Хирадманд

Ин фазои сулҳу ваҳдат роҳати инсон бувад,

Пешрафти кори ман аз покии виҷдон бувад.

Айби худ бингар, куҷо бар айби кас сози назар?

Нуқси кас ҷустан ҳамоно хислати шайтон бувад.

Он, ки муҳтоҷ аст, эй дил, пеши по асло мазан,

Дасти ёри кун дароз, к-аз фитрати инсон бувад.

Ѓайбати кас кардани ман бар сарам орад бало,

Гуфтани ҷурми касе баҳри   ҳама осон бувад.

Дониёро пеша бинмо кори неку баҳри худ,

Ҳар хирадманде зи кирдори наку шодон бувад.

Дониёр Сангинӣ