Форуми дуюми ҳуқуқшиносони ҷавон дар факултети ҳуқуқушиносии ДМТ

    Таърихи 9-уми ноябри соли 2018 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми ҳуқуқшиносони ҷавон баргузор гардид.

     Форуми мазкур бо сухани ифтитоҳии ректори ДМТ, академики Академияи илмҳои ҶТ Имомзода Муҳаммадюсуф оғоз гардид. Мавсуф зимни ирои сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 24-умин солгарди қабули бахтномаи миллат – Конститутсияи ҶТ табрику шодбош намуда, муваффақият ва пирӯзии ҳар як иштирокчиро дар кори Форум таманно намуд.

   Сипас, декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек бо сухани шодбошӣ баромад намуда, баргузории чунин чорабинии сатҳи баланди илмиро асос барои тарбия намудани мутахассисони сатҳи баланд маънидод карда, ба Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва баргузории он изҳори сипос намуданд.

   Дар кори форуми мазкур намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, аъзои маҳфилҳои илмӣ ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Донишгоҳи славянии  Тоҷикистон ва Россия, Академияи ВКД ҶТ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев иштирок намуданд.

    Дар ҷаласаи пленарии Форум зиёда аз 17 маърӯза дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли нақши Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 дар рушди қонунгузории миллӣ, Конститутсия ва масоили фароҳамоварии муҳити конститутсионӣ дар давлат, далелҳо ва исботкунӣ дар мурофиаи судӣ-маъмурӣ, заминаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҶТ, ҳолати ҳуқуқии истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ дар ҶТ, сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии ҶТ дар соҳаи муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, таҳлили ҳуқуқии анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ ва ғ. пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Форум кори худро дар се бахш ба роҳ монда, дар он зиёда аз 150 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли бевосита ва ғоибона пешниҳод гардиданд. Маърӯзаҳои мавриди баррасӣ қарор гирифта масъалаҳои зеринро фарогир буданд:

  1. Масъалаҳои мубрами назарияи давлат ва ҳуқуқ;
  2. Масъалаҳои мубрами таърихи давлат ва ҳуқуқ;
  3. Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ;
  4. Масъалаҳои мубрами ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  5. Масъалаҳои мубрами фаъолияти босуботи мақомоти давлатӣ;
  6. Масъалаҳои мубрами инкишофи қонунгузории миллӣ;
  7. Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи экологӣ;
  8. Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи маъмурӣ;
  9. Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи гражданӣ;
  10. Ислоҳоти судӣ ва сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ;
  11. Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;
  12. Густариши муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ.

     Зимни баррасии мавзӯъҳои зикргардида аз ҷониби олимон ва муҳаққиқони ҷавон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ иброз карда шуд. Қайд гардид, ки мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ фаъолона иштирок намоянд.

   Дар фарҷоми Форуми дуюми ҳуқуқшиносони ҷавон иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Зимни қабули қатънома онҳо иброз доштанд, ки қатъномаи мазкур ба такмили қонунгузории миллӣ равона шуда, натиҷаҳои он дастраси ниҳодҳои дахлдори давлатӣ карда мешавад.

   Дар охир изҳори умед карда шуд, ки форуми мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва мустаҳкам намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзандаи худро хоҳад гузошт.