- 1. Пешгуфтор
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ қайд намуданд, ки «Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Дар ин асос ҳоло дар низоми маориф ислоҳот ва навсозӣ бомаром идома дошта, Ҳукумати мамлакат дар доираи ислоҳоти соҳа консепсияву барномаҳои рушди соҳаи маорифро қабул ва амалӣ карда истодааст. То ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо дарназардошти шароити нав таълиф ва чоп гардиданд, ки онҳо доир ба ҳар як мавзӯи дарсӣ маълумоти бештар дошта, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ низ фаровон истифода менамоянд. Ҳукумати мамлакат дар роҳи татбиқи нақшаҳои стратегии худ ҳамеша ба омӯзгорон ва умуман, ба кормандони соҳаи илму маориф такя менамояд, зеро онҳо дар ҳифзу нигаҳдошти дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши пурарзиш доранд». Баҳри ноил гардидан ба чунин боварӣ ва ҳидоятҳои хирадмандона, дар соли сипаришуда факултети ҳуқуқшиносӣ як қатор чораҳои дахлдорро оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ андешид.
Соли 2017 яке аз солҳои бобарор ва пурсамари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад. Устодони факултет дар соли ҳисоботӣ баҳри иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд. Ҳамаи ин натиҷаҳои назаррас барои баланд бардоштани сифати таълим, такмили қонунгузории амалкунанда ва рушди босуботи Тоҷикистони азиз истифода хоҳанд шуд.
Равандҳои илмии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносӣ гуногунҷабҳа буда, он ба масъалаҳои гуногуни назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, масоили гуногуни соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи молия, ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи гумрук, ҳуқуқи манзил, ҳуқуқи нақлиёт ва ғайраҳо бахшида шудааст.
Шумораи умумии омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносӣ дар соли ҳисоботӣ 137 (20 нафараш зан) нафарро ташкил дода, барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 122 нафари онҳо ҷалб карда шудаанд. Дар қатори онҳо 17 нафарашон доктори илми ҳуқуқ, профессор мебошанд, ки аз ин шумора 2 нафарашон Академики АИ ҶТ, 2 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, 48 нафар дотсент (43 номзади илми ҳуқуқ, 3 нафар номзади илмҳои филологӣ ва 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ), аз ин шумора 10 нафарашон зан), 12 нафар муаллими калон (1 нафари онҳо зан ва 1 нафари онҳо номзади илми ҳуқуқ) ва 57 нафар ассистент (7 нафараш зан ва 2 нафари онҳо номзади илми ҳуқуқ) мебошанд.
Сину соли омӯзгорони факултет мардон 36 сола ва занон бошад 39 соларо ташкил медиҳад. Боиси сарфарозии ҳамаи омӯзгорон ва кормандони факултет аст, ки дар соли равон дотсентон Имомов А.И., Қурбонов Қ.Б., Идиев Ф.Ф., Мирбобоева Р.В., муаллими калон Қодиров Ҷ. ва ассистент Саломов И.И. бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ, ифтихорномаи ДМТ, нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илм, ҳамчунин мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Соли 2017 ба чорабиниҳои муҳими сиёсии кишвар, аз қабили таҷлили рӯзи Артиши миллӣ, 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Ба ин муносибат мутобиқи нақшаи Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети ҳуқуқшиносӣ як қатор чорабиниҳои муҳим баргузор гардид. Дар асоси нақшаи конференсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва чорабиниҳои дар боло зикргардида, дар факултети ҳуқуқшиносӣ якчанд конференсияҳо ва мизҳои мудаввар гузаронида шуд. Чунончи:
1. Дар заминаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 9-уми декабри соли 2016 бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҷиноятҳо ба муқобили моликият ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид;
2. Дар заминаи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар густариши ҳуқуқу озодиҳои инсон» бахшида ба 10 – умин солгарди таъсиси кафедра ва 68-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳукуқи башар санаи 10-уми декабри соли 2016 доир гардид;
3. Мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзӯи «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир» ДМТ, дар пояи кафедраи забонҳои хориҷӣ феврали 2017 доир гардид;
4. Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар рушди ҳаёти ҳуқуқии кишвар” бахшида ба “Соли ҷавонон” санаи 19-уми майи соли 2017 баргузор гардид;
5. Санаи 26-уми майи соли 2017 дар заминаи кафедраи ҳуқуқи навқлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои такмили қонунгузории обии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар партави қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 баргузор гардид;
6. Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Такмили техникаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаи назария ва амалия» дар заминаи кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ 30-юми июни соли 2017 баргузор гардид;
7. Бахшида ба «20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ» рӯзҳои 15-ум ва 16-уми июни соли 2017 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ» баргузор гардид, ки дар 4 бахш ҳудуди 60 нафар иштироккунандагон маърӯза намуданд ва маводҳои он дар ҳаҷми 205 саҳифа ба нашр расид.
8. Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият заминаи эҳёи қонунгузории миллӣ» санаи 5-уми сентябри соли 2017 доир гардид.
9. Бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши забони давлатӣ дар ташакулли қонунгузории миллӣ» санаи 5-уми октябри соли 2017 доир гардид.
10. Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Забон-мероси фарҳангии миллат» бахшида ба таҷлили «Ҳафтаи забонҳои хориҷӣ дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ» 17-уми октябри соли 2017 баргузор гардид.
11. Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 23 –юмин солгарди қабули Конститутсияи ҶТ дар мавзӯи: «Масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқи конститутсионӣ дар замони муосир» 2-юми ноябри соли 2017 баргузор гардид.
12. 10-уми ноябри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи баргузории конференсияҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба «25-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Аҳамияти Иҷлосияи тақдирсози XVI –Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди қонунгузорӣ» дар асоси фармоиши ректори ДМТ аз 21.10. 2017, № 207-09 баргузор гардид.
13. Дар заминаи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ 16-уми ноябри соли 2017 Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосгузори қонунгузории соҳибкорӣ ва сайёҳӣ» дар асоси фармоиши ректори ДМТ аз 07.11.2017, № 222-09 баргузор гардид.
