методии факултетро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти таъмини раванди таълим бо тавсияҳои судманди методӣ чораҳои дахлдор андешида, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабусҳо, билетҳои имтиҳонӣ, саволномаҳои тестӣ, саволномаҳои санҷишӣ, матни лексияҳоро бознигарӣ ва таҷдиди назар намуда, дар маҷмӯъ баҳри боло рафтани мазмуну мундариҷаи машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ чораҳои мушаххас андешад.
Садорати факултет фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва дигар сохторҳои таркибии факултетро дар самти амалишавии вазифаҳо оид ба боло бурдани сатҳ ва сифати таълим ҳамоҳанг сохта, дар хусуси роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловагӣ дар ин самт масъалагузорӣ менамояд.
IV. БАХШИ ИЛМ.
Яке аз самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти факултетро анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил менамояд.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедраҳои тахассусии факултет бо ба инобат гирифтани муҳимияти масъалаи тадқиқшаванда дар рушди давлатдории миллӣ, рӯзмарра будани онҳо дар шароити эъмори давлати ҳуқуқбунёд анҷом дода мешаванд, ки дар нақшаи илмӣ-тадқиқотии ҳар як кафедра онҳо вобаста ба самт, масоил ва мавзӯъ муайян ва тасдиқ карда мешавад.
Ба ҳайси вазифаҳои асосии факултети ҳуқуқшиносӣ дар соҳаи илм баромад мекунанд:
– ошкоро будани фаъолияти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соҳаи илм;
– мутобиқ намудани фаъолияти илмии устодон ва донишҷӯён ба талаботи илмии замони муосир;
– фароҳам овардани шароити мусоид баҳри анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
– дар мувофиқа бо Раёсати Донишгоҳ андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастгирии иловагии молиявии устодон барои эҷод намудани асарҳои илмӣ ва таълимӣ;
– баланд бардоштани самаранокии донишҳои илмӣ;
– густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм;
– ташкил ва анҷом додани тадқиқоти илмии бунёдӣ (фундаменталӣ);
– боло бурдани дараҷаи камолоти илмӣ-омӯзгории ҳайати устодони факултет, таъмин намудани омӯзиши онҳо дар самти усулҳои муосири таълим.
Ба сифати самтҳои афзалиятноки рушди илм дар факултети ҳуқуқшиносӣ баромад мекунанд:
1. Боло бурдани сатҳи касбии ҳайати устодони факултет.
Ҳамчун шаклҳои бартаридошта дар боло бурдани сатҳи касбӣ баромад мекунанд:
– бозомӯзӣ ва такмили таҷрибаомӯзии назариявӣ ва амалии устодони факултет дар муассисаҳои илмӣ-таълимии бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ;
– омӯзиши амалияи ташкилоту муассисаҳо, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳо ва ғ.;
– андешидани чораҳо оид ба такмили минбаъдаи китобхонаи илмии факултет ва таъмин намудани он бо адабиётҳои навини илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, нашрияҳои расмии мақомоти қонунгузори кишвар, рӯзномаҳо ва дигар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ-назариявии соҳавӣ;
- Боло бурдани нерӯи илмии кафедраҳои тахассусии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.
