Боиси ифтихору хушнудист, ки ҳамасола дар кишвари маҳбубамон рӯзи 1-уми сентябр ҳамчун «Рӯзи дониш» дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархунда бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дарси сулҳу дониш баргузор гардид.
Пешвои муаззами миллат ҳамаи устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагону донишҷӯён, аҳли маориф, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, «Рӯзи дониш» ва дарси сулҳ табрик намуданд.
Воқеан мо аз он шукргузорем, ки дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати ҳадафмандонаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои арзанда барои аз бар кардани донишҳои замонавӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамзинаҳои таҳсилот муҳайё карда шуда, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар эътироф гардидааст. Аз он хурсанду сарфарозем, ки дар шароити сулҳу субот, оромию ваҳдати миллӣ бо чеҳраҳои кушодаву рухсораҳои болида ва қалби лабрез аз меҳру муҳаббат ва шодию нишоти беандоза ба ояндаи неки сарзамини аҷдодиамон боз ба дидори ҳам расида, Рӯзи донишро истиқбол мегирем.
Моро месазад, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона меҳнат кунем, хубу аъло таҳсил намоем, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва аз давлати соҳибихтиёрамон ифтихор дошта бошем.
Лозим ба ёдоварист, ки дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо иштироки доираи васеи устодон, кормандон ва донишҷӯён тамошои пахши мустақими таҷлили Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ироа гашт, сурат гирифт.
Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли омӯзгорону профессорон, кормандону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ифтихори фарорасии «Рӯзи дониш» ва соли нави таҳсили 2018-2019 самимона табрику шодбош гуфта, барояшон иқболу саодатмандӣ, тансиҳативу хушрӯзӣ, дастовардҳои нави илмию таълимӣ, хониши хубу аъло ва хизмати арзандаву шоистаро ба нафъи гиромидошти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно менамоем.