Фарҳанги ҳуқуқӣ дар фарогири умумифарҳангӣ

 Насурдинов Э.С.

доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсенти

кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ

       Ибораи лотинии «agri cultura» баёнгари фаъолияти инсон дар бахши коркарду кишту кори замин ва умуман корҳои заминдорӣ мебошад. Номвожаи «colere-cultura» ифодагари маънии парвариш, коркард, беҳсозӣ ва нигаҳдорист. Сипас вожаи «cultus» барои баёни маънии арҷгузорӣ ба кор гирифта шуд. Ҳарчанд мафҳуми «культура» баргирифта аз вожаи «cultura»-и лотинӣ мебошад, вале пайдоиши фарҳанг чун гунаи ташкили фаъолияти инсонӣ мутааллиқ ба давраҳои оғозини инкишофи ҷамъият аст. Фаъолияти инсон дар робита ба таъсири ӯ ба табиат корҳои кишоварзӣ, дастёбӣ ба ниёзҳои моддиву маданӣ хеле пеш берун аз марзҳои ҷаҳони Ѓарб ва қисман Руми Бостон пайдо шуда буд. Нахустин пиндорҳо дар бораи фарҳанг миёни мардуми Шарқ ҳангоми пайдойиш бо номвожаҳои гуногун ифода мешуданд. Чунончи дар миёни чиниёни бостонӣ «жен» ва дар Ҳиндустони Бостон вожаи «дҳарма» мафҳуми фарҳанг буданд. Шеваҳои заминдориву кишоварзӣ ва дигар шаклҳои фаъолияти инсон дар соҳаи ҳайвонотпарварӣ, бозоргонӣ, ҳунар ва ғайра дар кишварҳое чун Байнуннаҳрайн, Сумер ва Аккад, Юнони Бостон ба комёбиҳои чашмрас даст ёфтанд. Таърихи фарҳанги Юнони Бостон беш аз панҷ ҳазор солро фаро мегирад.[1] Нахустин хиштҳои он ҳанӯз дар рӯзгори неолит (ҳазораи V-VI то м.) гузошта шудаанд. Заминдорӣ чун нишонаи фарҳанг дар Ҳиндустони Бостон ҳанӯз дар замони неолити оғозӣ (ҳазораи VI то м.) падид омада буд.[2]

        Таърихи фарҳанги урупоӣ низ пешинаи кӯҳан дорад, ки ба замони фарҳанги Юнони Бостон рӯзгори Ҳомер, пас аз Ҳомер ва даврони Элинист (Отинӣ) бозмегардад. Мафҳуми «фарҳанги отинӣ» [3]  ҳанӯз дар саддаи ХIХ аз ҷониби пажуҳишгари олмонӣ И. Драйзен ба илм ворид гардид.[4]    

        Миёни отиниҳои пешин мафҳуми «пайдея»-адаб-барои фарқ намудани отиниҳо аз барбарҳои «бефарҳанг» корбаст мешуд. Дар бораи фарҳанги римӣ ва нақши он дар инкишофи фарҳанги антиқа дидгоҳҳои мухталифе пешниҳод гардидаанд. Масалан, аз нигоҳи Е. М. Штаерман Рими Бостон дар муқоиса бо Афинаи Бостон фарҳанги баландеро поягузорӣ накарда буд.[5]

         Олими рус  С. Л. Утченко баръакс чунин мешуморад, ки Рими Бостон фарҳанги вижаи худро ба вуҷуд овард. Дар имтидоди замон дар даврони пасоримӣ истилоҳи фарҳанг ба вуҷуд меояд ва дар асрҳои миёна маъниҳои нав пайдо намуда, густариш меёбад. Тобишҳои тозаи маъноии он бештар ба маънии фарҳанг ва тарзу мазҳари зиндагии шаҳрӣ қаробат дорад. Дар ин миён калимаи «фарҳанг»-ро барои баёни камолоти шахсӣ истифода менамуданд. Дар даврони Эҳё мафҳуми «фарҳанг» ҳамчун меъёри башардӯстӣ ё инсонгароӣ тафсиру маънидод мешуд. Калимаи «фарҳанг» аз нимаи дувуми асри ХVIII дар афкори иҷтимоии урупоиён ворид гардид. Ҳамин тариқ истилоҳи фарҳанг дар давраҳои ибтидоӣ барои ифодаи таъсири инсон ба табиат аз ҷумла кишоварзӣ, кишту кор, коркарди замин, касбу кор, санъат ва ғайра истифода мегардид. Тадриҷан доираи маъноии истилоҳи мазкур густариш пайдо намуд. Истилоҳи фарҳанг баёнгари маънии тарбият, таълим, адаб, маълумотнокии инсон ва фаъолияти ӯ дар иртибот бо ормонҳои башардӯстӣ гардид. Дар инкишофи мафҳуми «фарҳанг» аз ҷумла наздиксозии он бо шуур, густариши малакаву истеъдодҳои ақлӣ риторики римӣ, Марк Тулли Сисерон нақши калон бозид. Номбурда ҳуқуқ ва фалсафаро ҳамчун фарҳанги руҳу ақл[6] тавсиф намуд.

        Баъдҳо калимаи «фарҳанг» ба маънии муаддабӣ, рӯшанфикрӣ, маълумотнокии инсон дар чаҳорчӯби ифодаҳои забонӣ низ густариши доманадоре пайдо кард. Категорияи «фарҳанг» дар муқоиса бо табиати ваҳшӣ барои тавсифи шеваҳои ташкили фаъолияти инсонӣ истифода мегардид. Андешамандони фаронсавӣ (Волтер, Тюрго, Кондорсе) бо ҷонибдорӣ аз бархурди маъқулона фарҳангро бо шуури инсонӣ алоқаманд мешуморанд ва онро ба сифати шакли оқилонаи зиндагӣ дар қиёс бо ваҳшигариву барбарӣ медонанд. Ҳуқуқшинос ва таърихдони олмонӣ С. Пуфер Дорф (1632-1694) ин истилоҳро нисбат ба «инсони маснуъи»-и тарбиятдидаи ҷомеа истифода намуд ва онро ба инсони «табии», яъне, бесавод муқобил гузошт. Файласуфҳо ва рӯшанфикрони олмонӣ И. Кант, И. Г. Фихте, Ф. В.И. Шеллинг, Г. В. Ф. Гегел, Ф. Шиллер, Г. Лессинг, И. Г. Гердер ва дигарон аз фарҳанг ҳамчун риштаи камоли зиндагии маънавӣ (шуур, ҳуқуқ, ахлоқ, адаб, зебошиносӣ, фалсафа, илм, дин) арзёбӣ мекунанд. Фарҳанг ҳамчун соҳаи озодии маънавии инсон арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла И. Кант фарҳанги қобилиятро бо фарҳанги тарбият муқобил мегузорад. Тавре  ки А. В. Гулига менависад: «ӯ намуди зоҳирӣ, «техникии фарҳанг»-ро тамаддун меномад. Кант инкишофи пурравнақи тамаддунро дида аз ҷудоии он аз  фарҳанг изҳори нигаронӣ мекунад. Фарҳанг дар ҳоли пешрафт аст, вале бисёр кунду оҳиста. Ин нобаробарӣ сабабгори бадбахтиҳои зиёди инсонҳо маҳсуб мешавад.[7]

     Ҳамзамон назарияи релиятивизми маданӣ низ (Г. Рикерт, Э. Кассирер, М. Вебер, Н. Я. Данилевский, П. А. Сорокин, А. Тойнби, О. Шпенглер) инкишоф меёбад, ки дар чаҳорчуби он саъю талош мешавад, то вижагиҳои низоми худмухтори арзишҳои маданӣ таъин гардад. И. Г. Гердер, ки дар охири солҳои 80-уми асри ХVII истилоҳи «фарҳанг»-ро вориди забони илм намуда буд, мустақиман ба баромади лотинии он ва иртиботи решаи он бо калимаи заминдорӣ ишора намуд. Дар китоби ҳаштуми худ «Идеяҳо дар перомуни фалсафаи таърихи инсоният» (1784-1791) ӯ зимни тавсифи «тарбияти навъи башар» ҳамчун «раванди генетикӣ ва органикӣ» аз ҷумла хотирнишон намуд, ки фарҳангро метавон ҳамчун кишту кори замин дар риштаи маориф низ ифода намуд. Калимаи «фарҳанг» миёнаҳои солҳои сиюми асри ХIХ ба қомуси забони русӣ ворид гардид. Соли 1837 китоби И. Ренофанс таҳти унвони «Китоби ҷайбӣ барои дӯстдорони қироати китобҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои русӣ»[8]  ба чоп расид, ки дар он калимаи мазкур дарҷ шуда буд.  Луғати мазкур барои шарҳи вожаи мавриди назар ду маъниро ҷудо намуда буд: нахуст, «Ѓаллакорӣ, кишту кор»; дуюм «босаводӣ».[9]

      Николай Бердяев дар иртибот бо ин чунин навишта: «ҳар як фарҳанг (ҳатто фарҳанги моддӣ) фарҳанги маънавӣ маҳсуб мешавад, ҳар як фарҳанг бунёди маънавӣ дорад, ба дигар сухан фарҳанг маҳсули кори эҷодии руҳ, хирад дар заминаи нерӯҳои қаҳҳори  табиӣ мебошад».[10]

         Файласуфи рус Н. К. Рерих (1874-1947) фарҳангро «гиромидошти Нур» номида буд ва дар мақолаи «Таҷзия» калимаи мавриди назарро ба ду қисмат «Култ» ва «Ур» ҷудо намуда, хотирнишон сохта буд, ки «култ» ҳамеша ҳамчун эҳтирому гиромӣ доштани Оғози Нек боқӣ мемонад ва калимаи «ур», ки маънояш Нуру Оташ мебошад.» [11]

       Дар асри ХIХ шарҳу тафсири буржуазӣ ва марксистии мафҳуми «фарҳанг» густариш меёбад. Фарқи шарҳи буржуазӣ ва марксистии мафҳуми «фарҳанг» дар муносибати онҳо ба маводе, ки фарҳанг аз он таркиб ёфтааст зоҳир мегардад. Ба ақидаи Ф. Энгелс дар фалсафаи буржуазӣ истеҳсолот ва муносиботи иқтисодӣ ҳамеша ҳамчун «унсурҳои дуюмдараҷаи «таърихи фарҳанг»[12] ишора гардидаанд.   