– Андешидани чораҳо баҳри саривақт омода ва дифоъ намудани рисолаҳо барои дарёфти унвони илмии доктор ва номзади илми ҳуқуқшиносӣ. Ба мақсад мувофиқ аст, ки таваҷҷуҳ ба омода намудани кадрҳои дараҷаи илмидошта дар риштаҳое, ки дар Тоҷикистон нодиранд, нигаронида шавад;
– Таҳия ва қабули нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраҳои факултет барои солҳои 2016-2020 бо назардошти дастовардҳои навини илми муосир ва талаботи рӯзафзуни ҷомеа;
– Ташаккули мактабҳои илмии кафедраҳои тахассусии факултет. Дар ин самт тақвият бахшидан ба фаъолияти устодони факултет дар самти ширкат ва маърӯза намудан дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта. Дар сурати ширкат намудан дар чорабиниҳои илмӣ дар хориҷи кишвар устодони факултетро лозим аст, то мувофиқ будани мавзӯи чорабиниро бо мавзӯи тадқиқоти илмии худ ва ё самти илмии рағбатдошта ба инобат гиранд;
– Дар доираи самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба нақша гирифтан ва баргузор намудани Форуми байналмиллаии ҳуқуқшиносон, конфаронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳо, интернет-конфронсҳо, конфронсҳои фосилавӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимии ватанӣ ва хориҷӣ;
– Самти дигари муҳими фаъолияти илмии факултетро иштирок намудани устодон дар кори Шӯроҳои диссертатсионӣ ва баромад намудан ба ҳайси муқарризи расмии рисолаҳо ташкил медиҳад. Рисолаҳои илмӣ ва авторефератҳои ба устодон-муқарризон пешниҳод-шаванда, ҳамчунин тақризҳо ба онҳо бояд дар ҷаласаҳои кафедраҳои марбута, ҷаласаҳои муштараки кафедраҳои ҳамҷавор мавриди муҳокима қарор дода шаванд.
– Тақвият бахшидан ба кори семинари илмӣ-назариявии муҳаққиқони ҷавони факултет;
– Афзун гардонидани самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону кормандони факултет аз нигоҳи мазмун, сифат ва шумора. Натиҷаҳои тадқиқотҳои илмии анҷомдодаи устодони факултет бояд дар таҳия ва нашри монографияҳо, тафсирҳои илмӣ-оммави қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, фишурдаҳо, доктринаҳо, мақолаҳои илмӣ, омода ва пешниҳоди хулоса ба матни лоиҳаи қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо, қарорҳои Пленуми Суди Олии ҶТ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёбанд. Таваҷҷуҳи хоса ба нашр намудани мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳое, ки шомили руйхати Комиссияи Олии Аттестатсионии ФР мебошанд ва ба низоми ИРИИ (индекси руссиягии иқтибосҳои илмӣ) дохил карда шудаанд, дода шавад. Нашри маҷаллаи факултети ҳуқуқшиносӣ «Ҳаёти ҳуқуқӣ» бо ҷалби муаллифони ватаниву хориҷӣ ҷоннок карда шуда, барои ба қайд гирифта шудани маҷаллаи «Ҳаёти ҳуқуқӣ» ба сифати маҷаллаи таҷассумкунандаи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ аз ҷониби Комиссияи Олии Аттестатсионии ФР тадбирҳо андешида шавад.
– Омода намудани кадрҳои илмӣ – омӯзгории касбӣ дар низоми таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ. Дар ин самт бартарӣ ба тавсеа бахшидан ба самти омода намудани аспирантон ва докторантҳо дода шавад. Баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисос дар доираи аспирантура ва докторантура бояд самтҳои илмии кафедраҳои факултет таҷдиди назар карда шуда, мавзӯҳои рӯзмарра, замонавӣ ва фарогири дурнамои илмидошта муайян карда шавад;
– Вусъат бахшидан ба анҷом додани тадқиқотҳои илмӣ-амалӣ дар доираи бурсияҳо, созишномаҳои ҳамкорӣ ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷавӣ. Дар робита ба ин масъала зарур аст, ки мавзӯъҳои афзалиятноки тадқиқотӣ, соҳаҳои истифода (татбиқ) шудани натиҷаи онҳо муайян карда шуда, дар ин робита бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ, институтҳои молиявӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ҳамкории судманд роҳандозӣ карда шавад.
– Бо назардошти имконоти мавҷуда таъсис додани Шӯроҳои диссертатсионии анъанавӣ ва аз рӯйи низоми PHD.
– Истифодаи мақсадноки докторантура дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ. Докторантҳоро зарур аст, ки дар мавзӯъҳои афзалиятнок ва арзишманде, ки барои рушду инкишофи низоми ҳуқуқии Тоҷикистони муосир созгоранд, тадқиқотҳои илмӣ анҷом диҳанд.
– Тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура ҷоннок карда шуда, ҷалби аспирантон ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона бо назардошти риояи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Ба мақсад мувофиқ аст, ки аспирантон аз ҳисоби хатмкунандагони фаъоли факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намудаанд, забони давлатӣ ва хориҷиро хуб медонанд, ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ доранд, ҷалб карда шаванд. Аспирантонро зарур аст, ки дар мавзӯҳои афзалиятнок ва арзишманде, ки барои рушду инкишофи соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи кишвар созгоранд, тадқиқотҳои илмӣ анҷом диҳанд.
– Кафедраҳои тахассусӣ омода намудани кадрҳои илмӣ-соҳавиро тавассути институти унвонҷуӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дода, ба ҳайси унвонҷуй шахсони болаёқат, донишманд, тафаккури илмӣ-интиқодӣ доштаро ҷалб намоянд. Унвонҷӯён вазифадоранд, ки дар мавзӯъҳои рӯзмарраи афзалиятноки ҳуқуқшиносӣ тадқиқоти илмӣ анҷом диҳанд.
– Устодони соҳибтаҷриба ва соҳибмактаб (профессорон ва дотсентон) метавонанд маҳфилҳои илмии инфиродии худро таъсис дода, ба ин васила доираи муайяни донишҷӯёнро ба тадқиқи мавзӯъҳои алоҳидаи илмӣ ҷалб намоянд.
– Тақвият бахшидан ба рушди алоқаҳои илмҳои ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқӣ, фаъолона истифода намудани донишҳои байнисоҳавӣ дар таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ бо ба инобат гирифтани дурнамои ташаккули фанҳои илмии байнисоҳавӣ (юрислингвистика, политологияи ҳуқуқшиносӣ, конфликтологияи ҳуқуқӣ);
– Дар мувофиқа бо Раёсати Донишгоҳ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Комиссияи Олии Аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Омода намудани донишҷӯён барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ.
3.1. Яке аз самтҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии факултетро таъсис ва фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолияти маҳфилҳои илмии назди кафедраҳоро муттаҳид менамояд. Ба мақсад мувофиқ аст, ки хело бармаҳал ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ донишҷӯён дар рӯҳияи анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тарбия карда шаванд. Ба ин хотир онҳо метавонанд фаъолияти худро дар ин ва ё он маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо ба роҳ монанд. Донишҷӯён имкон доранд, ки таҳти роҳбарӣ ва машварати роҳбарони илмии хеш аз ҳисоби устодони соҳибтаҷриба ва унвони илмидошта ба тадқиқу баррасии мавзӯъҳои рӯзмарраи илми ҳуқуқшиносӣ даст зада, дар иртибот ба ин масъала корҳои курсӣ, рефератҳо, маърӯзаҳои илмӣ, корҳои озмунӣ, рисолаҳои дипломӣ таҳия намоянд.
Садорати факултет ва кафедраи тахассусӣ қобилияту истеъдоди донишҷӯёнро ба инобат гирифта, бо назардошти имконоти мавҷуда метавонанд онҳоро барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо роҳи аспирантура ва унвонҷуӣ ҷалб намоянд.
Фаро гирифтани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз чунин вазифаҳо иборат мебошад:
1) ҳамгироии равандҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ;
2) ташаккули малакаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар ниҳоди донишҷӯён;
4) шиносоии донишҷӯён бо методологияи илмии муосир;
5) ташаккули малакаҳои кор бо адабиёти илмӣ;
6) ҷалби донишҷӯён ба корҳои илми тадқиқотии факултет;
3.2. Дар раванди таълим истифода намудани технологияҳои муосири таълимӣ бо мақсади ташаккулёбии малакаҳои ибтидоии мустақилона ташкил ва анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ. Дар робита ба ин, истифодаи шаклҳои зерини омӯзишӣ бо унсурҳои зерини тадқиқоти илмӣ ба роҳ монда мешавад:
– гузаронидани семинарҳои илмӣ-методӣ дар заминаи кафедраҳои факултет, бурдани донишҷӯёни курсҳои I ба Китобхонаи миллӣ бо мақсади ташаккул бахшидан ба малакаи кор бо адабиёти илмӣ, базаи маълумот, номгӯйи (каталогҳои) библиографӣ ва аз худ намудани усулҳои тайёр ва навиштани маърузаҳои илмӣ, корҳои курсӣ, дипломӣ ва ғайра;
– гузаронидани коллоквиумҳо (семинарҳо) роҷеъ ба шарҳи адабиёти илмии ба мавзӯъҳои гуногун ва қисматҳои фанни таълимӣ алоқамандбуда;
– додани машварат оид ба иҷро намудани рефератҳо, корҳои курсӣ, рисолаҳои дипломӣ;
– ташаккули малакаи навиштани тақриз аз ҷониби донишҷӯён ба монография ва мақолаҳо ҳамчун тавсия дар семинарҳо.
