4-уми ноябри соли 2025, дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор гардид.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, роҳбарони мақомотҳои судӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Бо ифтихор зикр мегардад, ки устодону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар кори Форум фаъолона ширкат варзида, андешаҳои хешро вобаста ба такмили низоми ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун ва боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа иброз намуданд.
Дар ҷараёни Форум, ки таҳти раёсати Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён баргузор гардид, иштирокчиён дар се бахши мавзуӣ: Дастрасӣ ба адолати судӣ ҳамчун кафолати конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон, Рушди қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ ва Сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории ҷиноятӣ ба муҳокимаи масъалаҳои муҳимми ҳуқуқӣ пардохтанд.
Дар ҳар бахш мубодилаи таҷрибаи судманд сурат гирифта, роҳҳои нави таҳкими механизмҳои адолати судӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва такмили сиёсати ҳуқуқии кишвар пешниҳод гардид.
Намояндагони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ иштироки фаъолона дошта, бо тавсияҳои судманд ва андешаҳои созандаи худ саҳми назаррас гузоштанд.
Ин гуна чорабиниҳои фарогир на танҳо барои таҳкими ҳамкориҳои байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамоянд, балки барои донишҷӯёни ҷавон як мактаби воқеии таҷрибаи ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии касбӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар анҷоми Форум тавсияҳои мушаххас қабул гардиданд, ки ба мақомоти дахлдор ирсол шуда, барои таҳкими минбаъдаи волоияти қонун дар кишвар замина хоҳанд гузошт.