       Бархурди буржуази ба «фарҳанг»-ро марксизм чун бархурд ба шакли маънавӣ ва сиёсии инкишофи мустақили ҷомеаву инсон яктарафа, якҷониба мешуморад. Дар назарияи марксистии «фарҳанг»  маъмулан миёни фарҳанги моддиву маънавӣ фарқ мегузоранд. Фарҳанги моддӣ соҳаи фаъолияти моддиро (натиҷаҳои истеҳсолоти моддӣ) ва фарҳанги маънавӣ бахшҳои шуур, адаб, ахлоқ, илм, фалсафа, этика, ҳуқуқ, дин ва санъатро фаро мегирад.

        Ба марксизм бархурди моддӣ таърихӣ ба фарҳанг хос аст, ки вобаста ба инкишофи ҷомеаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар идеяҳои тағйири таърихии навъҳои фарҳанг таҷассум мегардад. Вижагии ҷудонашавандаи назарияи марксисти ленинии фарҳанг бархурди синфӣ ба фарҳанг маҳсуб мешавад. Аз ҷумла фарқи фарҳанги синфи ҳоким аз фарҳанги оммаҳои истисморшаванда. Суханони В. И. Ленин дар бораи он ки «ҳар як миллат иборат аст аз оммаи коргару истисморшаванда, ки шароити зиндагиаш идеологияи демократӣ ва сотсиалистиро ба вуҷуд меорад»[13] ба сифати асоси ошкорсозии таззоди миёни фарҳанги истисморгарону истисморшавандагон, шинохти фарҳанги демократии оммаҳои халқ ва фарҳанги ғайридемократии истисморгарон хидмат намудааст. Назарияи марксисти мавзӯи идомат ва меросбарӣ дар инкишофи умумибашариро ҷонибдорӣ намуда, дар истифодаи комёбиҳои пешқадами фарҳанг дар таҳаввулоти ҷамъиятӣ иқдом меварзад.  

         Фарҳанги сотсиалистӣ ҳамчун механизми интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои пешқадами маданӣ арзёбӣ мегардад. Инкишофи ҳамаҷонибаи инсон тарбияти ахлоқӣ ва ватандустии он мақсади асосии фарҳанги сотсиалистӣ маҳсуб мешавад. Халқият, идеянокии коммунистӣ, коллективизми сотсиалистӣ, инсондустӣ, интернатсианализм, ватандустӣ хусусиятҳои фарқкунандаи фарҳанги сотсиалистӣ маҳсуб мешаванд. Назарияи фарҳанги сотсиалистӣ гуногунии фарҳанги миллиро ба расмият мешиносад. [14]

       Ба ақидаи И. В. Кондаков «яке аз тамоюлҳои роиҷ зимни таълими курсҳои таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар муассисоти таълимӣ, истифодаи маводи курси таърихи фарҳанг дар иртибот ба курси таърихи иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки фарогири мисолҳои тасвирии дорои муҳтавои мадани таърихӣ мебошанд, маҳсуб мешаванд. Чун қоида чунин маълумотҳое боиси истифодаи ахбор ва ованду далелҳое аз таърихи фарҳанг мегардад, ки тибқи нақшаи марксистӣ-ленинӣ роҷеъ ба инкишофи ҷомеаҳои инсонӣ пешниҳод шудааст. Ин амал дар навбати худ боиси содасозиҳои маълум, ки хоссияти вулгарии иҷтимоӣ доранд, ҳамчунин зуран сиёсикунонӣ ва идеологиякунонии таърихи фарҳанг мегарданд». [15]

       Дар чунин маврид «таърихи фарҳанг бо консепсияи умумииҷтимоӣ масдуд мегардад, барояш монеа месозад ва дар натиҷа тасаввуроти таҳрифшудае дар бораи гуногунии фарҳанг ҳамчун ваҳдати арзиши маънавӣ, ки хоси қонунмандии инкишофи он аст, ба вуҷуд меояд».[16]

     Дар радифи назарияи марксистии фарҳанг дар асри ХIХ дидгоҳҳои дигаре перомуни фарҳанг рушду тавсеа намуд. Масалан, дар Русия чунин ақидае перомуни фарҳанг ҳамчун омили инкишофи ҳувияти шахс шакл гирифт. Ба сифати намуна Н. Кириллов фарҳангро ба ҳайси фаъолияте, ки барои таҳрику бедорсозии «нерӯҳое, ки дар ниҳоди инсон дар ҳоли пинакрафтананд»,[17] арзёбӣ намуд. Дар заминаи густариши бархурди табиӣ-ҳуқуқии фарҳанг дидгоҳи дигаре роҷеъ ба фарҳанг ҳамчун андешаи сунъиву офаридаи инсон, ки ба ақидаи табиӣ  мухолифат дорад, рушду домана пайдо кард. Файласуфи олмонӣ С. Пуфендорф фарҳангро ҳамчун таззод ё мухолифи «вазъияти табиӣ» таъин намуд.

     Дар охири асри ХIХ ва оғози садаи ХХ дар чаҳорчӯби пажӯҳишҳои мардумшиносӣ, фарҳангшиносӣ, нажодшиносӣ, низомшиносиву вазифашиносӣ дар тадқиқотҳои Э. Б. Тейлор, Ф. Боас, А. Кребер, Р. Рэдфилд, Б. Малиновский, А. Радклифф Браун, Р. Мертон, Т. Парсонс, К. Леви-Стросс, М. Фуко, Р. Барт кансепсияи маданӣ, иҷтимоӣ, мардумшиносии сохторӣ, функсионализми сохторӣ ва сохторшиносӣ рушду густариш пайдо намуд. Дар «Фарҳанги забони русӣ»-и С. И. Ожегов истилоҳи «фарҳанг» чунин шарҳу маънӣ шуда:

        1) маҷмӯи комёбиҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсонҳо (таърихи фарҳанг; фарҳанги юнониҳои Бостон);

           2) ҳамчунин ба маънии маданӣ,   бофарҳанг (бофарҳанг, инсони бофарҳанг);

           3) кишту коридан ва нигаҳдории растаниҳо ё ҳайвонот (истеҳсоли катон, абрешимресӣ);

     4) растаниҳои кошташуда, ёхтаҳои (бофтаҳои) микроорганизмҳое, ки дар муҳити хос дар шароити озмоишгоҳҳо ва шароити саноатӣ парвариш ёфтаанд. (зироатҳои техникӣ, коштани бофтаҳои органикӣ).

       5) сатҳи баланди чизе инкишофи босуръат, қобилият (сатҳи истеҳсолот, қобилияти садои сарояндагон, тарбияти ҷисмонӣ, фарҳанги нутқ).[18]

         Дар «Луғати мухтасари сиёсӣ» фарҳанг ҳамчун «сатҳи муайяни таърихии инкишофи ҷомеа, нерӯҳои эҷодӣ ва қобилиятҳои инсон, ки дар шеваҳои ташкили зиндагӣ ва фаъолияти мардум ва дар арзишҳои моддӣ маънавие, ки онҳо офариданд, ифода ёфтааст». [19]

      Фарҳанг категорияи умумӣ, бунёдии илмӣ мебошад, ки гуногунии таърифу тафсирҳои онро ҳамчун мафҳум таъмин менамояд. Зимнан мафҳуми «фарҳанг» ба гунаҳои мухталиф маънидод мешавад. Барои он таърифи ягона мавҷуд нест. Ин вобаста ба он аст, ки фарҳанг мақӯлаи умумии шинохти илмӣ маҳсуб мегардад ва риштаҳои мухталифи зуҳури фаъолияти инсонро бозтоб менамояд. Мафҳуми «фарҳанг» фарогири ҳуқуқ,фалсафа, илм, мазҳаб, санъат, адабиёт, хат, таърихнигорӣ ва дигар шаклҳову натиҷаҳои фаъолияти инсонҳо мебошад. Тавре ки Т. Атахонов ва С. Сулаймонӣ хотирнишон сохтаанд фарҳанги тоҷикон «аз як сӯ тавассути расму анъанаҳои мардумӣ, расму оинҳои хонаводагӣ, шеваҳои заминдориву кишоварзӣ, ҳайвонотпарварӣ, савдо, оини давлатдорӣ, муносиботи байнидавлатӣ, илму маориф, шеваи тарбияву таълими насли ҷавон ва аз сӯи дигар тавассути адабиёти шифоҳиву хаттӣ, санъати мусиқиву бадеӣ, рақсу суруд ва ғайраҳо ба мо ба мерос мондааст».[20]