– ташкили гурӯҳҳои эҷодӣ-тадқиқотии донишҷӯён дар доираи семинарҳо барои ташхиси қонунҳои алоҳидаи амалкунанда;
– гузаронидани конфронси илмӣ-таълимӣ барои донишҷӯён дар интиҳои соли таҳсил;
3.3. Корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, ки раванди таълим ва тадрисро мукаммал менамояд:
– мусоидат намудан ба маҳфилҳои илмии донишҷӯёни назди кафедраҳои тахассусии факултет;
– мусоидат ва ҳамоҳангсозии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет. Самти асосии фаъолияти Ҷамъияти илмии донишҷӯён бояд чунин бошад: иштирок дар ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар, озмунҳои корҳои илмии донишҷӯён, ҷалби донишҷӯён барои ширкат дар конфаронсҳо ва олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун;
– номгӯи беҳтарин мақолаҳои илмии донишҷӯён ва нашри он дар маҷаллаҳои илмии факултет ва донишгоҳ;
– иштироки донишҷӯён дар конфронсҳои илмӣ, олимпиадаҳо ва озмунҳо;
– ташкил ва гузаронидани конфронси илмӣ-амалии солонаи донишҷӯён ва олимони ҷавони факултет (апрел);
– ташкили озмун байни донишҷӯёни факултети ҳуқуқ барои беҳтарин кори курсӣ (ҳар сол дар моҳи май ва июн);
-ташкил ва гузаронидани «Рӯзи илми донишҷӯ»;
– гузаронидани озмуни «Беҳтарин донишҷӯи сол» аз рӯи натиҷаҳои иштироки донишҷӯён дар фаъолияти илмии факултети ҳуқуқшиносӣ (ҳар сол дар моҳи май ва июн);
– муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд ва дастгирии донишҷӯёне, ки кӯшиши идомаи таҳсил дар аспирантураро доранд, мусоидат ба донишҷӯён дар интихоби масоили тадқиқоти рисолаи оянда ва интихоби маводи тадқиқотӣ;
– таъсис додани махзани маълумот дар кафедраҳои тахассусии факултет бо мақсади расонидани ёрии илмӣ-методӣ барои корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён;
– ташкил намудани махзани электронии беҳтарин нашрияҳои илмии донишҷӯён;
– ҷойгир намудани маводҳои иттилоотӣ оид ба чорабиниҳои илмӣ- тадқиқотии донишҷӯён дар ВАО ва сомонаи факултети ҳуқуқшиносӣ.
V.БАХШИ ТАРБИЯ
Фаъолияти тарбиявӣ фарогири қисми таркибии Барномаи рушди факултет маҳсуб меёбад. Мақсади фаъолияти тарбиявии факултети ҳуқуқшиносиро тарбияи донишҷӯёни факултет дар рӯҳияи меҳанпа-растӣ, хештаншиносӣ, адолат, бовиҷдонӣ, шарафмандӣ, росткориву накукорӣ, поквиҷдонӣ, эҳтироми устодон, калонсолон ва ҳамсабақон тавассути амалӣ намудани низоми чораҳои мақсадноки тарбиявӣ, ташкил медиҳад.
