Соли 2015 яке аз солҳои бобарор ва пурсамари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад. Устодони факултет дар соли ҳисоботӣ баҳри иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштанд. Ҳамаи ин натиҷаҳои назаррас барои баланд бардоштани сифати таълим, такмили қонунгузории амалкунанда ва рушди босуботиТоҷикистони азиз истифода хоҳанд шуд.
Равандҳои илмии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносӣ гуногунҷабҳа буда, он ба масъалаҳои гуногуни назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, масоили гуногуни соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи молия, ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ, ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи кишоварзӣ ва ғайраҳо бахшида шудааст.
Шумораи умумии устодони факултети ҳуқуқшиносӣ дар соли ҳисоботӣ 140 (22 нафараш зан) нафарро ташкил дода, барои иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 126 нафари онҳо ҷалб кард шудаанд. Дар қатори онҳо, 16 нафарашон доктори илми ҳуқуқ (2 нафари онҳо академики АИ ҶТ, 11 нафари онҳо профессор ва 5 нафари онҳо дотсент), 42 нафар номзади илми ҳуқуқ, дотсент, 3 нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, (9 нафарашон зан) 14 нафар муаллими калон (4 нафари онҳо зан ва 2 нафари онҳо номзади илми ҳуқуқ) ва 63 нафар ассистент (8 нафараш зан ва 9 нафари онҳо номзади илми ҳуқуқ) фаоълият доранд. Устодон Қодиров Н., Д. Хоҷамуродов, Ҳ. Бобохонов, Р.Маҳмудов, И. Шарипов, З. Соибов, Б. Наимов, Ш. Ҳамдамова, З.Насриддинов, Ф. Қурбонализода ва ғайра бинобар сабаби ба кор нав қабул шуданашон дар КИТ – и соли 2015 иштирок надоштанд. Сину соли миёнаи устодони факултети ҳуқуқшиносӣ, мардон 33 сола ва занон бошад 38 соларо ташкил медиҳад. Боиси сарфарозии ҳамаи устодон ва кормандони факултет аст, ки дар соли равон мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ бо Медали хизмати шоиста ва устоди факултет дотсент Саидов Ш.Н. бо ҷоизаи давлатии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника ба номи Исмоили Сомонӣ қадршиносӣ гардиданд.
Соли 2015 ба чорабиниҳои муҳими сиёсии кишвар аз қабили таҷлили рӯзи Артиши миллӣ, рӯзи Ваҳдати миллӣ, 24-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 21-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонрост омад. Ба ин муносибат мутобиқи нақшаи Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети ҳуқуқшиносӣ як қатор чорабиниҳои муҳим баргузор гардид. Дар асоси нақшаи конференсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва чорабиниҳои дар боло зикргардида дар факултети ҳуқуқшиносӣ якчанд конференсияҳо, мизи мудаввар ва семинарҳои илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд. Чунончи:
1. Рӯзи 6-уми декабри соли 2014 дар заминаи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ мутобиқи фармоиши ректори ДМТ аз 10.12.2014, №360-09 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида буд.
2. Дар пояи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ бошад санаи 27 декабри соли 2014 мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии биржа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» (фармоиши ректори ДМТ аз 06.12.2014, №356-09) гузаронида шуд.
3. Рӯзи 27-уми марти соли 2015 дар пояи кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи савратҳои табиӣ семенари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи нақлиёт: рушд ва дурнамои он» (фармоиши ректори ДМТ аз 16.03.2015, №52-09).
4. Дар пояи кафедраи ҳуқуқи конститусионӣ бошад рӯзи 26 сентябри соли 2015 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инкишофи илми ҳуқуқи конститутсионӣ дар замони муосир» баргузор гардид.
5. Рӯзи 16-уми октябри соли 2015 дар пояи кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи савратҳои табиӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳуқуқи замин ва заминистифодабарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
6. Рӯзи 22 октябри соли 2015 дар заминаи кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди ҳуқуқи мурофиавӣ, назорати прокурорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва криминология дар солҳои истиқлолияти ҶТ» барпо карда шудааст.
7. Рузи 25-уми октябри соли 2015 дар заминаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҷиноятҳо ба муқобили моликият: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид.
8. Дар пояи кафедраи забонҳои хориҷӣ 10 октябри соли 2015 конференсияи илмию назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таълими забонҳои хориҷӣ дар шароити таҳсилоти бисёрфарҳангии инкишофёбанда: анъанаҳо ва навовариҳо(фармоиши ректори ДМТ аз 08.10.2015, №229-09) баргузор гардид.
9. Дар пояи кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ 16 октябри соли 2015 семенари илмӣ-назариявии устодони кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ баргузор гардид.
