Дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Россия аз 17 то 21 сентябри соли равон Фестивали ҷаҳонии ҷавонон баргузор гардид, ки дар он беш аз 2000 нафар ҷавонон аз 120 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳи сатҳи ҷаҳонӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро донишҷӯйи соли 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ – Маъруфиён Бежаншоҳ муаррифӣ намуд.
Фестивал дар 7 самти асосӣ ҷараён гирифта, ҷавонон тибқи бахшҳо тақсим шуда, дар сессияҳои гуногун ширкат варзиданд. Дар кори сессияҳо мутахассисони соҳаҳои гуногун, роҳбарони сохторҳои кор бо ҷавонон аз давлатҳои мухталиф ва шахсиятҳои муваффақ баромад намуда, роҳу воситаҳои комёб гардидан дар замони муосирро ба ҷавонон омӯзониданд.
Зимни чорабинӣ ҷавонон новобаста аз забон, миллат ва фарҳанг муносибатҳои дӯстона барқарор намуда, фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиромро тақвият бахшиданд.
Дар идома, иштирокчиён ба барномаи фарҳангии байналмилалии «Интерведение – Россия 2025» даъват гардиданд. Дар ин маросим ҷавонон фаъолона ширкат намуда, якҷо иштирокчиёни ин барномаи фарҳангиро дастгирӣ намуданд.
Дар доираи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дарсҳои маҳорат, тренингҳои омӯзишӣ ва боздид аз маконҳои таърихию сайёҳии Нижний Новгород ташкил карда шуд.
Фестивал бо маросими ботантанаи пӯшидашавии чорабинӣ анҷом ёфт. Ташкил, баргузорӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо муносибатҳои дӯстонаро миёни ҷавонон тақвият бахшида, ба таҳкими ҷаҳонбинӣ ва эҳтиромгузории онҳо ба арзишҳои башарӣ мусоидат мекунад.