         2. Фарҳанг аз сӯи дигар ҳамчун шаклу шеваи фаъолияти инсонҳо, низоми меъёрҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳо, низоми арзишҳои моддиву маънавӣ, натиҷаи фаъолияти инсон, ҳамчун тарбия, маълумоти инсон ва ғайра фаҳмида мешавад. Дар адабиёти фалсафӣ ин падида ба шакли зер таъриф шудааст. «Культура (аз калимаи лотинии cultura-кишт, тарбия, маълумот, инкишоф, эҳтиром), шеваи хоси ташкил ва инкишофи фаъолияти инсонӣ мебошад, ки дар маҳсули моддӣ ва маънавии меҳнат дар низоми меъёрҳои иҷтимоӣ ва муассисот, дар арзишҳои маънавӣ «дар маҷмуи муносиботи инсонҳо ба табиат ва миёни худи онҳо пешниҳод мегардад». [21]

     Дар фарҳангшиносӣ мафҳуми «фарҳанг» ҳамчун «низоми усулҳои умумии маъниофаринӣ ва маҳсули падидашиносии ин маъниофаринӣ ва дар маҷмӯъ баёнкунандаи хосияти ғайритабии ҳастии инсонӣ»[22] маънидод мешавад.  

     Фарҳанг ба тамоми соҳаҳои фаъолияти иҷтимоӣ нуфуз мекунад. Тавре ки муаллифони китоби «Фарҳангшиносӣ» менависанд: «Ҳар соҳаеро аз ҷомеа агар интихоб кунем: соҳаи модди истеҳсолӣ (он ҷо ки истеҳсоли воситаҳои моддии ҳаётан зарур сурат мегирад), иҷтимоӣ (риштае, ки дар он таҷдиди ҷисмонии афрод сурат мегирад) соҳаи сиёсӣ (дар ин ришта талош барои роҳбарӣ ва ҳокимият бар ҷомеа шакл мегирад) соҳаи маънавӣ (маконе, ки истеҳоли маънавӣ амали мегардад)-ҳама ҷо фарҳанг ҳузур дорад».[23]

        Категорияи «фарҳанг» ба гуногунии маҳфуми он нигоҳ накарда дорои нишонаи умумие мебошад, ки моҳияти фарқкунандаи онро таъин месозад. Тамоми заминаҳои фаҳмиши фарҳанг чунин як нишонаи умумиро доро мебошанд. Нишонаи умумии фарқкунандаи фарҳанг ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар он зоҳир мегардад, ки он шеваҳо ва шакли ташкил ва инкишофи фаъолияти инсонҳоро собит менамояд. Аз рӯи ин нишона фарҳанг фаъолияти инсонҳоро аз дигар шаклҳои зиндагии биологӣ фарқ мекунад. Фарҳанг нишонаи ҷудоинопазири фаъолияти башарӣ аст. Он дар ҷаъмияти инсонӣ пайдо шуда дар ҷараёни фаъолияти моддӣ ва маънавии инсонҳо дар раванди муносибати мутақобилаи онҳо ва ҷараёни таълиму тарбият шакл мегирад. «Фарҳанг» маҳак ё мушаххасаи ҷомеаи инсонӣ мебошад. Ба ақидаи олимони ватанӣ Т. Атахонов ва С. Сулаймонӣ «фарҳанг бо инсон сатҳи донишу камолот тарбият ва фаъолияти меҳнатии он пайванди танготанг дорад».[24] Фарҳанг фарогири тамоми рафтору кирдорест, ки аз ҷониби инсон сурат мегирад. Ба як сухан фарҳанг маҷмӯи меъёрҳоест, ки дар меъёрҳои маданӣ сабт шудааст.[25]

      Ҳамзамон шаклҳову шеваҳои ташкили фаъолияти инсонҳо дар давронҳои мухталифи инкишофи таърихӣ миёни халқҳои мухталиф дар чаҳорчӯби дину мазҳабҳо умумиятҳои нажодиву миллӣ, рушду густариш намудаанд. Аз ин рӯ тибқи меъёрҳои таърихӣ навъҳои зерини фарҳангро мисли фарҳанги Месопотамии, фарҳанги Юнони Бостон, фарҳанги Атиқа, фарҳанги исломӣ, фарҳанги ғарбӣ, фарҳанги русҳо, фарҳанги тоҷикон ва ғайра ҷудо месозанд. Дар радифи фарҳанги умумиинсонӣ дигар зуҳуроти маданӣ дар соҳаҳои мухталифи фарҳанги инсонӣ мавҷуданд. Аз рӯи меъёри мазкур масалан миёни фарҳанги хатӣ, фарҳанги бадеӣ, фарҳанги сиёсӣ ва ғайра фарқ мегузоранд. Фарҳанг ҳамчунин баёнгари шууру рафтори ашхоси ҷудогона мебошад. Аз рӯи нишонаи мазкур фарҳанги шахсӣ ҷудо карда мешавад. Фарҳанг ҳамчунин вижагиҳои шууру фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиеро таҷассум месозад. Меъёри мавҷуд имкон медиҳад фарҳанги қабатҳои гуногуни иҷтимоӣ аз ҳам ҷудо карда шавад. Дар давраҳои мухталифи таърихӣ дар чаҳорчуби назарияҳои гуногун таърифҳои мухталифи мафҳуми фарҳанг сурат гирифтааст. Дар китоби муҳаққиқи англис Л. Е. Кертман, ки соли 1987 ба чоп расида буд, беш аз 400 таърифи мафҳуми «фарҳанг»[26] гирдоварӣ шудааст. Муҳаққиқи франсавӣ  А. Мол дар охири солҳои асри гузашта беш аз 250 таърифи мафҳуми фарҳангро баршумурда буд.[27]

        Дар адабиёти шуравии охири солҳои 90-уми асри гузашта то 500 таърифу ташреҳи мафҳуми фарҳанг мавҷуд буд.[28] Аз рӯи шумориши бархе аз олимон теъдоди таърифҳои додашуда ба фарҳанг қариб ба ҳазор мерасад.[29]

      Бо назардошти теъдоди таърифу шарҳҳои мафҳуми «фарҳанг» дар адабиёти фарҳангшиносӣ ва фалсафӣ гурӯҳбандӣ ва таснифи мухталифи онҳо пешниҳод гардидааст. Мавҷудияти таърифҳои пуршумори илмӣ ва фалсафии мафҳуми фарҳанг дар адабиёти ҷаҳон имконият намедиҳад то ба он ҳамчун мавзӯи оддӣ ва маъмулӣ бархурд шавад, балки бархурди мушаххасу муайяну соҳавиро тақозо мекунанд.[30]

     Дар адабиёти муосир мафҳуми фарҳанг дар чаҳорчӯби таҳқиқоти гуногуни назарӣ шарҳу баён мегардад. Масалан Н. И. Воронин дар доираи бархурди корбурдии мафҳуми «фарҳанг» онро ба шакли зерин зикр месозад: «фарҳанг ин падидаи бисёрвазифаӣ буда маънояш интиқоли таҷрибаи иҷтимоӣ аз насл ба насл аст».[31] Фарҳанг ҳамчунин ба маънии «корбурди амалии арзишҳои умумибашарӣ ва маънавӣ мебошад».[32]

       Академик В. С. Степин фарҳангро низоми таърихие медонад, ки бар мабнои барномаҳои биологии фаъолияти инсони инкишоф меёбад, таҷдиди истеҳсолот ва тағйири зиндагии иҷтимоиро дар тамоми зуҳуроти асосии он таъин менамояд.[33]

     Асоси шинохти фарҳангро «фаъолияти фаъоли эҷодии инсон ва мутобиқ ба он «инкишофи худи инсон ба сифати субъекти фаъолият ташкил медиҳад. Зимни чунин бархурд инкишофи фарҳанг «бо инкишофи шахсият дар ҳар соҳаи фаъолияти иҷтимомӣ созгорӣ дорад». [34]

       Омили инсонӣ зимни баёни мафҳуми фарҳанг ҳамчунин низоми таъғирёбандаи «усулҳо, тарзҳо, меъёрҳоро, ки сатҳу самти фаъолияти башариро тавсиф менамояд дар зеҳн шакл мегирад». [35]

        Бисёр вақт зимни шарҳи мафҳуми фарҳанг ба хосияти он ҳамчун шакли шуури ҷаъмияти ва ахлоқ дар қиёс бо зиндагии биологӣ таваҷҷуҳ карда мешавад. Масалан А. Я. Флиер зимни таъинсозии фарқиятҳои фарҳанг ҳамчун маҷмуи «тартибу низомҳои сунъӣ, ки инсонҳо дар домани табиат офаридаанд хотирнишон месозад, ки фарҳанг муҳити «сохтаи» зисти инсонҳост, ки тавассути шеваҳои хоси фаъолияти инсонӣ ташкил шудааст ва саршори натиҷаҳои ин фаъолият аст; ҷаҳони «сохташуда»-и шахсиятҳо, ки шууру ахлоқашон на танҳо тавассути манфиатҳои биологиву ниёзмандиҳои иҷтимоӣ танзиму асоснок мешавад…; ҷаҳони «мураттабшуда» тавассути ҷаъмияти инсонҳо, ки масоили иҷтимоӣ ва умумии экзистенсиалӣ мутаҳидашон намудааст…». [36]