14. Аз 20 то 27 апрели соли 2017 дар факултети ҳуқуқшиносӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён бахшида ба «20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» баргузор гардид. Мувофиқи барнома дар 11 бахш аз 131 маърӯзаи аз тарафи устодон пешниҳод шуда, 125 маърӯза тибқи барнома ва 4 маърӯзаи иловагӣ шунида шуд. Бо сабабҳои гуногун 6 нафар устодон дар кори конференсия иштирок накарданд. Бояд зикр намуд, ки шумораи маърӯзаҳо нисбат ба соли гузашта 13 маърузаи баромадшуда зиёд мебошад. Дар конференсияи имсола масъалаҳои рӯзмарраи ҳуқуқӣ, ба монанди: инкишофи илми назарияи давлат ва ҳуқуқ дар давраи истиқлолият, функсияҳои давлат, масъалаҳои услубии ҷаҳонишавӣ дар партави назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳимояи ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ, ташакулёбии мақомоти давлатӣ дар ҶТ, масъалаҳои кализионии моликияти созмонҳои байналмилалӣ, масоили гузаронидани амалҳои аввалиндараҷаи тафтишӣ, проблемаҳои танзими ҳуқуқии ҳалли баҳсҳои замин, мушкилоти ҳуқуқии хизматрасонии иҷтимоӣ-фарҳангӣ, таҳлили намудҳои озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хусусиятҳои хоси тарҷумаи истилоҳотҳои ҳуқуқӣ ва ғайраҳо баррасӣ карда шудаанд. Боиси зикр аст, ки аксар маводҳои конференсияҳо нашр гардидаанд.
Айни ҳол корҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Масъалаҳои рӯзмарраи фаъолияти адвокатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24-уми ноябри соли 2017, Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалии ҳуқуқи замин» 22-и декабри соли 2017, Конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ бахшида ва таҷлили рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Нақши санадҳои байналмилалӣ дар таҳкими ҳуқуқи инсон» 9-уми декабри соли 2017 ҷараён дошта, мактубҳои иттиллооти омода гардида, ба сохторҳои дахлдор супорида шудаанд.
Бахшида ба таҷлили «Соли Ҷавонон» фаъолияти семинарҳои илмӣ-назариявии устодони ҷавонони кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷоннок карда шуд:
1. Семинарҳои илмӣ-назариявии устодони кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ дар мавзӯи «Ташаккули илми байналмилалӣ дар ҶТ» санаи 18-уми феврали соли 2017 баргузор гардид.
2. Семинарҳои илмӣ-назариявии устодони кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ дар мавзӯи «Мураттабсозии қонунгузории нақлиётӣ: мушкилот ва дурнамо» санаи 31-уми марти соли 2017 баргузор гардид.
3. Семинарҳои илмӣ-назариявии устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Усулҳои тақвият бахшидани ҷанбаи ҳуқуқии омӯзиши забонҳои хориҷӣ» санаи 25-уми феврали соли 2017 баргузор гардид.
4. Семинарҳои илмӣ-назариявии устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар мавзӯи «Алоқамандии ҳуқуқи ҷиноятӣ бо мурофиаи ҷиноятӣ» санаи 5-уми майи соли 2017 баргузор гардид.
5. Семинарҳои илмӣ-назариявии устодони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ дар мавзӯи «Проблемаҳои мубрами инкишофи функсияҳои давлати Тоҷикистон» санаи 2-юми июни соли 2017 баргузор гардид.
6. Семинарҳои илмӣ-назариявии устодони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» санаи 13-уми октябри соли 2017 баргузор гардид.
Ҳамин тариқ, дар давоми соли ҳисоботӣ дар факултет 2 конференсияи байналмилалӣ, 6 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 5 мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ, 1 мизи мудаввари умумидонишгоҳӣ ва 6 семинарҳои илмӣ-назариявӣ баргузор гардидааст.
Дар соли ҷорӣ ҷиҳати баргузории сеюмин Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони факултет фаъолона ширкат намуданд. Аз ҷумла, 46 омӯзгор дар таҳия намудани мавзӯъҳои баррасишаванда ва 26 нафар дар Форуми миллӣ, ки 3-юми ноябри соли 2017 баргузор гардид иштирок намуда, андешаҳои худро перомуни мавзӯъҳои мубрами баррасишаванда баён намуданд. Бояд зикр намуд, ки дар соли равон Форуми ҳуқуқшиносони ҷавон бахшида ба «Соли ҷавонон» дар доираи Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо Вазорати адлия ҶТ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия 3-юми ноябри соли 2017 баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни факултет иштирок намуда, ҳудуди 25 нафар омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён бо маърӯза баромад намуданд. Бобохонов Ҳ.З. ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ҳамчун баромадкунандаи беҳтарин бо туҳфаи пулӣ ва сертификат сарфароз гардонида шуд.
Ѓайр аз ин омӯзгорони факултет дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар мавзӯъҳои гуногун баромад карданд. Аз ҷумла мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қурбонов Қ.Б. дар конгреси ҳуқуқии Аврупо – Осиё, ки санаи 8-9 июни соли 2017 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор гардид, дотсент Сафарзода А.И. ва аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ Қурбонзода Б.Ш. дар конфронси байналмилалии «Хониши Кутафинӣ» (ш.Москва, 22-27 ноябри соли 2016), дотсент Сафарзода А.И. ва ассистент Юлдошева Г.М. дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва қонуни ҷиноятӣ: назария ва амалия» (14 апрели соли 2017, Санкт-Петербург) иштирок ва баромад намуданд. Устод Бозоров Р.Б. дар конференсияи байналмилалӣ илмӣ-назариявӣ «Внедоговорные обязательства», дар мавзуи “К вопросу о понятии и содержании обязательства, возникающего из действия в чужом интересе” дар шаҳри Аматои Казоқистон 25-26-уми майи соли 2017 иштирок ва баромад намуданд. Дотсент Сулаймонов Ф.С. дар конференсияи байналмилалӣ илмӣ-назариявӣ «Ҳуқуқи граждании Русия: натиҷаи сол» бахшида ба 25-солгарди таъсиси Маркази ҳуқуқи хусусӣ ба номи С.С. Алексеев назди Президенти Федератсияи Россия аз 24-27 январи соли 2017 дар шаҳри Москва дар мавзӯи «Тамоили рушди қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад кард, ки хароҷоти сафар аз ҳисоби хеш буд ва Қодирқулов Х.Р. рӯзҳои 18-20 майи соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумхурии Қазоқистон дар семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Стандартҳои байналмилалӣ дар бахши ҳуқуқи гуреза» бо маърӯзаи «Мазмуни ҳуқуқии принсипи бадарға накардан дар доираи ҳимояи ҳуқуқи байналмилалии гуреза» ва ғайра баромад намуданд. Инчунин омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ Раҷабов М.Н., Идиев Ф.Ф. ва Қодиров Н.А. бо тариқи фосилавӣ (ғоибона) дар конференсияҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
Бо мақсади ба амал баровардани ҳамкориҳои дуҷониба факултети ҳуқуқшиносӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату кумитаҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ алоқаи устувори илмиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, имрӯз факултети ҳуқуқшиносӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донигоҳи давлатии дустии халқҳои Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Москва ба номи О. Е. Кутафин, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Мактаби олии иқтисодии шаҳри Москва, Донишгоҳи миллии Қазоқистон, Донишгоҳи Бремен (Олмон), Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагина ва ғайра алоқаи зичи илмиро доро мебошад.