Мутобиқ ба ин ғояҳо тарбияи донишҷӯён тавассути чораҳои тарбиявии мақсадноки ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ба амал бароварда мешавад. Низоми тарбия дар ҳамбастагӣ бо тарбияи ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, меҳнатӣ ва маънавӣ бунёд меёбад. Амалишавии низоми тарбия ҷалб гардидани анъанаҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ, мероси маънавӣ, анъанаҳои сиёсӣ-ҳуқуқиро тақозо менамояд. Корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯён пайваста, мутассил ва муназзам ба роҳ монда мешавад. Тарбияи донишҷӯён метавонад пас аз хатми донишгоҳ роҳандозӣ карда шавад ва ба ин мақсад ҳатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ташаккул ва густариши фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ метавонанд саҳмгузор бошанд.
Ба сифати чораҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти тарбиявӣ баромад менамоянд:
– тарбияи донишҷӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллӣ, муқаддас донистани тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистон;
– риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ ва қоидаҳои донишҷӯӣ;
– аз истифодаи телефонҳои мобилӣ дар бино ва саҳни донишгоҳ қатъиян худдорӣ намудан;
– тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи иҷрои бемайлони Дастурамали сару лисбосҳои намунавии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
– фаъолияти сарпарастони гуруҳҳои академӣ бо назардошти самтҳои афзалиятноки вусъат додани корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯён ҷоннок карда шавад. Дар ин росто ба мақсад мувофиқ дониста мешавад, ки сарпарастони гуруҳҳои академӣ оид ба тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишҷӯён соҳибиттилоъ буда, пайваста аз аҳволи онҳо бохабар бошанд;
– ба роҳ мондани дарсҳои кураторӣ ба мавзӯъҳои рӯзмарраи ҳаёти тарбиявӣ;
– ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди корӣ бо волидайни донишҷӯён дар партави иҷрои талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»;
– ҷалби падару модари донишҷӯён дар самти азхудкунии дарсҳо, рафтор ва одоби муоширати донишҷӯ ва дар баланд бардоштани сифат ва сатҳи донишандузӣ;
– андешидани чораҳои муассир дар самти таъмини иштироки донишҷӯён ба дарсҳо;
– тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи муносибати оштинопазир бо равияҳои сиёсӣ-динии хусусияти ифротгароӣ ва радикалидошта, раҳоӣ бахшидани донишҷӯ аз хурофот ва таассуб;
– вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои саривақт ҳозир шудан ба дарс, бо автомашинҳои шахсӣ ҳозир нашудан ба Донишгоҳ; ҳозир шудан ба донишгоҳ бо ҷузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ, риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ, худдорӣ намудан аз кашидани носу сигор, нӯшокиҳои спиртӣ, маводи мадҳушкунанда, офтобпараст, сақич дар ҳудуди донишгоҳ ва хобгоҳҳо;
– риоя намудани талаботҳои шартномаи бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба имзо расонидаи дутарафа ва сетарафа;
– вусъат бахшидан ба иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар конфаронсҳои минтақавӣ, байналхалқӣ ва дар курсҳои бозомӯзӣ;
– мунтазам бохабар шудан аз шароити зисту зиндагонии донишҷӯ дар хобгоҳ;
– ташаккули маданияти баланди ахлоқии донишҷуён;
– ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, ҷалби донишҷӯён ҷиҳати иштирок ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ;
– ташкил намудани вохуриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чеҳраҳои шинохтаи илми кишвар, хатмкунандагони факултет;
– тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи муносибати некбинона бо хонаҳои кудакони бесарпараст ва маъюб, муассисаҳои пӯшидаи бачагона;
– мусоидат намудан ба ташрифи донишҷӯён ба театрҳо, осорхонаҳо, намоишгоҳҳо;
– мусоидат намудан ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, адабӣ бо ҷалби адибон ва аҳли зиё;
– вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ оид ба нашрияҳои илмӣ, таълимӣ ва кор дар китобхона, махзани китобҳо ва ғ.;
– ҷалб намудани донишҷӯёни боистеъдод ба намудҳо ва жанрҳои гуногуни санъати мусиқӣ, маданӣ ва варзиш;
– ба роҳ мондани маҳфили зеҳнии донишҷӯён;
– тарбия намудани донишҷӯ дар хусуси муносибати эҳтиёткорона бо моликияти давлатӣ, донишгоҳӣ дар хобгоҳ;
– тарбияи завқи эстетикии донишҷӯён;
– гузаронидани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар хусуси пешгирии касалиҳои зуҳравӣ ва СПИД;
– гузаронидани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ марбут ба пешгирӣ сохтани омилҳои сар задани зуҳуроти номатлуб, аз қабили нашъамандӣ, майпарастӣ, маҳалгароӣ, омилҳои коррупсионӣ ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон;
– ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии донишҷӯён;
– дастгирии ташаббусҳои донишҷӯён оид ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон;
– эҳтиром ба арзишҳои умумибашариву ватанӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон,
– густариши таҳаммулпазирӣ дар ниҳоди донишҷӯ;
– мусоидат намудан ба ҷалби донишҷӯён ҷиҳати пешбурди фаъолияти тарбиявии онҳо бо роҳи таъсис додани созмонҳои ҷамъиятӣ (Созмони ҷавонон, иттифоқи касаба ва дигар гуруҳҳои ташаббускор).
