Cадорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки нимаи дуюми рӯзи 08.10.2015с. мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Диноршоев Азиз Мусоевич дар Шӯрои диссертатсионии Д 501.001.74 назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов рисолаи докториашро дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии танзим ва амалигардонии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарбаландона ҳимоя намуд.
Аз ин рӯ, ҳайати омӯзгорону кормандони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Диноршоев Азиз Мусоевичро самимона табрику таҳният намуда, ба ӯ тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар корҳои илмию омӯзгориаш бурдбориҳо таманно доранд.
Бигзор кабутари иқболаш дар фазои илмӣ ҳамеша баландпарвоз бошанд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Диноршоев Азиз Мусоевич