Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

     Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми март ҳамчун  «Рӯзи Модар» таҷлил мегардад. Санаи 7-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба муносибати «Рӯзи модар» суханронӣ намуда, модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон номиданд ва таъкид доштанд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

     Модар дили бузург дорад ва он аз покиву зебоӣ, сидқу вафо, рисолати офарандагӣ ва созандагӣ саршор аст. Маҳз модар бо меҳру муҳаббат ва самимият ба фарзанди хеш дарси одамияту инсондӯстӣ, шуҷоату далерӣ, мардонагӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва забонро меомӯзад. Ин аст, ки бузургӣ, шараф, бахт ва зебоии модарро беҳтарин фарзандони бохирад ва ҳунарманди ҳама давру замон, садсола ва ҳазорсолаҳо тавсиф намудаанд.

     Аз ин рӯ, модарон, хоҳарон ва бонувони азиз!

    Фарорасии иди Рӯзи модаронро Cадорат ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми модарони тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон саодатмандию пирӯзӣ, саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоянд. Таманнои онро дорем, ки осмони софу офтоби дурахшон болои саратон доимо ҷилвагар бошад.