Натиҷаи ин ҳамкориҳост, ки омӯзгори кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Қодиров Далер дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Москва ба номи О. Е. Кутафини Федератсияи Россия рисолаи номзадии худро сарбаландона дифоъ намуданд. Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати амали намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ як қатор омӯзгорони факултет ба аспирантура ва дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия (Давлатов Диловар ва Наимов Бобоҷон) ва ғайра сафарбар карда шудаанд.
Самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносиро иштироки фаъолонаи омӯзгорони факултет дар конференсияҳои байналҳалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ нишон медиҳад. Дар соли ҳисоботӣ омӯзгорони факултет дар конференсияҳои байналхалқӣ 60 (соли 2016 -54, соли 2015 -50, соли 2014-44, соли 2013-32), ҷумҳуриявӣ 120 (соли 2016 -110, соли 2015 -102, соли 2014-96, соли 2013-71) ва умумидонишгоҳӣ 18 (соли 2016-16 соли 2015-14, соли 2014-12, соли 2013-15) баромад кардаанд.
Дигар аз самтҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии омӯзгорони факултетро аспирантура ташкил медиҳад. Дар факултети ҳуқуқшиносӣ 35 (соли 2016 – 43, соли 2015 – 46, соли 2014 – 44, 2013 – 47, 2012 – 42) нафар аспирант таҳсил менамояд, ки аз ин шумора 17 (соли 2016 – 14, соли 2015 – 12, 2014-13, 2013-16, 2012-15) нафар дар шуъбаи рӯзона ва 25 (соли 2016 – 29, соли 2015 – 34, 2014-32, 2013-31, 2012-27) нафари боқимондаро аспирантони шуъбаи ғоибона ташкил медиҳанд. Дар факултет 47 нафар унвонҷӯ тадқиқотҳои илмӣ анҷом дода истодаанд. Ҳамзамон дар факултет 2 докторант, 1 докторанти PhD таҳсил менамоянд.
Боиси хушнудист, ки рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ Қодиров Д. – ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ дар мавзӯи «Незаконный оборот наркотических средств: особенности методики расследования (по материалам Республики Таджикистан) « аз рӯи ихтисоси «12.00.12 – криминалистика, фаъолиятӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшносӣ, профессор, Арбоби илми Федератсияи Россия Ишенко Евгений Петрович дар ш. Москва ва рӯзи 6-уми октябри соли 2017 ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ Саидов Ҳикматулло дар мавзӯи «Формирование и развитие таможенного законодательства в советском и постсоветском Таджикистане: историко-правовое исследование», аз рӯи ихтисоси «12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат», зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ Маҷидзода Ҷ.З. дар Шӯрои диссертатсионии миллӣ 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, рисолаҳои номзадии худро сарбаландона дифоъ намуданд. Санаи 26.10.2017 кори илмии Қодиров Д.С. аз тарафи Комиссияи Олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федереатсияи Русия тасдиқ шуд.
Бояд қайд намуд, ҷиҳати фаъол намудани кори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илмҳои ҳуқуқшиносӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадори факултети ҳуқуқшиносӣ бо дархости Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи 15 ихтисоси анъанавии ҳуқуқшиносӣ, ки аз рӯи он рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ омода ва ҳимоя мегарданд, инчунин 4 шаҳодатномаи доктор аз рӯйи ихтисос яъне илмҳои ҳуқуқшиносӣ омода ва пешниҳод карда шуданд. Шӯрои диссертатсионии миллӣ 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои беандозаи садорати факултет аз 27 апрели соли 2017, №15 таъсис ёфт. Таъсиси Шӯрои диссертатсионии миллӣ 6D.КОА-002 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ, 6D030200 – Ҳуқуқи байналмилалӣ ва 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар назди ДМТ яке аз арзишмандтарин дастоварди Донишгоҳ дар замони соҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб ёфта, аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Минбаъд бидуни ягон маҳдудият кулли аспирантон, унвонҷуён, муҳаққиқон ва докторантон метавонанд дар Шӯро аз рӯйи се самт рисолаҳои докторӣ ва 11 самт рисолаҳои номзадӣ дифоъ намоянд.
Ҳамин тариқ, дар соли сипаригардида 2 рисолаи номзадӣ аз ҷониби омӯзгорони факултет ҳимоя гардиданд. Умуман дар факултети ҳуқуқшиносӣ 71 нафар омӯзгорони унвони илмӣ дошта фаъолият мекунанд, ки ин 51,8%-ро ташкил медиҳад. Агар мо ба панҷ соли охири фаъолияти факултети ҳуқуқшиносӣ (2017, 2016, 2015,2014,2013) назар афканем шумораи умумии омӯзгороне, ки дифоъ кардаанд 49 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 9 нафар рисолаи докторӣ ва 40 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.
Дар соли ҳисоботӣ омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносӣ дар 205 барномаҳои телевизион ва радио вобаста ба масъалаҳои гуногун бахшида ба рӯзҳои Артиши миллӣ, 20 солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дар телевизиони давлатии Сафина, Шабакаи аввал, Ҷаҳоннамо, Баҳористон, Радиои Ховар, Радиои Тоҷикистон, Садои Душанбе ва ғайра баромад ва суҳбатҳо намуданд.