        Дар чаҳорчуби пажӯҳишҳои семиотикӣ фарҳанг ҳамчун низоми нишонаҳо баррасӣ мегардад. Нишонаҳо дар ин маврид ашёе мебошад, ки фарогири иттилоотанд. Ашёи фарогири иттилоот дар бораи донишҳо, арзишҳо ва танзимгарон.. [37]

      Дар адабиёти хориҷӣ низ таърифҳои пуршумори мафҳуми «фарҳанг» мавҷуд аст. Муҳаққиқи амрикоӣ Л. А Вайф мафҳуми фарҳангро тавассути фарқиятҳои он аз рафтор шарҳу баён медорад. Миёни категорияҳои зиёди падидаҳову ашёҳо ӯ нишонаҳоеро таъин мекунад, ки танҳо ба қобилияти инсон дар додани аҳамияти рамзи ба андеша амалиётҳо ашёҳо ва қабули рамзҳо бастаги доранд. Ин гуруҳи ашёҳо ва ҳодисаҳо (идеяҳо, эътиқод, муносибот, эҳсосот, фаъолият, шаклҳои ахлоқ, анъанаҳо, қонунҳо, институтҳо, асарҳо ва шаклҳои санъат, забон, абзор, асбобу олоти меҳнат, механизмҳо) ва ғайра дар ду қаринаи мухталиф баррасӣ мегарданд, ки ҳамчун қаринаи соматикӣ ва экстрасоматикӣ шинохта шудаанд. Ашё ва падидаҳое, ки дар қаринаи соматикӣ баррасӣ гардиданд ва бо қобилиятҳои рамзии инсон иртибот доранд, ахлоқи инсон номида мешавад. [38] Дар қаринаи экстрасоматикӣ иртиботи ин ашёву падидаҳо бо якдигар муҳимтар аз иртиби онҳо бо вуҷуди инсон мебошад. Ашё ва ҳодисаҳо дар ин қарина фарҳанг номида мешавад.  Б. Малиновский мафҳуми «Фарҳанг»-ро чунин шарҳ медиҳад: «мероси иҷтимоӣ мафҳуми калидии мардумшиносии маданӣ мебошад. Маъмулан он фарҳанг номида мешавад». [39]

         Ба гуфтаи Эдвард Сепир истилоҳи «Фарҳанг» баёнгари «ҳар унсури моддӣ ва маънавии зиндагии инсонист, ки мероси иҷтимоӣ пешин аст». [40]

     Ралф Линтон таъкид меварзад: «мероси иҷтимоӣ фарҳанг номида мешавад… «фарҳанг ба маънии мероси иҷтимоии башарият аст…».[41]  Ҷеймс Форд хотирнишон месозад, ки «Фарҳанг метавонад комилан ҳамчун ҷараёни идеяҳо, ки аз фард ба фард тавассути ахлоқи рамзӣ, таълими шифоҳӣ ва тақлиду ишорот бигзарад».[42] Гоҳҳо мафҳуми фарҳанг ҳамчун мерос бо мамнуъиятҳо ва дастурҳо маҳдуд мешавад. Масалан, мафҳуми «фарҳанг»-ро ҳамчун «хотираи озоди коллективе, ки дар низоми муайяни мамнуниятҳову дастурҳо ифода ёфтааст, маънӣ мекунанд».[43]

     Фарҳанг ҳамчун мавзӯи омӯзиши фанҳои мухталифи илмӣ мисли фарҳангшиносӣ, мардумшиносии маданӣ, фалсафаи фарҳанг, фарҳанги иҷтимоӣ ва ғайра қарор мегирад. Дар Русия ва Тоҷикистон илми асоси дар бораи фарҳанг фарҳангшиносӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳоле, ки дар Ѓарб, бештар дар кишварҳои англисзабон истилоҳи фарҳангшиносӣ маъмулан маънии тангу фишурдае дорад, ки ҳадафаш омӯзиши фарҳанг дар чаҳорчӯби низоми маданӣ мебошад.[44]

     Соҳаи умумии байнафании таҳқиқотҳои ҷараёнҳои маданӣ дар ин кишварҳоро пажуҳиши маданӣ ташкил медиҳанд. (аз англ. cultural studies). [45]

      Мардумшиносии маданӣ гуногунии фарҳангҳои башарӣ, ҷомеа ва сабабҳои онро меомӯзад.  Ҷомеашиносии фарҳанг фарҳангро омӯхта, падидаҳои онро тавассути воситаҳои методологии ҷомеашиносӣ дар чаҳорчуби муносибатҳои мутақобилаи фарҳангу ҷамъият таъин намояд.[46]

        Дар фалсафаи фарҳанг таҳқиқотҳои вижаи фалсафӣ, моҳият аҳамият ва мақоми фарҳанг амалӣ мегардад.[47]

