ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСӢ

7 майи соли 2025 дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо иштироки аъзоёни гурӯҳи корӣ, намояндагони садорати факултет, устодон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои фосилавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025 роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва ташаккули шуури зидди ифротгароӣ мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба хатари терроризм ва экстремизм, аҳамияти риояи қонун, саҳми ҷавонон дар муқовимат бо хатарҳои замони муосир ва нақши донишҷӯёни ҳуқуқшинос дар таҳкими сулҳу субот андешаҳои худро баён карданд. Таъкид шуд, ки мубориза бо ин падидаҳои номатлуб танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ набуда, балки иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус донишҷӯёни ҳуқуқшинос, ниҳоят муҳим мебошад. Баъд аз баромадҳо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба беҳтарсозии корҳо дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ ироа намуданд. Баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими фарҳанги қонуният ва таҳкими масунияти ҷавонон алайҳи хатарҳои иҷтимоӣ аҳамияти хос дошта, ба таври муназзам ба роҳ монда мешавад.