2. Қисми I
Соли 2017 марҳилаи 2-юми нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии солҳои 2016-2017 ба шумор рафта, корҳои илмӣ дар 11 кафедра аз рӯи 7 самт, 12 масоил ва 12 мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Равандҳои илмии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносӣ чунинанд:
I. Самтҳо:
– Қонуниятҳои умумии инкишофи ҳаёти давлатию ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, хатарҳо ва таҳдидҳои нави глобалӣ;
– Масъалаҳои асосии предмети танзими ҳуқуқи гражданӣ;
– Дурнамои инкишофи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва меҳнат;
– Масъалаҳои мубрами падидаҳои ҳуқуқи контитутсионӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
– Масоили назария ва амалияи ҳуқуқи мурофиавӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти дигари ҳуқуқмуҳофизавӣ ва криминология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Танзими ҳуқуқии рушд ва инкишофи ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи замин ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ;
– Усули сохторию-низомӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар чаҳорчубаи таҳсилоти рушд кардаистода;
1.1. Масоилҳо:
– Проблемаҳои таърихӣ-назариявии давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ;
– Рушди падидаҳои конститутусионализм ва давлатдории миллӣ, равандҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили қонунгузорӣ дар таъмини амалисозии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Масъалаҳои асосии предмети танзими ҳуқуқи гражданӣ;
– Проблемаҳои назариявии ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ;
– Проблемаҳои назариявии ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ;
– Коркарди масоили мубрами назария, таҳияи тавсияҳои илмӣ ҷиҳати инкишофи қонунгзорӣ, рушди сохтор ва фаъолият оид ба анҷом додани адолати судӣ, назорати прокурорӣ, фаъолияти дигари ҳуқуқмуҳофизавӣ, омӯзиши ҷинояткорӣ ва пешниҳоди роҳҳои пешгирӣ намудан ва аз байн бурдани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Рушд ва инкишофи танзими хусусӣ – ҳуқуқӣ ва оммавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин, инчунин амалия ва назарияи онҳо;
– Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир;
– Проблемаҳои назариявӣ ва амалии таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар низоми ҳуқуқи Ҷумҳуриии Тоҷикистон;
– Танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ;
– Проблемаи методикаи тафтиши ҷиноятҳо муқобили озодӣ;
– Таъсири байнихамдигарии зеҳнӣ ва низоми забон дар фаъолияти фикрии нутқи донишҷӯён дар шароити дузабонӣ.
1.1.1. Мавзӯъ ва роҳбари илмӣ:
1. Заминаҳои таърихӣ-тамаддунӣ, ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳаёти давлатию ҳуқуқии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқовимат ба таҳдидҳову хатарҳои глобалӣ (роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., академик Тоҳиров Ф.Т. ва д.и.ҳ., профессор Сотиволдиев Р.Ш). Таҳқиқи таърихӣ-назариявии ташаккулу инкишофи давлат ва ҳуқуқ дар сарзамини таърихӣ ва муосири тоҷикон, вазъи кунунӣ, самтҳо ва дурнамои инкишофи ҳаёти давлатию ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ. Нашри мақолаҳо, монографияҳои илмӣ, китобхои дарсӣ, васоити таълимӣ, анҷоми бандҳо ва бобҳои дахлдори диссертатсияҳои номзадиву докторӣ, омода намудани конфронсҳои илмию амалӣ, баромадҳо дар конфронсҳо.
2. Инъикоси сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар қонунгузори ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ: проблемаҳои назариявӣ ва амалия (роҳбари илмӣ: н.и.ҳ., дотсент Сафарзода А.И.). Дар ин марҳала Баррасии проблемаҳои назариявӣ ва амалияи татбиқи қонунгузории ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, таҳлили ҳаматарафаи инъикоси сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар қонунгузори ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ба табъ расонидани монография мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
3. Масъалаҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва такмили қонунгузорӣ (роҳбари илмӣ д.и.ҳ, профессор Диноршоҳ А.М.). Дар соли ҷорӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра масоили такмили соҳибихтиёрии халқ, давлат ва шаклҳои таҷассуми он; усулҳои асосии ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ; интихобот ва низоми он; вазъи ҳуқуқии вакилон ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ; вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии инсон, шаҳрванд, мақомоти давлатӣ ва хидмачиёни он; асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди таҳқиқ арзёбӣ мешаванд. Натиҷаҳои онҳо дар монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ инъикос меёбанд. Ҳангоми гузаронидани дарсҳои лексионӣ ва семинарӣ аз фанҳои кафедра, аз ҷумла аз фанҳои тахассусӣ истифода карда мешаванд.
4. Такмилёбии предмети танзими ҳуқуқи гражданӣ: проблемаҳои назариявӣ ва амалия. (роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., профессор Ѓаюров Ш.К.) марҳилаи якуми корҳои илмӣ тадқиқотии кафедраи ҳуқуқи гражданӣ мебошад. Бо инкишофёбии вазъи инсон дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, амалӣ шудани арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ талабот ба танзими ҳуқуқи гражданӣ зиёд мегардад. Сухан оид ба васеъшавии предмети танзими ҳуқуқи гражданӣ меравад. Бинобар ин, зарурати таҳрири нави КГ ба миён омад. Дар чунин ҳолат, яке аз вазифаҳои мутахассисони ин соҳа дар он аст, ки падидаҳои навро (иттилоот, ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ, ҳуқуқ ба истифодаи қитъаи замин, об ва ғайраро) мавриди таҳқиқ қарор дода, донишҳои мавҷударо таҷдиди назар намуда, барои такмили таълимоти соҳавӣ ва инкишофи қонунгузории ҶТ таклифҳои судманд намоянд. Ҳамчун натиҷа хулосаҳои ташхисӣ, мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва дигар асарҳо ба табъ расонида мешавад.
5. Масъалаҳои муносибкунии танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ. (Роҳбари илмӣ: н.и.ҳ., дотсент Сангинов Д.Ш.). Омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар ин марҳила тадқиқи масоили марбут ба назария ва амалияи танзими шартномавӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар бахши соҳибкорӣ ва дар ин замина кор карда баромадани хулосаҳои асосноки илмӣ, пешниҳод ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи қонунгузориро мавриди тадқиқоти илмӣ қарор доданд.
6. Муаммоҳои такмили назария ва амалияи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, мурофиа дар судҳои иқтисодӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти дигари ҳуқуқмуҳофизавӣ, омӯзиши ҷинояткорӣ ва коркарди роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (роҳбари илмӣ: н.и.ҳ., дотсент Маҳмудов И.Т.). Дар ин марҳила дар заминаи омӯзиши назарияҳои илмӣ, таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намудан ба инкишофи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, мурофиа дар судҳои иқтисодӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти дигари ҳуқуқмуҳофизавӣ, ҳуқуқи судӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст овардани хулосаҳои илман асоснок, дар асоси онҳо тавассути мақолаҳову рисолаҳо пешниҳод намудани назарияву таклифоти нав баҳри инкишофи ҳуқуқи мурофиавӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти дигари ҳуқуқмуҳофизавӣ ва криминология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тадқиқоти омӯзгорон қарор гирифт.
