Санаи 6-уми октябри соли 2017 дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултети ҳуқуқшиносӣ як қатор рӯйдодҳои муҳим ва воқеаҳои фараҳбахш ба вуқуъ пайвастанд. Дар ҳамин рӯз дар идомаи амалишавии Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 бо мақсади омода кардани кадрҳои баландихтисос, ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи саводнокии донишҷӯён бо иштироки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Имомзода М.С. ва декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. ва дигар меҳмонони расмӣ нахуст маросими ифтитоҳи маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи он ректори донишгоҳ афзуданд, ки ба истифода додани маркази мазкур барои гузаштан ба ҳукумати электронӣ, пайвастшавӣ ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ ва истифодаи бомароми технологияи иттилоотиву иртиботӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Марказ ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, дорои 60 компютер мебошад, ки барои супоридани имтиҳонҳо тариқи монитор таҷҳизонида шудаанд. Маркази тестӣ имкон медиҳад, ки дар як рӯз то 2000 нафар донишҷӯ бо истифода аз монитор имтиҳон супоранд. Бунёди марказ аз лиҳози сарфаи вақт ва маводи конселярӣ, таъмини шаффофият ва холисӣ ҳангоми қабули имтиҳон ва баланд бардоштани илму дониш мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамзамон худи ҳамин рӯз дар ошёнаи 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ баъд аз таъмири замонавӣ маросими ба истифода додани китобхонаи илмӣ бо ҳузури меҳмонон баргузор гардид. Китобхона бо ташаббусу мусоидати Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пурра аз нав таъмир карда шуда бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шудааст.
Китобхонаи илмии факултет бо тамоми адабиёти илмиву таълимии замонавӣ ва маҷаллаҳои илмиву рӯзномаҳои даврӣ таъмин буда аз 1 толори хониш бо 64 ҷойи нишаст, ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат мебошад. Фонди китобҳои илмии китобхона то имрӯз ба 25000 адад мерасанд, ки бо дастгирии садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳамарӯза аз он зиёда аз 3500 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар истифода менамоянд. Дар китобхона шароити мусоид барои мутолиакунандагон ҳам барои фасли сармо ва ҳам фасли гармо фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон тарҳи нав ва замонавии китобхона имконият медиҳад, ки дар толори хониши китобхона конференсияҳо, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмии донишҷӯён ва дигар ҳамоишҳои илмию ҷамъиятӣ гузаронида шаванд. Дар умум аз ҷониби ҳозирин ба сифати корҳои таъмириву азнавсозӣ баҳои баланд дода шуд.
Нимаи дуюми рӯзи 6-уми октябри соли равон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии миллӣ 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2017, №15 таъсис ёфта буд, баргузор гардид. Ёддовар бояд шуд, ки аз замони таъсис ва фаъолияти Шӯро аввалин маротиба дар кори он дифоъи рисолаи номзадӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи Шӯро ба истиснои аъзоёни Шӯро, ҳамзамон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомозода М.С., мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллоев М.А., ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизматии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дар шаҳри Новосибирск С.Р. Сверчков, саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилов Ш.Б., дигар шахсони расмӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомозода М.С. ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф изҳор дошт, ки таъсиси Шӯрои диссертатсионии миллӣ 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар назди ДМТ яке аз арзишмандтарин дастоварди Донишгоҳ дар замони соҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб ёфта, аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки Раёсати донишгоҳ иқдом гирифтааст, ки барои таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар фазои Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва шӯроҳои диссертатсионии байнидавлатӣ дар риштаи илми ҳуқуқшиносӣ дар ояндаҳои наздик мусоидат намояд. Дар идомаи сухани хеш ба фаъолият шуруъ кардани кори Шӯроро оид ба дифоъи рисолаҳо рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки минбаъд бидуни ягон маҳдудият кулли аспирантон, унвонҷуён, муҳаққиқон ва докторантон метавонанд дар Шӯро аз рӯйи се самт рисолаҳои докторӣ ва 11 самт рисолаҳои номзадӣ дифоъ намоянд. Таъсиси Шӯро дастоварди беназир барои муаррифии илми ҳуқуқшиносии миллӣ буда, умед дорем, ки бо кӯмаку дастгирӣ, ҳидояту роҳбарии аъзоёни Шӯро беҳтарин донишмандону муҳаққиқон дар он ба ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ комёб мегарданд. Дар охир бори дигар ташрифи меҳмонони олиқадрро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, аъзоёни Шӯроро ба фаъолияти босамар ва созанда ҳидоят намуд.
Ҳамзамон ҳозиринро ба ифтихори таъсис ва фаъолияти Шӯрои миллӣ дар назди ДМТ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллоев М.А. самимона табрику шодбош гуфта, таъкид намуданд, ки пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои марказӣ ва афзалиятноки сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Мавсуф иброз намуданд, ки ҳар як халқу миллатро маҳз бо дастовардҳову мероси бою пурғановати илмӣ дар хазинаи тиллоии фарҳанги ҷаҳонӣ мешиносанд. Аз ин рӯ, таъсис ва фаъолияти Шӯроро як қадами бузург дар роҳи муаррифии миллати тоҷик, илми ҳуқуқшиносии ватанӣ ва таъмини истиқлолияти фазои илмию иттилоотии кишвар ҳисобиданд.
Дар баромади хеш саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилов Ш.Б. зикр намуданд, ки таъсиси Шӯроҳои миллӣ бо шарофати касби Истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гашта, заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ-ташкилиро барои инкишофу пешрафти илми миллӣ ва ҳамзамон муаррифии илми тоҷик ба дунё бунёд мегузоранд. Номбурда кулли ҳозиринро ба ин дастоварди нодир шодбош гуфта, аз аъзоёни Шӯро даъват ба амал овард, ки ба мазмуну сифати омода кардани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, инчунин таҳқиқи мавзӯъҳои рӯзмарраи барои ояндаи давлату миллати тоҷик манфиатбор таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳамзамон дар вазъияти тантанавӣ дар ҳузури аъзоёни Шӯро миёни ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомозода М.С. ва ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизматии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дар шаҳри Новосибирск ёдошти тафоҳум дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида шуд.