Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат буда, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ барои беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён дар он, тибқи ҳидоятҳои ҳамешагии Президенти мамлакат шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ баробари бунёд ва таъмиру навсозии биноҳои муосири таълимӣ, ҳамзамон барои донишҷӯён дар пойтахти мамлакат хобгоҳҳои замонавӣ ба истифода дода шудаанд.
Аз ҷумла дар ДМТ як қатор хобгоҳҳо сохта ва мариди истифода қарор дода шудаанд, ки дар онҳо донишҷӯёну кормандон ва омӯзгорон зиндагонӣ менамоянд.
Ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ зумрае аз донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдаст мебошанд ва дар шаҳр ҷои зист надоранд, бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар доираи имкониятҳои донишгоҳ ба роҳ монда шуда, тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ ятимони кул ва маъюбони гурӯҳи 1-ум аз пардохти шартномаи хобгоҳ озод мебошанд. Ҳамзамон бо дастгирии ректори донишгоҳ, д.и.ҳ., профессор Насриддинзода Э.С. донишҷӯёни нимятим ва нафароне, ки имконияташон маҳдуд аст, дар асоси муроҷиати онҳо аз супоридани маблағ озод гардиданд. Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ тамоми хобгоҳҳо таъмиру тармим гардида, шароити мусоиди истиқомат фароҳам оварда шудааст. Тақсимоти донишҷӯён бо хобгоҳ дар асоси ариза ва розигии роҳбарияти донишгоҳ ҷараён дорад.
Вобаста ба ҷойгирнамоии донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии дар хобгоҳҳои назди ДМТ яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2025-2026 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи тарбияи ДМТ санаи 21.09.2025 ва 22.09.2025 тақсимоти донишҷӯён ба Хобгоҳҳои №6 ва №8 баргузор гардид. Дар ибтидо тибқи дастури раёсати ДМТ донишҷӯёне, ки ятими кул, нимятим, шароити зиндагиашон вазнин мебошад, тибқи квотаи Перезидентӣ дохил шудаанд, инчунин донишҷӯёни ноҳияҳои дурдаст ба хобгоҳ таъмин гардиданд.
Зиёда аз 50 нафар донишҷӯдухтар дар хобгоҳи №6 ва зиёда аз 100 донишҷӯписар дар хобгоҳи №8 ҷойгир карда шуданд. Дар маҷмуъ қайд намудан зарур аст, ки донишҷӯёни курсҳои 1-4 тамоми ихтисосҳои факултет дар хобгоҳҳои ДМТ ҷойгир карда шуда, зиндагӣ ва таҳсил менамоянд.
Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ навбатдории устодонро дар хобгоҳҳои ДМТ ташкил намудааст, ки ҳамарӯза аз ҷониби устодон шароити зисту зиндагонии донишҷӯёни хобгоҳ мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Ҳамзамон, аз тарафи муовинони декан оид ба тарбия дар хобгоҳҳо моҳе на камтар ду маротиба маҳфилҳои илмӣ, тарғиботӣ ва корҳои фаҳмондаддиҳӣ бо иштироки устодони собиқадори факултет баргузор карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани хобгоҳ:
1. Ариза ба номи ректор (бо имзои садорати факултет);
2. Нусхаи шиноснома;
3. 4 дона сурати 3х4;
4. Маълумотномаи хобгоҳ дар бораи он ки амволи хобгоҳро дар соли гузашта бе камбудӣ ба маъмурият супоридааст (Барои курсҳои болоӣ);
5. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ятими кул ё маъюби гурӯҳи якум;
6. Маблағи яксолаи хобгоҳ 700 сомонӣ (Хазина дар Шаҳраки донишҷӯён, пардохти маблағ тариқи Корти миллӣ);
7. Ҷуздон (папка).Суроғаи хобгоҳҳо: Шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён.





