Шуъбаи Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (93010100) бо дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таҳти № АУ 0000575 дар соли таҳсили 2009-2010 таъсис дода шудааст. Дар ихтисоси мазкур донишҷӯён муддати 5 сол таҳсил намуда, мутахассисон барои муассисаҳои иҷрои ҷазо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайёр карда мешаванд. Дар ин ихтисос таҳсил дар шакли ғоибона ва рӯзона сурат мегирад. Шуъбаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ таъсис дода шуда, сарпарастии умумии таълимию методии он ба зиммаи кафедраи мазкур вогузор карда шудааст.
Таҳсил дар шуъбаи мазкур ба тариқи ройгон ва ғайриройгон сурат мегирад. Дар соли 2012 маблағи яксолаи шартнома барои ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ 4950 сомониро ташкил медод.
Айни ҳол дар ихисоси мазкур 151 нафар донишҷуён дар шуъбаи рӯзонаи фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ таҳсил менамоянд.