       Дар фарҳангшиносии муосир чунин даврабандии таърихи фарҳанг пазируфта шудааст. а) фарҳанги ибтидоӣ то чор ҳазор то с. мо.); б) фарҳанги дунёи Бостон (чор ҳазор сол то с. мо), ки  ин муддат фарҳанги Шарқи Бостон ва Атиқаро ҷудо месозад. в) фарҳанги асрҳои миёна (асрҳои V-XIV); г) фарҳанги даврони Эҳё (асрҳои XIV-XVI). д) фарҳанги даврони Нав (охири асри XVI-ХIX);. Мафҳуми фарҳанг ҳамчун тамаддуну фарҳанг дар асри XVIII- ва ибтидои садаи ХIX дар Аврупои Ѓарбӣ шакл гирифт. Баъдан ин мафҳум аз як сӯ фарқиятҳоро миёни гурӯҳҳои одамон дар Урупо ва аз сӯи дигар миёни шаҳрҳову мустамликаҳо фарогир шуд. Мафҳуми фарҳанг ҳамчун муодили мафҳуми (тамаддун) сивилизатсия мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҳар як ҷомеа метавон фарҳанги баланд, (нухбагон ё баргузидагон) ва фарҳанги мардумиро ҷудо намуд. Ба ҷуз ин мафҳуми фарҳанги омма, ки аз нигоҳи маъноӣ ва бадеӣ шакли содда ва дастраси ҳама аст, мавҷуд аст. Ин фарҳанг қодир аст, фарҳанги баланд ва фарҳанги халқиро аз майдон берун созад. Ба таснифи навъҳои фарҳанг гуногунии фарҳанги халқҳо таъсир мегузорад. Дар доираи кансепсияи «фарҳанги нухбагон» миёни «фарҳанги баланд» ё «фарҳанги нухбагон» ва «фарҳанги омма» фарқ гузошта мешавад, ки натиҷаи он ба эҳтиёҷу ниёзмандиҳои мардуми оддӣ нигаронида шудааст. Бо вуҷуди ин бисёре аз муҳаққиқон бар ин боваранд, ки фарҳанги омма метавонад дорои ҷанбаҳое бошад, ки фарҳанги нухбагон онро дорост. Ё ин ки сокинони мамолики «ғайри ғарбӣ» метавонанд ба андозаи кофӣ бофарҳангу бефарҳанг бошанд. Танҳо фарҳанги онҳо бо шаклҳои дигаре ифода мегардад. Ҳамчунин қобили зикр аст, ки дар бисёре аз таълифоти илмӣ ҳарду навъи фарҳангҳо «ҳам паст, ҳам баланд» мутааллиқ ба субкултураҳои гуногунанд. Файласуфи олмонӣ Освалд Шпенглер аз фарҳанг ҳамчун маҷмӯи халқҳои мухталиф ёд мекунад, ки силсилаи таҳаввулоти хусусиро аз сар мегузаронанд, ки имтидоди онҳо ба садсолаҳо мерасад ва ҳангоми таназзул аз нав дар шакли мутазоди худ-тамаддун зода мешаванд. Тамаддун ба фарҳанг ҳамчун давраи тарақиёте, ки онро иваз мекунад, муқобил гузошта мешавад, ҷое, ки зарфиятҳои эҷодии шахсиятҳои алоҳида қобили пазириш нестанд ва маҳаки асоси технисизми берӯҳу беҷони инсонӣ маҳсуб мешавад. Дар даврони Романтизм дар Олмон мафҳуми фарҳанг ҳамчун «ҷаҳонбинӣ» шакл мегирад ва мафҳуми «фарҳанги мутамаддин» густариш ёфта, дар муқобили «фарҳанги соддагаро» қарор мегирад. Дар ин даврон ҳамчунин саъйу кӯшиш ба харҷ дода мешавад то миёни «фарҳанги мутамаддин», «фарҳанги соддагаро» ва «фарҳанги қабилавӣ» фарқ гузошта шавад. Аз охири асри ХIХ шурӯъ карда, дар чаҳорчуби фанни мардумшиносӣ, мафҳуми фарҳанг, мазоҳири гуногуни ҷомеаҳоро фарогир шуд. Назарияи таҳаввулгароёна густариш пайдо намуд, ки дар доираи он зуҳури фарҳанг миёни мардум ҳамчун ҷараёни инкишофи башар арзёбӣ мешуд. Имрӯз мардумшиносон фарҳангро на танҳо ҳамчун маҳсули таҳаввули биологӣ ҳисоб мекунанд, балки онро унсури аслии мутобиқати инсон ба ҷаҳони хориҷ медонанд. Қаблан агар мардумшиносон фарҳангро дар дохили доираҳои хусусии он баррасӣ менамуданд, олимони муосир имрӯз бар ин боваранд, ки фарҳангро лозим аст ба таври васеъ дар муносиботи муштараки он бо фарҳангҳои мухталиф бояд таҳқиқу арзёбӣ намуд. Бояд хотирнишон намуд, ки ба инкишофи фарҳанг омилҳои зиёде мисли нуфузи истеъморгарӣ таъсири бузург мерасонад. Дар натиҷаи ин аъмол аст, ки иддаи зиёде аз иттиҳодияҳо ва ҷомеаҳо ноҳамгунии қобили мулоҳизае касб намуданд. Баъзе аз мардумшиносон хотирнишон месозанд, ки чунин гурӯҳҳое зери як фарҳанги умумӣ муттаҳид мегарданд ва ягона афзалияте, ки доранд имкони омӯзиши унсурҳои мухталиф ба сифати аносири субкултур аст. Гурӯҳи дигар аз онҳо бар ин ақидаанд, ки фарҳанги ягона наметавонад мавҷуд бошад, вале унсурҳои мухталиф метавонанд боиси шаклгирии иттиҳодияҳои мултикултур гарданд. Густариши аҳкоми мултикултургаро боиси зуҳури ҷунбишҳое барои худпоксозӣ гардид, ки талаботи он ба расмият шинохтани фарҳанги нодири зергурӯҳҳои иҷтимоӣ буд. Мафҳуми фарҳанг аз се қисмати таркиби иборат аст: арзишҳои ҳаётӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, маҳсулоти моддӣ. Арзишҳои ҳаётӣ, ки таҷассумкунандаи мафҳумҳои муҳимтарини зиндагӣ ҳастанд асосу бунёди фарҳангро ташкил медиҳанд. Меъёрҳои ахлоқӣ дар мафҳумҳои «ахлоқ», «мавозини ахлоқӣ» бозтоб гардида тарзу шеваи рафтору ахлоқи одамонро дар вазъиятҳои гуногун таъин мекунанд. Ахлоқ ҳамчунин дар қонунҳои давлатӣ инъикос мегардад. Маҳсулоти моддӣ ё осори моддии маданӣ аслан аз ду таркиби амалӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамрадифи мафҳуми «фарҳанг» ба таври васеъ мафҳуми дигаре бо номи субкултура истифода мешавад. Субкултура соҳаи хоси фарҳанг мебошад, ки ба таври мустақил ҳузур дорад, ҳамчунин таркиби аслии фарҳанги ҳокимро ташкил медиҳад ва ҳамзамон бо арзишҳову меъёрҳову расму оинҳои хосаш фарқ мекунад. Субкултурҳо метавонанд бар асоси усулҳои умумии эстетикӣ ва арзишҳои гурӯҳии одамон (субкултурҳои бадеӣ аз ҷумла мусиқавӣ), усулҳои нажодӣ анвои мавзеъгириҳои ҷаҳоннигарона (фалсафӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ) ва муносибати мутақобилаи дигар ширкаткунандагони фарҳанг ба зарфиятҳои ширкаткунандагоне, ки субкултураҳо ташкил медиҳанд, ба вуҷуд биёянд. Субкултураҳо ҳамчунин имкон доранд бар асоси ҳадафҳои умуми ва шеваҳои дастёбӣ ба онҳо (масалан субкултураи илмӣ ва мазҳабӣ) арзи вуҷуд кунанд. Ба тақвияту нерӯмандсозии муҳтаво ва аҳамияти субкултураҳо имкон дорад намояндагони маҳдуд ё намояндагони мардуме, ки фарогири онанд ва ё аз макони пайдоиши фарҳанг дур ҳастанд, мусоидат намоянд. (масалан фарҳанги муҳоҷирон). Дар ҷамъият субкултураҳои гуногуни гурӯҳҳои иҷтимоӣ мавҷуданд. Таҳлили бархурдҳои илмӣ методологии мазкур нисбат ба фарҳанг бояд асоси таъқиқотро дар шинохти фарҳанги ҳуқуқӣ ташкил намояд. Фарҳанг ва фарҳанги ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъу кул ба ҳам таносубу пайванд доранд. Фарҳанги ҳуқуқӣ бахши ҷудонашавандаи фарҳанг аст. Ба таъкиди С. В. Бочкарев «фарҳанги ҳуқуқӣ ин унсури умумии фарҳанги ҷомеа маҳсуб мешавад, ки таҷассумгари шеваи хоси мавҷудияти башар дар риштаи ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамчунин шеваҳои танзими ҳуқуқии муносиботи ҷомеа ҳамкориҳои муштараки субъектҳои муносибати ҷомеа ва муносибати иҷтимоии психологии онҳоро ба падидаҳои низоми ҳуқуқӣ мунъакис месозад».[48]

       Ҳуқуқ ва фарҳанг ба ҳам пайванди мустаҳкам доранд. Ҳуқуқ  ҳамчун унсури аслии фарҳанг ба таври мудовим дар ҳоли рушду инкишоф аст. Ҳуқуқ ҳамрадифи дигар дастовардҳои моддӣ ва маънавии фаъолияти мадании башар арзишҳо, меъёрҳо ва расму оинҳои он яке аз аҷзои сохтории фарҳангро ташкил мекунад.

         Фарҳанг ҳамчун низоми арзишҳои маънавӣ фарогири ҳуқуқ, андешаҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Муҳити маданӣ асари хешро бар ҳуқуқ мегузорад. Сатҳи инкишофи мадании ҷомеа дараҷаи рушди истеҳсолоти моддиву маънавӣ, инкишофи қобилиятҳои инсонӣ ба рушду камоли ҳуқуқ таъсиргузоранд.

      Гуногунии навъҳои фарҳанг (фарҳанги шарқи Бостон, атиқа, асримиёнагӣ) ва ғайра сабабгори навъҳои гуногуни шинохту маърифати ҳуқуқ, гуногунии ёдгориҳои ҳуқуқӣ, сатҳи мухталифи амалияи ҳуқуқӣ мегарданд. Фаҳмиши ҳуқуқӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, муносибат ба ҳуқуқ ва арзишҳои он, сифати аснод ва фаъолияти ҳуқуқӣ самаранокии танзими ҳуқуқӣ аз сатҳи ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, эстетикии шуур вобастагӣ дорад. Ёдгориҳои ҳуқуқӣ (қонунҳои Ману, қонунҳои Хамурапӣ, ҳуқуқи Салич, ҳақиқати Рус, кодекси Наполеон ва ғайра) ҳамзамон комёбиҳои фарҳанг ва осори эҷодиёти маънавӣ, маводи ёдгориҳои маданӣ маҳсуб мешаванд. Асноди хаттии Бостон, ки то замони мо омада расидаанд (декларатсияи Кири Бузург) осори моддии маданӣ ҳисоб мешаванд. Ёдгориҳои таърихии ҳуқуқӣ, комёбии бузурги инсоният дар риштаи ҳуқуқ маҳсуб мегарданд. Ин ёдгориҳо иттилооти арзишмандеро дар бораи давраҳои таърихӣ фаъолияти инсонҳо меъёрҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ сатҳи инкишофи ҳуқуқӣ фарогир мебошанд. Ёдгориҳои таърихии ҳуқуқӣ бо муҳите, ки дар он офарида шудаанд пайванди ногусастанӣ доранд. Маҳз бар асоси ёдгориҳои ҳуқуқӣ аст, ки метавон роҷеъ ба сатҳи фарҳанг дар давраҳои муайяни инкишофи таърихи дар бораи комёбиҳои маданӣ меъёрҳои фаъолияти ҷомеа ва арзишҳои маънавӣ ибрози назар намуд. Тамаддуни як ҷомеа ба таври мустақим дар сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва шаклҳои ифодаи он инъикос мегардад. Сатҳи инкишофи маданӣ ба таври умум ба муҳтавои ёдгориҳои ҳуқуқӣ асаргузор аст. Масалан ёдгориҳои хаттии фарҳанги ҳуқуқии тоҷикон («Сиёсатнома», «Қобуснома», «Синдбоднома» ва ғ), ки дар асрҳои миёна таълиф гардидаанд, ҳамзамон ёдгориҳои ҳуқуқӣ, осори бадеӣ, шаклҳои бозтоби инкишофи хат ва ғайра маҳсуб мегарданд. Осори мазкури классикони афкори иҷтимоӣ- сиёсии форсу тоҷик, ки баъдан ба бисёре аз забонҳои урупоӣ баргардон шуданд ҳамчун шоҳкори адабиёти ҷаҳон шинохта шудаанд. «Мероси классикии тоҷикон,-менависад Р. Ш. Сотиволдиев, кайҳост, ки дороии мардуми ҷаҳон гаштааст. Аз ҷумла Абуали Ибни Сино, Хайём, Ҳофиз, Фирдавсӣ ва дигаронро тамоми Аврупо мешиносад. Осори мансури қабл аз асрҳои миёна, ки баъдан ва бисёре аз забонҳо тарҷума шуданд, воқеан ба шоҳкори адабиёти ҷаҳон табдил гашта, дар ҷараёни ҳамкориҳои муштарак ва бозсозиҳои маданӣ мусоидат намуданд». [49]

       «Синдбоднома» ёдгории адабиёти мансури форсӣ-тоҷикӣ шуҳрати ҷаҳони пайдо намудааст. Тибқи иттиллои И. С. Брагинский Бостонитарин нусхаи ин асар ба даврони Аршакитҳо (250 с. то с. мо) рост меояд. Асоси онро ривояти паҳлавӣ ташкил медиҳад, ки дар асри VIII ба забони арабӣ тарҷума шуда, баъдан вориди «Ҳазору як шаб» гардида буд.

