ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЛАГЕРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН ЗЕРИ УНВОНИ “JASTAR GENERATION – 2025” ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Аз 11 то 13 сентябри соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон лагери байналмилалии ҷавонон зери унвони “Jastar Generation – 2025″ баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла, донишҷӯёни соли 4 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Юсуфов Амирҷон ва Қузратуллозода Шукрона ҳамчун намояндагони насли ҷавон ва созандаи кишвар иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо ташаббуси Ассамблеяи Ҷавонони Қазоқистон баргузор гардида, ҳадаф аз он ба ҳам овардани ҷавонони кишварҳои минтақа дар як майдон ва ба роҳ мондани муколама доир ба масоили мубрами иҷтимоӣ ва ҳамкориҳои мутақобила маҳсуб мегардад.

Дар доираи барномаи чорабинӣ, намояндагони Тоҷикистон дар як қатор вохӯриҳо ва мулоқотҳо ширкат варзиданд. Ин мулоқотҳо бо мураббиён, мутахассисон ва устодони шинохтаи соҳаҳои гуногун баргузор шуда, мавзуъҳои муҳимро дар бар гирифтанд: аз ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ то масъалаҳои ҷомеашиносӣ, роҳҳои рушди соҳибкорӣ ва афзоиши нақши ҷавонон дар равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ.

Ҷузъи муҳими сафар ташриф ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ буд, ки дар он ҷо ҳайати ҷавонони тоҷик бо ректори донишгоҳ Жансеит Кансеитович Туймебаев ва ҳамчунин бо ҷонишини роҳбари Ассамблеяи халқи Қазоқистон Марат Алмасович Азильханов мулоқот карданд. Ин мулоқот ба онҳо имкон дод, ки аз таҷрибаҳои муассисаҳои пешсаф огоҳӣ пайдо намуда, роҳҳои густариши ҳамкории илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро баррасӣ намоянд.

Дар рӯзи хотимавии сафар вохӯрӣ бо роҳбари Ассамблеяи ҷавонони Қазоқистон баргузор шуд. Дар ин муҳокима масъалаи нақши ҷавонон дар таҳкими дӯстию ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, имкониятҳои нав барои ҳамкориҳои муштарак ва роҳҳои мустаҳкам намудани робитаҳои минтақавӣ миёни ҷавонон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Илова бар ин, дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои дӯсту бародар — Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ иштирок намуданд, ки ин ба чорабинӣ хусусияти фаромарзӣ ва минтақавӣ бахшид. Ҳузури намояндагон аз тамоми Осиёи Марказӣ имконият фароҳам овард, ки мубодилаи таҷрибаҳо ва андешаҳо дар сатҳи васеътар сурат гирифта, муносибатҳо миёни ҷавонони Осиёи Марказӣ боз ҳам густариш ёбанд.