Ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби омӯзгорони Ҷавони факултет!

       Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун даргоҳи бузурги илму маърифат дар омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаву ватандӯст саҳми боризро иҷро менамояд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки солҳои охир устодони факултети ҳуқуқшиносӣ бо дарки масъулияти баланди касбӣ рисолаҳои илмии худро сарбаландона ҳимоя намуда, хазинаи факултетро аз ҳисоби устодони унвондор бештар менамоянд. Аз ҷумла, санаи 28-уми марти соли 2019 ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ Раҷабов Комрон Давлатович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ ва криминологии мубориза бар зидди тамаъҷӯӣ» (аз рӯи ихтисоси 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ; криминалогия ва ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) ва ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ Шарифзода Саъдӣ Шариф рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Шаклҳои амалишавии функсияҳои давлати Тоҷикистон дар марҳилаи муосир» (аз рӯи ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) дар Шӯрои диссертатсионии миллии назди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ сарбаландона дифоъ намуданд.

     Садорати факултети ҳуқуқшиносӣ, устодону кормандон ва донишҷӯёни ин даргоҳи муқаддас К.Д. Раҷабов ва С.Ш. Шарифзодаро бо ин дастовардашон самимона табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу хушрӯзӣ, саодатмандию пирӯзӣ, бурдбориҳои беназирро дар ҷодаи илм ва ба хотири пешрафти Ватани азизамон таманно доранд!

    Лозим ба ёдоварист, ки ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ Раҷабов Комрон Давлатович рисолаи номзадиашро пеш аз муҳлат дифоъ намуд. Мувофиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои имлӣ ва кадрҳои илмию омӯзгорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои пеш аз муҳлат дифоъ намудани рисолаи номзадӣ Раҷабов К.Д. бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мегардад.