ИШТИРОК ВА БАРОМАДИ УСТОДИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Санаи 17-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкент Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия олимон аз донишгоҳҳои давлатҳои Итиҳоди Аврупо, аз он ҷумла Донишгоҳи Ҳелсинкӣ, донишгоҳҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Федератсияи Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғ. иштирок намуданд.

Дар кори конференсия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ Абдуллозода Парвиз Саъдулло бо маърӯза дар мавзуи “Моделҳои танзими ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қонунгузории мурофиаи ҷиноятии давлатҳои пасошӯравӣ” баромад намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки масъалаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, дар давлатҳои пасошӯравӣ тамоюлҳои нави он бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои алоҳида ба кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, бо роҳи ислоҳотҳо тариқи аз нав ворид намудани сохторҳои алоҳида ба кодексҳои мурофавии ҷиноятӣ, ҳангоми аз нав қабул намудани кодексҳои мурофавии ҷиноятӣ ё қабули қонунҳои махсус оид ба ин масъала амалӣ мешаванд. Ҳамин тариқ, се модели танзими ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қонунгузории мурофиаи ҷиноятии давлатҳои пасошӯравӣ пешниҳод карда шуд:

Давлатҳое, ки дар онҳо масъалаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ дар доираи кодексҳои мурофавии ҷиноятӣ танзим мегардад. Аз он ҷумла, Федератсияи Руссия, Украина, давлатҳои Осиёи мрказӣ ва давлаҳои соҳили Балтика.

Давлатҳое, ки дар онҳо масъалаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ дар доираи кодексҳои мурофавии ҷиноятӣ танзим гардида, бар зами он қонунҳои алоҳида оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ қабул карда шудаанд. Масалан, Беллорус, Молдова ва Озарбойҷон.

Давлатҳое, ки дар онҳо масъалаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ дар доираи кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ба таври ҳаматарафа танзим нагардида, оид ба ин масъала қонунҳои алоҳида қабул гардидаанд, кӣ таҷрибаи Арманистон ва Гурҷистон гуфтаҳост.

Дар фарҷом аз ҷониби иштирокчиён пешниҳодҳо ҷиҳати таснифи моделҳои танзими ҳуқуқӣ, мукаммалгардонии қонунгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ хуб қабул карда шуд.