      Матни арабии он минбаъд дар асри ХI ба забони юнонӣ, ҳамчунин испанӣ, яҳудӣ, арманӣ, гурҷӣ, туркӣ, лотинӣ, фарансавӣ, итолиявӣ, англисӣ, олмонӣ, русӣ, венгерӣ, булғорӣ, полякӣ, словакӣ, чешӣ, руминӣ ва шведӣ тарҷума шуда буд. [50]

      Ба навиштаи Р. Ш. Сотиволдиев-, «Синдбоднома» энсиклопедияи хоси санъати шоҳист, ки дар он усулҳо ва қоидаҳои асосии давлатдорӣ коркарду амалисозии самтҳои асосии сиёсати давлат, қабули қарорҳои бохирадонаи сиёсӣ баён шудааст. Ҳамзамон бо идеяҳои сиёсӣ китоб фарогири андешаҳои ҳуқуқӣ дар иртибот бо қонун ва аҳамияти сиёсии он тартиби иҷрои қонун ва тобеият аз қонун мебошад. Китоб аҳкоми ҷолиберо дар бораи тартиби таъин ва иҷрои ҷазо ва амалисозии ҳуқуқи судӣ дарбар мегирад».[51]

      1. Чунин арзёбиеро роҷеъ ба ин асар академик Б. Ѓ. Гаффуров намудааст, ки бахше аз гуфтаҳояш нақл мегардад. «Сужаи аъҷобангези ривоят ба муаллифи асар имкон дода то масалҳои зиёдеро барои баёни донишҳои марбут ба давлатдориву кишвардорӣ дар шакли муъҷаз истифода кунад».[52]

       Мисолҳои болоӣ гувоҳ бар онанд, ки ҳуқуқ ва фарҳанг бо ҳам пайванди ҷудонашаванда доранд. Ҳуқуқ унсури ҷудоинопазири фарҳанг ва зуҳуроти маданист. Ба ақидаи С. С. Алексеев «ҳуқуқ зуҳури фарҳанг аст, ҳамчун соҳаи ифодагари шахсияти фардӣ эҷодиёт ва камолот». [53]

          Ҳуқуқ унсури фарҳанг ба шумор меравад. Зеро он ба соҳаҳои мухталифи зиндагии иҷтимоӣ нуфуз намуда ба он оғозу ҳаракат мебахшад. Фаъолияти ҷомеаро таъмин месозад ва аз ҷумла зиндагии маданиро фароҳам меоварад. Моҳияти ҳуқуқро ҳамчун падида С. С. Алексеев чунин шарҳ медиҳад: «ҳуқуқ дар навъи хоси хеш зиндагиро бо тамоми мазоҳири мураккабаш инъикос менамояд. Зуҳуроте, ки доманаи ниҳоят васеъ дошта, тамоми қабатҳои асосӣ ва амиқи зиндагиро (ташкили иқтисодии ҷомеа, сохтори сиёсии ҳукумат), чи ҳаётиву хонаводагиву маишӣ фарогир аст». [54]

      Ҳуқуқ ва фарҳанг ҳамеша бо ҳам дар чаҳорчуби сарчашмаҳои умумии генетикӣ ва дар ҷараёни таъсири мутақобила инкишофу рушд намудаанд. Ҳуқуқ аз замонҳои Бостон дар шаклҳои маданӣ таҷассум меёбад. Ҳанӯз дар замонҳои Бостон ва дар асрҳои баъдӣ ҳуқуқ дар устураҳо, адабиёт, санъат, ёдгориҳои маданӣ ва аз ҷумла дар зарбулмасалҳои хаттӣ бозтоб гардидааст. Сарчашмаҳои афкори ҳуқуқи ба асотир ва ҷаҳонбиниҳои динии ибтидоӣ рафта мерасад. Барои инъикоси тасаввуроти ҳуқуқӣ доир ба тартибу низоми ҳастӣ, сохтори зиндагии ҷамъиятӣ маҳаки муносиботи инсонӣ, рамзҳо истифода мешуданд. Барои мисол бозтоби рамзии «ҳуқуқ-адолат»-и умумӣ тибқи гуфтаи В. С. Нерсесянс «дар образи Худои адл (Маат-ба ақидаи мисриёни Бостон, Фемида-ба ақидаи юнониҳои Бостон) бо тарозуи адолат нишон дода шудааст. Имрӯз низ баъд аз гузашти ҳазор сол аз мавқеи донишҳои имрӯзини ҳуқуқӣ метавон гуфт, ки ин бозтоби рамзии Бостонии тасаввурот дар бораи адолати умумӣ ба таври комил ва дақиқ баёнгари моҳияти ҳаргуна ҳуқуқ ҳамчун усули умумӣ, миқёс ва андозаи баробарии шаклӣ мебошад. Аз ин рӯ имрӯз низ он ҳамчун рамзи зебои ҳуқуқу низоми ҳуқуқӣ рамзи фаъолияти ҳуқуқӣ ва пешаи ҳуқуқӣ, боқӣ монда, ҳузури фаъол дорад». [55]

       Дар Бостон ҳуқуқ дар муҳити хоси маданӣ ба вуҷуд омада, тавассути чунин зуҳуроти маданӣ мисли санъат ҳусни баён, адабиёт ва ғайра бозтоб шудааст. Тавре ки С. С. Алексеев хотирнишон месозад, «таърихи ҳуқуқ ва таърихи санъат дар ибтидо гӯё ба ҳам омезиш пайдо мекунанд. Далелҳои таърихӣ гувоҳ бар онанд, ки дар чунин сарчашмаҳои тамаддун мисли Юнони Бостон ва Рими Бостон фасоҳати сухани судӣ яке аз навъҳои асосии ҳусни баён буда, дар навбати худ риштаи муҳимтарини зиндагии маънавӣ, сарчашма ва омили инкишофи нутқи адабӣ будааст».

      2. Ҳуқуқ ҳамчун падидаи маданӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг, комёбии моддиву маънавии он падид омадаву рушду камол ёфтааст. Ҳуқуқи Бостон аз миёни рамзҳову розҳои маданӣ ки дар он даврон асоси моддӣ ва маънавиро ташкил медоданд, барои худ роҳ боз намудааст. Ҳуқуқ ва фарҳанг дар ибтидо якҷо рушду камол ёфтаанд. Тавре ки хотирнишон шуд ҳуқуқ бахши ногусастании фарҳанг маҳсуб мешавад. Адабиёт ва санъат ба сифати шаклҳои дастрасу муътамади бозтоби тасаввуроти ҳуқуқӣ хизмат намудаанд. Ба ақидаи С. С. Алексеев- «илми ҳуқуқ, ҳуқуқшиносӣ ҳамеша бо санъат, адабиёт ва театр пайванди танготанг доштааст. Дар Юнони Бостон масоили ҳуқуқӣ, низоъу таззодҳо миёни озодиву зулм дар фоҷиаи миёни Эсхилу Софокл таҷассум ёфта, дар саҳнаҳои театри Юнони Бостон ба намоиш гузошта шудаанд ва бар мабнои иттилооти мавҷуд мавриди истиқболи гарми тамошобинони замон қарор гирифтаанд». [56]

       Афкори ҳуқуқии тоҷикон ҳамчунин дар асотир мазҳабҳо осори манзуму мансур ва дигар зуҳуроти маданӣ бозтоби худро ёфтаанд. Дар ин миён адабиёт беш аз ҳар чизи дигаре барои инъикосу ифодаи афкори ҳуқуқӣ, таблиғи идеяҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ ба таври васеъ роиҷ будааст. Инъикоси афкори фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии форсҳо ва тоҷикон бо шеваи адабӣ сатҳи олии инкишофи худро пайдо намуда буд. Тавре ки Р. Ш. Сотиволдиев таъкид мекунад, насри форсӣ тоҷикӣ, ки дар оғози даврони асрҳои миёна барои ифодаи дидгоҳҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ҳамрадифи осори манзум қарор дошт: «бо ибороти фасеҳ, ороишоти адабӣ, ки хоси адабиёти он замон буд зиннат дода мешуд. Боварҳои мухталиф, ривоёт, зарбулмасалу мақолҳо, ибороти рехта, аҳодису оёти қуръонӣ, ҷузъи ҷудонашавандаи насри бадеӣ буданд. Нависандагон осори худро бо сабки саҷъ таълиф менамуданд, ки шомили қофиябандии хоси мансур буд. Онҳо устоди сухан буданд ва дар иншои осори адабӣ истеъдоди нодир доштанд ва махсусан он чи ки қобили мулоҳиза аст, бо тасаллути шеваҳои хос афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии худро бо далелҳо собит месохтанд ва дар исботи ақоиди худ тавассути унсурҳои насри мусаҷҷаъ бо образҳои мухталифи бадеӣ вижагиҳои шоҳи ормониро таҷассум менамуданд». [57]