7. Масоили ҳуқуқии танзими коллизионии муносибатҳо бо унсури хориҷӣ (роҳбари илмӣ: н.и.ҳ., дотсент Раҷабов М.Н.). Яке аз асосҳои танзими муносибатҳо бо унсури хориҷӣ меъёри коллизионӣ мебошад. Таъиноти асосии меъёрҳои коллизионӣ муайян кардани татбиқи низоми ҳуқуқӣ дар танзими муносибати ба вуқуъ омада мебошад. Вобаста ба инкишофи иқтисодиёт дар раванди ҷаҳонишавӣ, инкишофи соҳибкорӣ ва тиҷорати байналмилалӣ нақши меъёри коллизионӣ дар татбиқи ҳуқуқи миллӣ ва хориҷӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ меафзояд. Бо чунин назардошт омодо намудани маводҳои илмӣ, ширкат дар конференсияҳои сатҳи гуногун ва пешниҳодҳо баҳри такмили қонунгузорӣ мавриди тадқиқот қарор дода шуд.
8. Проблемаи танзими ҳуқуқии вазъи ҳуқуқии субъектҳои ҳукуки байналмилалии оммавӣ (роҳбари илмӣ н.и.ҳ., дотсент Идиев Ф.Ф.). Дар асоси омӯзиши адабиётҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян кардани омилҳои таърихӣ ва ҳуқуқии пайдоиши муносибатҳои дипломатӣ, нақши меъёрҳо ва одатҳои байналмилалӣ дар танзими муносибатҳои дипломатӣ, пайдоиши хизмати дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайдоиш ва рушди дипломатияи тоҷик дар аҳди қадим, миёна ва замони нав, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дипломатии дуҷониба ва бисёрҷониба, дипломатияи пешгирикунанда, инчунин вазъи ҳуқуқии мақомотҳои давлатии татбиқкунандаи муносибатҳои ҳадафҳои тадқиқот ба ҳисоб меравад. Натиҷаи тадқиқот омода намудан ва нашр кардани мақолаҳои илмӣ, монография ва инчунин иштирок дар конференсияҳои сатҳи гуногун мебошад.
9. Проблемаҳои назариявии ташаккули низоми ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир. (роҳбари илмӣ д.и.ҳ., дотсент Азизов У.А). Дар натиҷаи таҳлили муқоисавии низомҳои ҳуқуқии амалкунандаи ҷаҳони муосир, омӯзиши таҷрибаи амалии пешқадам дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон ба ҳукумат, парлумон ва дигар мақомотҳои босалоҳияти кишвар таклифҳои илман асоснок пешниҳод мегардад.
10. Масъалаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии танзими умумӣ ва хусусӣ- ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, экологӣ, кишоварзӣ, ва замин. (роҳбари илмӣ н.и.ҳ., дотсент Қурбонов Қ.Б.). Тадқиқи проблемаҳои назариявӣ ва амалии танзими оммавӣ ва хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин инчунин дар ин замина коркарди хулосаҳои асосноки илмӣ, таклиф, пешниҳод ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Табъу нашри силсилаи мақолаҳои илмӣ, китоби дарсӣ, монография ва навиштани рисолаҳои илмӣ дар ин самтҳо.
11. Муосиргардонии тахсилоти касбию самтӣ дар шароити низоми рейтингию кредитӣ. (Роҳбари илмӣ н.и.ф, дотсент Назарова З.А.). Коркарди чораҳои ҳамаҷонибаи ташаккули назарияи умумии таълими забонҳои хориҷӣ бо дарназардошти фаъолияти тахассусӣ (касбӣ). Натиҷаҳо дар рафти дарсҳои амалӣ, ҳангоми навиштани диссертатсияҳо, коркардҳои илмӣ – методӣ, мақола, маърӯзаҳо дар конфронс ва семинарҳо истифода мешаванд.
12. Методикаи криминалистии тафтиши ҷиноятҳо муқобили озодӣ (Роҳбари илмӣ: н.и.ҳ., дотсент А.Қ. Назаров). Дар ин марҳила проблемаҳои инкишофи методикаи тафтиши ҷиноятҳо муқобили озодӣ, тактикаи гузаронидани амалҳои алоҳидаи тафтишотӣ, коркарди усулҳои муайян намудани ҳолатҳои алоҳидаи ҷиноят ва тайёр намудани монография мавриди тадқиқот қарор дода шуданд.
3. Қисми II.
Нишондодҳои муҳими инкишофи корҳои илмию тадқиқотӣ дар ҷадвалҳо инъикос мегардад (Ҷадвалҳо замима мегарданд).
4. Қисми III.
Самаранокии корҳои илмию тадқиқотии омӯзгорон.
Соли 2017 аз нигоҳи самарнокии корҳои илмию тадқиқотии омӯзгорон, яке аз солҳои пурбарор ба ҳисоб меравад. Дар соли 2017 – 634 маводҳои чопӣ (соли 2016 – 617, соли 2015 – 663, соли 2014-650, соли 2013 – 494) ба нашр расонида шудааст. Аз ин шумора:
1. Монография – 29 (соли 2016 – 28-аз ин 3-тоаш дар хориҷа), (соли 2015 – 24-аз ин 2-тоаш дар хориҷа), (соли 2014 – 38 (5-тоаш дар хориҷа), соли 2013-38,);
2. Китоби дарсӣ -11 (соли 2016 – 3, соли 2015 – 8, соли 2014-12, соли 2013 – 14);
3. Васоити таълимӣ – 42 (соли 2016 – 46, соли 2015 – 42, соли 2014-60, соли 2013 – 57);
4. Дастури таълимию методӣ -15 (соли 2016 – 22, соли 2015 – 41, соли 2014-31, соли 2013 – 68,);
5. Фишурда -26 (соли 2015 – 37, соли 2015 – 7, соли 2014-14, соли 2013 – 35);
6. Мақолаи илмию – оммавӣ 511 (соли 2016 – 481, соли 2015 – 541, соли 2014-508, соли 2013 – 307).
Дар факултети ҳуқуқшиносӣ тули солҳои 2013, 2014, 2015, 2016 ва 2017 зиёда аз 3058 маводҳои илмӣ ба табъ расиданд, ки онро 157 монография, 48 китоби дарсӣ, 247 воситаи таълимӣ, 177 дастури методӣ, 119 фишурда ва 2348 мақолаҳои илмию оммавӣ ташкил медиҳад.
