Табрикоти ректори ДМТ, академик Имомзода М.С.
Бо фарорасии Наврўзи хуҷастапай фазои иттилоотии кишварро боз як сомонаи нав васеъ гардонид. Бо заҳмату талошҳои садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ сомонаи махсусе, ки аз ҳаёти факултет тариқи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ба аҳли сайёра ахбор медиҳад, таъсис дода шуд. Ин воқеаи ҳақиқатан фараҳбахшро ба кули ҳайати донишҷўёну омўзгорони факултети ҳуқуқшиносӣ муборакбод мегўем! Умед дорам, ки пайкҳои хуҷастаи Наврўзи оламафрўз ба ин иқдом асар карда, умри сомонаро бардавом нигоҳ медоранд. Зеро гузаштагони мо ба хотири фоли нек доштани рўзҳои Наврўзӣ ҳаргуна кори неку савобро дар ин айём оѓоз менамуданд.
Мехоҳам хотирнишон созам, ки факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳамчун яке аз факултетҳои бонуфузи ҷумҳурӣ бо баробари созмон додани сомонаи худ иҷроиши вазифаҳои худро дар якчанд бахш иҷро намудааст. Аввалин, ки Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ аз 29 апрели соли 2009, № 253 қабул гардидааст, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳврандони ҷумҳуриро яке аз вазифаҳои асосии давлат эълон менамояд. Зеро бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёду демократӣ танҳо замоне муяссар мегардад, ки сокинони он соҳиби дониши баланди ҳуқуқӣ, фаҳмиши низом ва тартиботи ҳуқуқӣ ва хулқу атвори намунавӣ буда, дар замирашон ѓояҳои ватанпарварӣ аланга занад. Мақола ва маводҳое, ки дар ин сомона тариқи электронӣ дастраси мардум хоҳад шуд, маҳз ба такмили ҳамин сифатҳо нигаронида мешаванад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ба таври дахлдор баргузор намудани ҷашни 65-умин солгарди таъсиси ДМТ нақша-чорабиниҳои умумидонишгоҳиро тартиб додааст. Яке аз бандҳои ин нақша-чорабиниро масъалаи таъсиси ҳаргуна рўзнома ва маҷалаҳо ташкил медиҳад. Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар иҷроиши ҳар як дастури Раёсати донишгоҳ оҷилан рафтор менамояд ва дар ин самт низ таъхир накарда, нахуст маҷалаи илмии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» ва рўзномаи «Минбари ҳуқуқшинос»-ро таъсис дод. Таъсиси сомонаи факултети ҳуқуқшиносӣ бошад, иқдоми навбатии садорати факултети ҳуқуқшиносӣ дар бахши таҷлили арзандаи 65-умин солгарди тасъсиси ДМТмебошад.
Дар охир бори дигар ҳайати омўзгорону донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро бахшида ба таъсиси сомонаи факултет табрик ва муборакбод намуда, ба онҳо муваффақият ва бурдборӣ орзу мекунам. Бигузор, дар ин сомона ҳамеша ѓояҳои озодию адолат, ҳақиқату инсондўстӣ, поквиҷдонию беѓаразӣ, талқин ва тарѓиб гарданд.
Бо эҳтиром:
Ректори ДМТ, академик Имомзода М.С.
Ифтитоҳи сомонаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Муштариён ва истифодабарандагони муҳтарами Шабакаи ҷаҳонии Интернет. Ба Шумо дар хусуси таъсиси боз як сомонаи навбатӣ дар Шабакаи ҷаҳонии иттилоотӣ муждагонӣ ва башорат медиҳем. Ҳамакнун, Шумо имкон ва фурсати муносиб пайдо намудаед, то аз сомонаи расмии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври густурда ва мақсаднок истифода намоед. Нахуст изҳори сипос ва миннатпазирии самимии факултети ҳуқуқшиносиро ба Шумо барои пайваст шудан ба сомона ва дастрас намудани иттиллоти зарурӣ баён намуда, умедворем ки ҳамкориҳои судманд ва манфиатбори дуҷонибаи мо рўз аз рўз тақвият меёбанд. Шуморо бовар мекунонем, ки бо таъсиси сомонаи мазкур фазои иттилооти кишвар боз ҳам бою рангин гашта, ниёзу талаботи муштариён, шавқмандон ва дигар намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа дар самти дастрасии иттилоот бо тозатарин хабарҳои ҳаёти ҳуқуқии кишвар қонеъ гардонида мешаванд. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ-таълимӣ, маркази асосии омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҳуқуқӣ, мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат ва ҷавобгўй ба стандартҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон дар ин махзани илму маърифат корҳои арзишманди илмӣ-тадқиқотӣ бо назардошти самтҳои афзалиятноки илми ҳуқуқшиносии муосир анҷом дода шуда, саҳми омўзгорон, шогирдон ва хатмкунандагони он дар тарѓибу ташвиқи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳифзи асолат ва манфиатҳои миллӣ беназир аст. Сомонаи мазкур танҳо бо мақсадҳои нек ва хайр созмон дода шудааст. Ҳадафи асосии он дар ниҳояти кор ба баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, шуур ва донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, сайқал додани сатҳи камолоти ҳуқуқӣ, боло бурдани эътимоду боварӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Сомона ба ҳайси як минбари асосии ташвиқу тарѓиби муҳимтарин рўйдодҳои рўзгори таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, тақвияти робита ва ҳамкориҳои факултет баромад менамояд. Боварии комил дорем, ки сомонаи мо дар самти дастрасии ҷомеа ва ҷаҳон ба иттилооти боэътимоду зарурӣ, парвариши ҳисси масъулиятшиносиву меҳанпарастии шаҳрвандон, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизмати арзандаву шоистаеро ба нафъи пешрафти Тоҷикистони азиз анҷом медиҳад. Мо ниёз ва умед ба дастгирӣ ва ҳамкориҳои ҳамешагии Шуморо дорем, муштариёни азиз.
Бо эҳтироми бепоён
декани факултети ҳуқуқшиносӣ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Насриддинзода Э.С.