ИШТИРОК ДАР КОНФРЕНСИЯИ МИЛЛӢ ОИД БА ДАСТРАСӢ БА АДОЛАТ, БАХШИДА БА 10-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСЕПСИЯИ РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар меҳмонхонаи Hayat Regency бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Конфренсияи миллӣ оид ба дастрасӣ ба адолат, бахшида ба 10-солагии қабули Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини дафтари созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносони давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеа шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар Конфренсияи миллӣ устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муродзода У.У., Ғуломализода Ш.Ғ. ва донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо суханронии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён оғоз гардида, бо баромади намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд идома ёфт. Пас аз қисмати ифтитоҳии Конфренсия, баромади мутахассисони соҳа, ҳуқуқшиносони давлатӣ ва кор дар гурӯҳҳо сурат гирифт.

Чорабинии болозикр ба такмили низоми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ҳадаф аз он фаро гирифтани доираи васеи аҳолии осебпазир ба ёрии ҳуқуқии ройгон маҳсуб мегардад.

Боиси хушнудист, ки дар ин самт низ фаъолияти Клиникаи ҳуқуқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ фаъолияти назаррас дошта, бо дастгирии шарикони рушд ва дар доираи Лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат” бо таҷҳизоти иловагии муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Конфренсияи миллӣ дар рӯҳияи созандагӣ ва ҳусни тафоҳум дар сатҳи баланди ташкиливу мазмунӣ идома дорад.