      Насри адабӣ дар Аврупо низ яке аз шаклҳои нигориши афкори ҳуқуқӣ буд. Барои мисол метавон аз Ф. М. Решедников нақли қавл намуд. Номбурда китоби «Чезаре Беккариа» «Дар бораи ҷинояту ҷазо»-ро ҳамчун намунаи беҳтарини насри Аврупои асри XVIII арзёбӣ мекунад, ки бисёр муъҷазу фасеҳ таълиф шуда, ба хотири он ки «таъсири ҳадди аксарро ба хираду эҳсосоти хонандагон бигузорад». [58]

        Аз осори мутафаккирону нависандагони форсу тоҷик низ метавон чунин арзёбӣ намуд. Натиҷаву андешаҳои онҳо роҷеъ ба масоили ҳокимияту давлат, ташкили равиши давлатдорӣ, ҳуқуқ, қонун ва ғайра, «бо далелҳо баён шуда ва ба гунае пешниҳод гардидаанд, ки инкорнопазир ба назар мерасанд». [59]

    Адабиёт дар шуури ҷамъиятии асримиёнагии шарқи мусулмонӣ мавқеи пешбарро ишғол мекунад. Аксари файласуфон, табиатшиносон, диншиносон ва орифону суфиён[60]  барои ифодаи афкори хеш аз жанрҳои адабӣ фаровон истифода менамуданд. Ба ақидаи М. Хайруллоев «ишқу муҳаббат ба каломи хаттӣ ва шифоҳӣ мавриди таваҷҷуҳи густурдаи  тамоми равшанфикрон ва бо як сухан вижагии хоси фарҳанги он замон буд». [61]

       Тибқи арзёбии Г. Э. Гронебаум-«адабиёти араб ва форсизабон мисли адабиёти расмии дигар халқҳо, ки суннати арабиву форсиро қабул намуда буданд, бояд аз ҷониби олимон мавриди назар бошад». [62]

      Шакли дигари маълум ва афзалиятноки инъикоси афкори ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ фарҳанги ҳуқуқии асрҳои миёна дар қаламрави таърихии Тоҷикистон дин ҳамчун унсури ҷудонашавандаи фарҳанг маҳсуб мешавад. Вижагии хоси афкори сиёсии ҳуқуқии форсҳову тоҷикҳо дар асрҳои миёна аз он иборат буд, ки бо дин пайванди ногусастанӣ дошт ва масоили диншиносӣ, худошиносӣ мавриди таваҷҷуҳаш буд ва зимни тарҳу баррасии масоили сиёсии ҳуқуқӣ ба дастуроту раҳнамудҳои диншиносӣ такявар буд. Воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсии динӣ, ҳокимияти ҷаҳонбинии исломӣ қобили баҳс намудани Қуръон ва аҳодис, бидуни шак таъсири созгоре дар ҷаҳонбинии мардуми ҷомеа ва муҳити маданӣ гузоштанд. Ислом дар тули беш аз якуним ҳазор сол ҷузъи ногусастании халқҳои пуршумор аз ҷумла тоҷикон мебошад. Зимнан дар шароити ҳокимияти бидуни қайду шарти ислом ҳамчун идеологияи давлатӣ, дин ягона шакли ифодаи афкори ҳуқуқӣ маҳсуб мешуд. Дар давоми ҳазорсолаҳо ислом ба сифати шакли ташкилу инкишофи фаъолияти бисёре аз мардуми ҷаҳон, ки тамаддуни исломиро ташкил медоданд, хидмат намуд. Дар чаҳорчуби тамаддуни исломӣ шеваи хоси ташкилу корбурди амалии зиндагӣ ва фаъолияти инсонҳо шакл мегирад. Арзишҳои исломӣ, маданӣ ва маънавӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Ислом ҳамчун падидаи тамаддуну фарҳанг ба таври амиқ дар шуур, зиндагӣ ва фаъолияти наслҳои зиёд, ки дар давронҳои мухталифи инкишофи таъриҳи зиндагӣ ва эҷод намудаанд, нуфуз намудааст. Намояндагони афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ ҳамеша таҳти таъсири ислом будаанд. Бад-ин муносибат В. К. Чалоян хотирнишон месозад, ки уламои шарқӣ аз ҷумла ибни Сино «натавонистанд аз неоплатонизм ва дар маҷмӯъ аз идеалогияи мазҳаби мусулмонӣ раҳоӣ ёбанд».[63]

       Пайванди ҳуқуқу фарҳанг ҳамчунин дар муҳити маданӣ ба зуҳур расида аз ҷумла инкишофи фалсафа, илм, санъат, адабиёт, сохтмони муассисаҳои маданӣ, шаҳрсозӣ ва ғайра ба инкишофи андешаҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳо ва арзишҳо, ниҳодҳои сиёсиву ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд. Дар бораи ин ки чигуна пешрафту шукуҳи фарҳанг ба инкишофи шуури сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии мардум дар давраҳои мухталифи таърихӣ самаранок таъсиргузор буда, метавон мисолҳои фаровонеро зикр намуд. Масалан дар Эрони Бостон барои инкишофи илму фалсафа шароити мусоиду созгор ба вуҷуд оварда шуда буд. Тибқи иттиллои В. К. Чалоян ҳангоми таназзули фарҳанги элинистӣ византӣ замоне, ки император Зинон соли 489 фаъолияти мактаби Эддесро қатъ намуд ва Юстиниан дар соли 529 академияи Александрия ва Афинаро баст, баръакс шоҳи Эрон Хусрави I Анушервон (солҳои 531-579) муассисоти мазкурро дар кишвари худ барпо сохт. Дар натиҷа олимоне, ки аз кишварҳои Византия табъид шуда буданд, дар Форс барои хеш паногоҳ пайдо карданд, мактаби Эддес дар шаҳрҳои Нисибина ва академияи Афина дар шаҳри Гундишопур ба фаъолияти худ идома доданд. Сокини Дершаҳр Павел асари худро дар бораи Арасту ба шоҳ Хусрав бахшид.[64]

       Пешрафти фарҳанг дар оғози асри миёна махсусан дар замони нахустин давлати тоҷикон Сомониҳо, ки онро даврони эҳё ё тиллоӣ дар таърихи афкори иҷтимоӣ сиёсии тоҷикон меноманд, нақши пурсамаре дар рушду камоли афкори ҳуқуқӣ ва бунёди меёъёрҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ бозид. Маҳз дар ҳамин давраи шукуфоии фарҳанг ибни Сино Абурайҳон-ал-Берунӣ, ал-Хоразмӣ ва дигар намояндагони фалсафаву илмҳо зиндагӣ ва эҷод карданд, ки осорашон шуҳрату маҳбубияти ҷаҳонӣ пайдо намуданд. Маҳз дар даврони шукуфоии мадании ҷомеа зери ҳимояти мустақими мутафаккири бузург ва вазири давлати салчуқиҳо Низомулмулк муассисоти динӣ дар Бағдод, Ҳирот, Балх, Нишопур, Марв ва дигар шаҳрҳо боз гардиданд, ки бо шарафи ӯ «Низомия» ном гирифтанд. Ногуфта намонад, ки мадрасаи Низомияи Бағдодро дар замонаш К. Маркс «яке аз машҳуртарин академияҳо» номида буд.[65]

      Садсолаҳои нуҳум, понздаҳум даврони инкишофи босуръати илмҳои табии аз ҷумла ҳисобу риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, ҷуғрофия, заминшиносӣ, маъданшиносӣ, тиб ва дигар риштаҳои илм маҳсуб мешавад. Ба таҳқиқи донишҳои илмӣ табии осори ибни Сино, Абубакр- ар-Розӣ, Берунӣ ва дигарон бахшида шудаанд. Осори ибни Сино «Қонуни тиб», ки соли 1019 таълиф ва дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда буд, то нимаи дуюми асри XVII дастури ягона ва муътабар доир ба тиб дар донишгоҳҳои аврупо маҳсуб мешуд.[66]

         Дар ин замон афкори фалсафӣ низ дар осори Хоразмӣ, ибни Сино, Форобӣ, Берунӣ, Закариё-ар-Розӣ, ибни-Рушд ва дигарон инкишофи босуръат пайдо мекунад. Ҷараёнҳои мухталифи фалсафӣ муттазилия, исмоилия, суфизм намунаи зуҳуроти озодандешии динӣ ва фалсафаи арабизабон шакли озодандешии фалсафӣ буданд. Иртиботи ҳуқуқу фарҳанг ҳамчунин вобаста ба он буд, ки муҳити ягонаи маданӣ файласуфону андешмандонро дар шинохти ҳамзамони масоили муштараки фалсафиву донишҳои илмӣ илҳом мебахшид. Яке аз вижагиҳои хоси афкори илмӣ фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии форсӣ-тоҷикӣ дар пурҷанба (энсиклопедӣ) будани донишҳо зоҳир мегардид, ки дар имтидоди чанд садсола идома дошт. Ин вижагии ҷаҳонбинии ҷамъиятӣ хоси тамоми намояндагони улуми фалсафӣ, сиёсии ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ буд. Масалан ёдгори ахлоқии асри XII «Қобуснома» шомили бахшҳоест, ки ба риштаҳои мухталифи фаъолияти маърифатӣ мисли нуҷуму ситорашиносӣ, сиёсат, санъати шоҳӣ, давлатдорӣ, қонуншиносӣ, анатомия, тиб, адабиёт, риёзиёт, мусиқӣ ва ғ. бахшида шудаанд. [67]


[1] Ниг.: Авдиев В.И. История Древнего Востока. М.: Политиздат, 1953. С. 42.