Соли 2017 дар факултети ҳуқуқшиносӣ 3 маҷаллаи илмӣ – иттиллоотии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» (Правовая жизнь) таҳти № 1, № 2, № 3 ва 3 нашри маҷаллаи илмӣ-амалии «Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон» (Государствоведение и права человека) таҳти № 1,2 ва 3 (68-69) аз чоп баромаданд. Дар шумораҳои зикргардида мақолаи илмӣ, тафсир, тақриз, ёдоштҳои омӯзгорони факултет ва олимони барҷастаи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Олмон, Украина, Беллоруссия ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба табъ расидаанд. Дар баробари ин 17 шумораи газетаи «Минбари ҳуқуқшинос» дар соли 2017 аз чоп баромаданд, ки дар он мақолаҳои омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун, аспирантон ва донишҷӯёни факултет чоп карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҷиҳати ворид гардонидани маҷаллаи илмӣ – иттиллоотии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» (Правовая жизнь) ба рӯйхатӣ маҷаллаҳои тақризшаванда як қатор корҳоро ба сомон расонид. Аз он ҷумла, тамоми ҳуҷатҳо омода карда шуда ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ворид намудани маҷалаи мазкур ба феҳристи маҷалаҳои тақризшаванда супорида шуд. Ва маҷаллаи илмӣ – иттиллоотии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» аз ташхиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, дар назар аст, ки охири моҳи равон бояд аз ҷониби раёсати КАО ҶТ ба Феҳристи ягонаи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои таҳқиқоти илмии унвонҷӯёни дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос, номзад ва доктори илм интишор шаванд, ворид карда шавад. Инчунин баҳри баланд бардоштани мавқеи байналмилалии журнали мазкур тамоми ҳуҷҷатҳо ба сомонаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия баҳри ба Феҳристи ягонаи маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои таҳқиқоти илмии унвонҷӯёни дараҷаҳои илмии номзад ва докторӣ илм интишор шаванд, гузошта шуд.
Санаи 6-уми октябри соли 2017 дар факултет маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълим ифтитоҳ ва дар ошёнаи 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ баъд аз таъмири замонавӣ китобхонаи илмӣ ба истифода дода шуд. Китобхона бо ташаббусу мусоидати Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ пурра аз нав таъмир карда шуда бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шудааст. Китобхонаи илмии факултет бо тамоми адабиёти илмиву таълимии замонавӣ ва маҷаллаҳои илмиву рӯзномаҳои даврӣ таъмин буда аз 1 толори хониш бо 64 ҷойи нишаст, ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ иборат мебошад. Фонди китобҳои илмии китобхона то имрӯз ба 25000 адад мерасанд, ки бо дастгирии садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ҷамъоварӣ шуда, ҳамарӯза аз он зиёда аз 3500 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар истифода менамоянд. Дар китобхона шароити мусоид барои мутолиакунандагон ҳам барои фасли сармо ва ҳам фасли гармо фароҳам оварда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки яке аз талаботҳои нав дар соҳаи илм имрӯз дохил намудани мақола ва дигар маводҳои чопшудаи олимон ба руйхати индекси руссиягии иқтибосҳои илмӣ (РИНЦ) ба шумор меравад, ки дар ин самт омӯзгорони факултет фаъолияти худро ҷоннок намудаанд. Масалан, омӯзгорон Диноршоев А.М. (119 мақола, 1004 иқтибос, 11 хирш); Бобоева Н.И. (16 мақола, 116 иқтибос, 7 хирш); Салохидинова С.М. (46 мақола, 139 иқтибос, 6 хирш); Сафарзода Б.А. (35 мақола, 562 иқтибос, 4 хирш); Сафарзода А.И. (53 мақола, 161 иқтибос, 4 хирш); Насриддинзода Э.С.(33 мақола, 138 иқтибос, 4 хирш); Имомов А.И. (34 мақола, 319 иқтибос, 3 хирш); Холикзода А.Ғ.(25 мақола, 296 иқтибос, 3 хирш); Марифхонов Р.Н.(26 мақола, 36 иқтибос, 3 хирш) рейтинги баландро соҳибанд. Дигар омӯзгорони факултет низ дар ин самт кори худро бояд ҷоннок намоянд.
Бояд иброз намуд, ки дар робита ба банди 56 Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Академияи илмҳо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (факултети ҳуқуқшиносӣ) омода ва пешниҳод намудани лоиҳаи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Ҳамзамон дар таҳияи лоиҳаи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолона иштирок намуда бевосита баъзе аз бобҳо ва бандҳои лоиҳаро таёр намудаанд. Ба ҳайси аъзои гурӯҳи корӣ, ки доимо дар таҳияи лоиҳаи консепсия, ки дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, иштирок намудаанд, д.и.ҳ., профессор Сотиволдиев Р.Ш., ва ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ Соҳибов М.М. ба шумор меравад.
Тибқи нақша чорабиниҳое, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда буд, дар бахши таҳияи самтҳои асосии рушди ҳуқуқи миллӣ омӯзгорони факултет муваззаф гардида будаанд. Иштироки омӯзгорон дар бахшҳои зерин асосӣ буд:
– дар бахши таҳияи самтҳои асосии консепсия дар қисмати муқаддима, рушди маърифати ҳуқуқӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, қисми хотимавӣ иштирок дошт, д.и.ҳ., профессор Сотиволдиев Р.Ш. (бояд иброз намуд, ки устод дар тамоми самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқӣ, ки консепсия фаро мегирифт иштироки фаъолона доштанд); дар бахши таҳияи самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ иштирок доштанд, д.и.ҳ. дотеснт Диноршоев А.М., ассистент Соибов З.; дар бахши таҳияи самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ иштирок доштанд, д.и.ҳ., профессор Ғаюров Ш.К., н.и.ҳ., дотсент Сулаймонов Ф.; дар бахши таҳияи самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҳуқуқи молия, андоз ва гумрук, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ иштирок доштанд, н.и.ҳ., дотсент Сангинов Д.Ш., н.и.ҳ., дотсент Бозоров Н., ассистент Шарипов И.; дар бахши таҳияи самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иштирок дошт, н.и.ҳ., дотсент Сафарзода А.; дар бахши таҳияи самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ иштирок дошт, муаллими калон Фозилов Н.; дар бахши таҳияи самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ иштирок доштанд, д.и.ҳ., Искандаров З., н.и.ҳ., дотсент Абдуллоев П., ассистент Авзалов А.; дар бахши таҳияи самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи нақлиёт иштирок доштанд, н.и.ҳ., дотсент Қурбонов Қ., ассистент Соҳибов М.М.; дар бахши таҳияи самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҳуқуқи байналмилалӣ иштирок доштанд, н.и.ҳ., дотсент Раҷабов М., н.и.ҳ., дотсент Мирзоев А. Ҳамзамон бояд иброз намуд, ки баъди таёр намудани лоиҳаи намунавии консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз барои хулоса ба факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ирсол гардида буд, ки аз ҷониби омӯзгорон Сотиволдиев Р.Ш., Ѓаюров Ш.К., Искандаров З., Маҳмудов И., Соҳибов М.М., ва дигарон муҳокима ва бо хулосаҳои нав ба аъзои гурӯҳи корӣ пешниҳодҳо ирсол карданд.