VI. БАХШИ ҲАМКОРИҲО ВА РОБИТАҲОИ БЕРУНА
Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолияти худро дар асоси ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфид ва мутақобилан судманди дуҷониба бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумда мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомти судӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои мақомоти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ менамояд.
Ҳамзамон факултет ва кафедраҳои тахассусии онро ба мақсад мувофиқ аст, ки дар мувофиқа бо Раёсати Донишгоҳ ҳамкориро бо дигар марказҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, факултетҳои марбута ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ оид ба масъалаҳои мавриди назар ба роҳ монанд.
Масъалаи вусъати ҳамкориҳои беруна бо марказҳои бунуфузи ватанӣ ва хориҷӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии факултет қарор дошта, бо назардошти дурнамо тавсеаи робитаҳои беруна дар самтҳои зерин роҳандозӣ карда мешавад:
– ба имзо расонидани шартномаҳои дуҷониба бо мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ҳуқуқмуҳофизавӣ дар масъалаи ба кор таъмин намудани муттахассисони ҷавон ва ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пеш аз дипломӣ;
– мусодат намудан ба такмили бозомӯзии омӯзгорону донишҷӯён дар муассисаҳои бонуфузи илмӣ-таълимии ватанӣ ва хориҷи кишвар;
– тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои байнифакултетӣ ва байнидонишгоҳӣ дар соҳаи таълимоти ҳуқуқшиносӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар, аз ҷумла бо давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай;
– андешидани тадбирҳо ҷиҳати шомил гардидани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба узвияти Ассотсиат-сияҳои минтақавӣ, байнидавлатӣ ва байналмиллалии ҳуқуқшиносон;
– вусъат додани ҳамкорҳои дуҷониба миёни олимони ҳуқуқшинос бо хамкоронии хориҷии онҳо;
– тақвияти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дарёфти грантҳо ва бурсияҳо ҷиҳати пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ.
– бо мақсади дастрасии иттилоот ба аҳолӣ, мақомоти давлатӣ, донишҷуён, волидайн ва намояндагони қонунии онҳо, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии факултет, бознигарӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти сомона ва суроғаи электронии факултет дар шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТ.
VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ
Амали Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 нисбат ба омӯзгорон, кормандон, ҳамкорон, соатбайъҳои факултет ва омӯзгорони дигар факултету кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз рӯйи нақшаҳои таълимии амалкунанда тадриси фанҳои мушаххасро амалӣ менамоянд, паҳн мегардад.
- Аз рӯйи зарурат ба Барномаи мазкур тағийроту иловаҳо ворид кардан мумкин аст. Ворид намудани тағийру иловаҳо бо он тартибе, ки Барнома қабул шудааст, сурат мегирад.
- Вазъи иҷрои Барнома аз ҷониби гуруҳҳои корӣ, муовинони декан ва роҳбарони сохторҳои марбутаи факултет, мудирони кафедраҳо мавриди омӯзиш ва назорати доимӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи он ба Шӯрои олимони факултет гузориш пешниҳод менамоянд.