[2] Ниг.: Рабинович И.С. Сорок веков индийской литературы. М., 1969; Хачатурян В.М. История мировых цивилизаций. М., 1997; Очерки по истории мировой культуры. М., 1997; История древнего мира. Ранняя древность. Кн. 1. М., 1983.

[3] Hellenismus – от греческого Hellen – эллин (Греция) – означает греческий, Древняя Греция.

[4] Ниг.: Драйзен И.Г. История эллинизма. Т. 1-3. М., 1890-1893.

[5] Ниг.: Штаерман Е.М. Кризис античной культуры. М., 1975.

[6] Цицерон М.Т. Избранные сочинения. – Харьков; М., 2000. – 464 с.

[7] Гулыга А. В. Кант сегодня // И. Кант. Трактаты и письма. М.: Наука, 1980. С. 26.

[8] Ренофанц И. Карманная книжка для любителя чтения русских книг, газет и журналов. СПб., 1837. С. 139.

[9] Черных П.Я Историко-этимологический словарь современного русского языка. М., 1993. Т. I. С. 453.

[10] Бердяев Н.А. Смысл истории. М., 1990. C. 166.

[11] Рерих Н.К Культура и цивилизация М., 1994. С. 109.

[12] Маркс К., Энгельс Ф. Соч. Т. 20. С. 25.

[13] Ленин В.И. Полн. собр. соч. Т. 24. С. 120 – 121.

[14] О социалистической культуре ниг.: Арнольдов А.И. Культура и современность. М., 1973; Баллер Э.А. Преемственность в развитии культуры. 1969; Боголюбова Е.В. Культура и общество. М., 1978; Злобин Н.С. Культура и общественный прогресс. М., 1980; Маркарян Э.С. Очерки теории культуры. Ереван, 1969; Межуев В.М. Культура и история. М., 1977.

[15] Кондаков И.В. Введение в историю русской культуры. М., 1997. С. 6-7.

[16] Ҳамон ҷо.

[17] Ниг.: Аграновская Е.В. Правовая культура и обеспечение прав личности. М., 1988. С. 8.

[18] Ниг.: Большая Советская Энциклопедия: В 30 т. М., 1975. Т. 21. С. 243.

[19] Ожегов С.И. Словарь русского языка. М., 1991.

[20] Атахонов Т., Сулаймони С. Цивилизация. Кн. 1. Древняя цивилизация / Отв. ред. М. Исоматов (на тадж. яз.). Душанбе: Ирфон, 2003. С. 196.

[21] Философский энциклопедический словарь. М.: Советская энциклопедия, 1983. С. 292.

[22] Пелипенко А.А., Яковенко И.Г. Культура как система. М.: Изд-во «Языки русской культуры», 1998. С. 10.

[23] Драч Г.В., Штомель О.М., Штомель Л.А., Коропев В.К. Культурология: Учебник для вузов. СПб.: Питер, 2013. С. 13.

[24] Атахонов Т., Сулаймони С. Указ. соч. С. 10.

[25] Теоретическая культурология. М., 2005. С.294. 

[26] Ниг.: Кертман Л.Е. История культуры стран Европы и Америки (1870-1917). М.,1987.С. 14.

[27] Ниг.: Моль А. Социодинамика культуры. М., 1973. С. 35.

[28] Ниг.: Семитко А.П. Правовая культура социалистического общества: сущность, противоречия, прогресс. Свердловск, 1990. С. 12.

[29] Ниг.: Маркова А.Н. Культурология: Учеб. пособие. М.: Проспект, 2013. С. 5.

[30]Ниг.: Культурология XX век. Энциклопедия в двух томах / Гл. ред. и сост. С.Я.Левит. СПб.: Университетская книга, 1998. 640 с.

[31] Воронина Н.И. Теоретическая культурология: Учеб. пособие: В 2 ч. Саранск, 2001. – С. 7.

[32] Выжлецов Г. П. Аксиология культуры. СПб.: СПбГУ, С. 66.

[33] Новая философская энциклопедия. М., 2001.

[34] Культура – человек – философия: к проблеме интеграции и развития // Вопросы философии. 1982. № 1. С. 36.

[35] Давидович B.E. Культура и ее место в жизни общества / B.E. Давидович, В.К. Белолипецкий //Философские науки. 1974. №2. С. 154.

[36] Флиер А.Я. Культура // Культурология. XX век: Энциклопедия: В 2 – х т. СПб, 1998. Т. 2. С.336-338.

[37] Ниг.: Карман А.С. Основы культурологии: мифология культуры. СПб., 1997. С. 20 – 65.

[38] White L.A.. The concept of culture // American Antropologist. Washington, 1959. Vol.61. P. 227-251.

[39] В. Malinowski 1931. Р. 621.

[40] Е. Sapir 1924. Р. 402.

[41] Linton R. 1936. Р. 78.

[42] Ford J. 1949. Р. 38. 16 Taylor W. 1948. Р. 109.

[43] Лотман Ю.М., Успенский Б.А. О семиотическом механизме культуры // Лотман Ю.М. Семиосфера. СПб., 2000. С. 487.

[44] White, Leslie. The Evolution of Culture: The Development of Civilization to the Fall of Rome New York: McGraw-Hill, 1959; White, Leslie. The Concept of Cultural Systems: A Key to Understanding Tribes and Nations, New York Columbia University, 1975.

[45]Ниг.:Усманова А. Р. Культурные исследования // Постмодернизм: Энциклопедия / Минск.: Интерпрессервис; Книжный Дом, 2001. 1040 с. (Мир энциклопедий).

[46]Абушенко В. Л. Социология культуры // Социология: Энциклопедия / Сост. А.А. Грицанов, В. Л. Абушенко, Г. М. Евелькин, Г. Н. Соколова, О. В. Терещенко. Минск.: Книжный Дом, 2003. 1312 с. (Мир энциклопедий).

[47] Ниг.: Давыдов Ю. Н. Философия культуры // Большая советская энциклопедия.

[48] Бочкарева С.В. Правовая культура и правовая политика (на примере законодательства республики Мордовия): Дисс. … канд. юрид, наук. Саранск, 2004. С. 28.

[49] Сативалдыев Р.Ш. Политическая и правовая мысль раннесредневекового мусульманского Востока (на примере «Кабуснамэ», «Сиасет-намэ», «Синдбаднамэ»): Монография / Отв. ред. Ф.Т. Тахиров. Душанбе, 1999. С. 5.

[50]Ниг.: Брагинский И.С. Предисловие к кн. «Энциклопедия персидско-таджикской прозы». Душанбе, 1990. С.4.

[51] Сативалдыев Р.Ш. Политические и правовые идеи «Синдбаднамэ»: Монография / Отв. ред. Ф.Т. Тахиров. Душанбе, 1998. С. 5.

[52] Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М., 1972. С. 440.

[53] Алексеев С.С. Право: азбука-теория-философия: Опыт комплексного исследования. М.: Статут, 1999.С. 224.

[54] Ҳамон ҷо.

[55] Нерсесянц В.С. Общая теория права и государства: Учебник. М., 1999. С. 92.

[56] Алексеев С.С. Асари ишорашуда. С. 224.

[57]Сативалдыев Р.Ш. Политическая и правовая мысль раннесредневекового мусульманского Востока. С. 81.

[58] Решетников Ф.М. Беккариа. М., 1987. С. 76 – 77.

[59] Сативалдыев Р.Ш. Указ. соч. С. 81.

[60] Суфий – последователь мистического течения в исламе – тасаввуфа. Первоначально – аскеты и проповедники, носившие власяницу (суф).

[61] Ниг.: Хайруллаев М. Фараби. Эпоха и учение. Ташкент, 1975. С. 115.

[62] Гронебаум Г.Э. Основные черты арабо-мусульманской культуры. Статьи разных лет. М., 1981. С. 183.

[63] Чалоян В.К. Восток-Запад (преемственность в философии античного и средневекового общества). М., 1968. С. 5.

[64] Чалоян В.К. Восток-Запад (преемственность в философии античного и средневекового общества). М., 1968. С. 166.

[65] Маркс К. Хронологические выписки // Архив К. Маркса и Ф. Энгельса. М., 1938. Т. V. С. 113.

[66] О развитии науки в эпоху мусульманского Востока см.: Розенфельд Б.А., Рожанская М.М., Соколовская З.К. Абу-р-райхан ал-Бируни. М., 1973; Сагадеев А.В. Ибн Рушд (Аверроэс). М., 1973: Он же. Ибн Сина (Авиценна). М., 1980; Тарновский В.Н. Ибн-Сина (Авиценна). М., 1969 . 

[67] Ниг. фарохтар: Сативалдыев Р.Ш. Политические и правовые идеи «Кабуснамэ» / Отв. ред. Ф.Т. Тахиров. Душанбе, 1997. 125 с.