Дар асоси дастури Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 06. 2017с, № 41358 (23-8) мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, профессор Ѓаюров Ш. К. дар гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани васоити таълимӣ ва лоиҳаи Консепсияи фондҳои кафолатии қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда истодааст. Ў ба лоиҳаҳои таҳиянамудаи БМТ оид ба дигар намудани тартиби руёниш дар КГ ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» (13. 01. 2017с.) ба ММК хулосаи ҳуқуқӣ пешиҳод намуд.
Ба ғайр аз нишондодҳои дар боло зикргардида, омӯзгорони факултет имсол чун ҳар сола ба лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ додаанд. Масалан, Диноршоев А.М. дар омода намудани лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иштирок намудааст. Саидзода И.Х. дар таҳияи муҳокимаи лоиҳаи қонунҳои конститутсионӣ: «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ВМКБ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохтори марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Ба лоиҳаи кодексҳо: «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (панҷ лоиҳа), «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (чор лоиҳа), «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (чор лоиҳа), «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ду лоиҳа), «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ду лоиҳа), «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ду лоиҳа).
Ба лоиҳаи қонунҳо: «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» (ду лоиҳа), «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ду лоиҳа), «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2018–2019», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» (ду лоиҳа), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» (ду лоиҳа), «Дар бораи вазъи ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» (се лоиҳа), «Дар бораи фаъолияти риэлторӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ, «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи чарогоҳ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эхсонкорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» , «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва ғайра.
Инчунин омӯзгорон Раҳмон Д.С., Азизов У.А., Диноршоҳ А.М., Маҳмудов И.Т., Қурбонов Қ.Б., Сангинов Д.Ш., Назаров А.Қ., дар гурӯҳи корӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти Паёми Президенти ҶТ дар ноҳияҳои Истаравшан, Панҷ, Восеъ, Вахш, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Зафаробод ва шаҳри Душанбе иштирок намудаанд.Бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз он ҷумла декани факултет Раҳмон Д.С. аз санаи 11 то 16-уми сентябри соли равон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафари хизматӣ намуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳои шаҳр дар чаҳорчубаи барномаи ташвиқу фаҳмондадиҳии тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар соли ҳисоботӣ донишҷӯёни факултет аз ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳриявӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварданд: Аз ҷумла миёни онҳо донишҷӯи курси 5-уми шуъбаи рӯзона Сафаралиев Далер зери роҳбарии бевоситаи Абдуллоев П.С. ҷои аввалро дар Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овард.
Дар идомаи ҳафтаи забонҳои хориҷӣ санаи 19-уми октябри соли 2017 дар ҳошияи маҳфили мубоҳисавии «Ворисони Куруш» озмуни «Ҷоми Куруш»-2017 бо шукуҳу шаҳомати хосса ташкил ва бо забони англисӣ баргузор шуд. Дар анҷоми мусобиқа дастаи «De jure» донишҷӯёни соли 4-уми ихтисоси ҳуқуқи байналхалқӣ Ҷурахонов Баҳодур, Қиёмиддинов Фарҳод ва донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси ҳуқуқшиносии умумӣ Аҳмадов Қандил ғолиби «Ҷоми Куруш» 2017 гардиданд.
Дар озмуни «Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат» ки санаи 7-уми ноябр соли 2017 дар миёни донишҷӯёни ДМТ баргузор гардид Самандари Қаландар донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷои якум, Муҳиддинов Анис донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷои дуюм ва Буйдоқов Бурҳоналӣ донишҷӯи курси дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ 12 маҳфилҳои илмӣ – назариявии назди кафедравӣ фаъолият карданд, ки зиёда аз 1300 нафар донишҷӯён аъзои ин маҳфилҳо мебошанд, ки нисбат ба солҳои (соли 2012 – 436 нафар донишҷӯ, соли 2013 -750 нафар донишҷӯ, соли 2014-900 нафар донишҷӯ, соли 2015 – 950 нафар донишҷӯ, 2016 – 100 нафар донишҷӯ) зиёд мебошанд. Дар маҷмӯъ 230 (соли 2015 – 172, соли 2016 – 210) маҳфили илмии донишҷуён гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои гуногуни илми ҳуқуқшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ баррасӣ гардиданд. Дар факултет аз ҷониби 5 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба 30 маҳфилҳои инфиродии устодон, аз ҷумла маҳфили инфиродии профессорон Сотиволдиев Р.Ш., Ѓаюров Ш.К., Холиқзода А.Ѓ., дотсентон Сафарзода А.И. ва Сангинов Д.Ш. гузаронида шуданд, ки дар он беш аз 150 нафар донишҷӯён иштирок намуда, масъалаҳои гуногуни илми ҳуқуқшиносиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Аз 20 то 27 апрели соли 2017 дар факултети ҳуқуқшиносӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиии ҳайати донишҷӯён бахшида ба «20-солагии Ваҳдати миллӣ» ва «Соли ҷавонон» баргузор гардид. Дар бахши донишҷӯён бошад, мувофиқи барнома дар 11 бахш 199 маърӯзаҳои донишҷӯён пешбинӣ шуда буд, ки аз ин 193 марӯъзаи донишҷуён шунида шуд. Имсол бо сабабҳои узрноку ғайриузрнок тибқи барнома 6 нафар донишҷӯён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз нақша 52 нафар дар конференсия маърӯза карданд.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии аъзоёни маҳфилҳои назди кафедравии Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар соли 2016–2017 220 мақолаҳои донишҷӯёни лаёқатманд ва фаъоли факултет, ки фарогирандаи масъалаҳои муҳими ҷамъиятиву ҳуқуқӣ ва давлатию сиёсӣ буданд дар рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» ва моҳномаи «Минбари ҳуқуқшинос» ба табъ расидаанд.
Омӯзгорони факултет дар ҳимояи рисолаҳои докториву номзадӣ, китобҳои дарсиву васоити таълимии дохиливу хориҷӣ тақризҳо навиштанд. Чунончи: Мудири кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ Раджабов М.Н. Рецензия на моногорафию Кузнецова М.Н. «Введение в международное частное право: теоретико-правовое исследование».М.: РУДН, 2014. 288 с. // Научно-информационный журнал «Правовая жизнь» Апрель-июнь 2017, №2 (18).-С. 176-180; Сулаймонов Ф.С. Новая книга профессора Суханова Е.А. о вещных правах – источник познания философии вещных прав // Паёми Донишгоҳи милии Тоҷикистон. № 1. 2017. Д., Сино, 2017. С.191-195; Раджабов М.Н., Қодиркулов Х.Р. Отзыв на автореферат докторской диссертации Рахмонкуловой Нилуфар Ходжи-Акбаровны на тему «Совершенствование кодификации законодательства о международном частном праве Республики Узбекистан» (28 ноября 2016г. Г. Ташкент); Раджабов М.Н., Кодиркулов Х.Р. Отзыв на автореферат докторской диссертации Абдурахмоновой Хосиятхон Бахтиёржон Кизи на тему «Регулирование отношений между родителями и детьми в международном частном праве»(г. Ташкент,9 декабря 2016г.). Аз ҷониби омӯзгорони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ -тақриз ва хулоса ба диссертатсияҳои номзадии Солиева Нигора Шодибоевна, Саидов Хикматулло Х. ва Баётоа Аяр навишта шуд.
Пешниҳодҳо:
1.Зарур аст, ки ба баланд бардоштани масъулияти омӯзгорони ҷавон дар самти иҷрои нақшаи КИТ ва ҳамзамон беҳдошти сатҳу сифати мақолаҳои илмии онҳо чораҳои муассир андешид.
2. Ба мақсад мувофиқ аст, ки баргузории маҳфилҳои илмии сатҳи гуногун бо ҷалби намояндагони доираҳои илмӣ, олимон, профессорон, ходимони намоёни давлатӣ ва дигар шахсони воломақоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар васеъ ба роҳ монда шавад.
3. Пешниҳод менамоем, ки Раёсати ДМТ барои чопи маҳсули корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону устодон ва кормандони Донишгоҳ сол ба сол дар доираи нақшаи КИТ барои солҳои 2016-2020 мусоидат намояд. Дар ин замина зарур аст, ки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи махсус таъсис дода шуда, номгӯй ва дастовардҳои илмии омӯзгорони Донишгоҳ дар он ҷой карда шавад.
4. Пешниҳод менамоем, ки Раёсати ДМТ дар доираи имкониятҳои молиявии ҷойдошта барои обуна шудан ба бонуфузтарин маҷаллаҳои илмӣ-назариявии кишварҳои хориҷ дар иштаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла кишварҳои узви ИДМ мусоидат намояд.
5. Ба мақсад мувофиқ меҳисобем, ки ҳамкории ДМТ бо Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок карда шуда, ҳамзамон дар ин замина ҳамкорӣ бо Комиссияи Олии атестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федереатсия Русия вусъат дода шуда, бо дарназардошти имконоти мавҷуда барои таъсис додани Шӯроҳои диссертатсионии руссиягӣ ва Шӯроҳои диссертатсионии байнидавлатӣ мусоидат намояд.
6. Мо пеш аз ҳама ба омода кардани кадрҳои илмӣ – номзадҳо ва докторҳои илми ҳуқуқшиносӣ дар риштаҳои нодир ниёз дорем. Аз ин рӯ, аз Рёсати ДМТ эҳтиромона хоҳиш менамоем,ки дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илм ва Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба аспирантура ва докторантураи мақсаднок сафарбар намудани устодону кормандони факултет ва дигар намуди дастгириҳои молиявӣ ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои илмии омодашуда кумак намоянд.
7. Зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ аз ҳисоби донишҷӯёни лаёқатманд ва хубу аълохон таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир карда шавад. Дар пайвандӣ ба ин масъала ташкил ва баргузории ҳаммоишҳои илмии сатҳи гуногуни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мувофиқи мақсад аст.
8. Бо дарназардошти таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои миллӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар ҳудуди Тоҷикистон зарур аст, ки феҳристи маҷаллаҳои илмии миллии тақризшаванда муаяйн карда шавад. Аз ин рӯ, аз Раёсати ДМТ хоҳиш менамоем, ки барои ба қайд гирифтани маҷаллаи илмии “Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон”ба сифати маҷаллаи таҷассумкунандаи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ аз ҷониби Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тадбирҳо андешида шавад. Ҳамзамон афзалият ба масъалаи нашр намудани мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳое, ки шомили руйхати Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Русия мебошанд ва ба низоми ИРИИ (индекси руссиягии иқтибосҳои илмӣ) дохил карда шудаанд, низ дода шавад.
9. Ба ифтихори таҷлили 70-солагии таъсиси ДМТ ва бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмии устодону кормандони ДМТ ба мақсад мувофиқ меушморем, ки дар заминаи ДМТ соли 2018 форуми байналмилаии илмӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони марказҳои бонуфузи илми-таълимии дохил ва хориҷӣ кишвар ба нақша гирифта шавад.
10. Тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути доктарантураи PhD ҷоннок карда шуда, ҷалби доктаранти PhD бо дарназардошти риояи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Ба мақсад мувофиқ аст, ки доктарантони PhD аз ҳисоби хатмкунандагони фаъоли факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намудаанд, забони давлатӣ ва хориҷиро хуб медонанд, ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ доранд, ҷалб карда шаванд. Доктарантони PhD-ро зарур аст, ки дар мавзӯҳои афзалиятнок ва арзишманде, ки барои рушду инкишофи соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи кишвар созгоранд, тадқиқотҳои илмӣ анҷом диҳанд.
ХУЛОСА
Дар соли сипаришуда факултети ҳуқуқшиносӣ ба натиҷаҳои хуби илмӣ ноил гардида, ҳамаи корҳои илмӣ тибқи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода шудаанд.