10. Рӯзи 4 сентябри соли 2015 дар факултети ҳуқуқшиносӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бахшида ба таҷлили 24 – умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (Фармоиши ректори ДМТ таҳти №199-09 аз 03.09.2015) гузаронида шуд.
11. Дар пояи кафедраи ҳуқуқи гражданӣ бошад рӯзи 26 сентябри соли 2014 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои асосии танзими муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ» баргузор гардид.
12. Дар пояи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ моҳи декабри соли ҷорӣ баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: Эъломияи ҳуқуқи башар ва нақши он дар таҳкими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар назар аст.
13. Рӯзи 20 ноябри соли 2015 дар факултети ҳуқуқшиносӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар» бахшида ба таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ гузаронида мешавад.
14. Аз 21 то 28 апрели соли 2015 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиии ҳайати устодон ва донишҷӯён бахшида ба «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «Соли оила» ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» баргузор гардид. Мувофиқи барнома аз 120 маърӯзаи пешниҳодшудаи шуда,110 маърӯза тибқи барнома ва 9 маърӯзаи иловагӣ шунида шуд. Бо сабабҳои гуногун (сафари хизматӣ 3 нафар, сабабҳои номаълум 6 нафар, беморӣ 1 нафар) 9 нафар устодон натавонистанд дар кори конференсия иштирок намоянд. Аз 11 кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносӣ 2 нафар устодон мавзӯҳои худро ба конференсияи мазкур пешниҳод накарданд.
Ҳамин тариқ, дар давоми соли ҳисоботӣ дар факултет 9 конфронси ҷумҳуриявӣ, 2-семинарӣ илмӣ-назариявию ҷумҳуриявӣ, 3 – мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардидааст.
Ѓайр аз ин устодони факултет дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар мавзӯъҳои гуногун баромад карданд. Аз ҷумла: конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: «Конститутсия заминаи ташаккули ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон», конфренсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳи(Славяни) Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи: «Нақши ҳуқуқ дар ҷомеаи имрӯза: дастовардҳо ва дурнамоӣ»,конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар Академияи ВКД дар мавзӯи «20-соли амали Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон:нақши ҷавонон ҳамчун пойдевори ҷомеа ва ҳуқуқи инсон дар он», конфренсияи илмӣ-амалӣ ҷумҳуриявӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия-кафили ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил», конфренсияи илмӣ-амалӣ дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи қонунгузорӣ»,ҷаласаи муаррифии Ҳисоботи ниҳоии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо (ДНДҲИ САҲА) оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе – 9 апрели соли 2014. ва ғайра. Ҳамчунин декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Э.С. Насурдинов дар коференсияи Конфутций дар Ҷумҳурии Хитой иштирок ва баромад намуданд. Мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ профессор Ш.К.Ѓаюров 24 майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи панҷуми ҳамоҳангии роҳбарони Шӯроҳои диссертатсионӣ дар бахши ҳуқуқ иштирок ва баромад намуданд. Ин ҷаласа дар ш. Саратови ФР бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ФР, Комиссияи олии атестатсионӣ ва Академияи давлатии ҳуқуқии Саратов баргузор шуд. Дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститусионӣ А.М. Диноршоев ва муаллими калони ин кафедра Ш. Камолов барои муҳокимаи рисолаи докторӣ ва номзадӣ ба ш. Мосвка сафари илмӣ намуданд. Инчунин якчанд устодони факултет барои иштирок дар конференсия, муҳокимаи рисолаҳои докоториву номзадӣ ба ш.Санкт-петербург, ш.Мосвка, Ҷумҳурии Қирғизистон сафарҳои хизматӣ намуданд.
Бо мақсади ба амал баровардани ҳамкориҳои дуҷониба факултети ҳуқуқшиносӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату кумитаҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ алоқаи устувори илмиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, имруз факултети ҳуқуқшиносӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи интихобот ва райъпурсӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии лингвистикаи шаҳри Москва, Донигоҳи давлатии дустии халқҳои Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Мактаби олии иқтисодии шаҳри Москва, Донишгоҳи миллии Қазоқистон, Донишгоҳи Бремен (олмон), Донишгоҳи славянии Россия- Қирғизистон ва ғайра алоқаи зичи илмиро доро мебошад.
Натиҷаи ин ҳамкориҳост, ки мудири кафедраи ҳуқуқиконститутсионӣн.и.ҳ, дотсент А.М. Диноршоев дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва, устоди кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ А.Д.Ѓафуров дар Донишгоҳи давлатии Қирғизистон дифои рисолаи докторӣ намуданд.
Самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносиро иштироки фаъолонаи устодони факултет дар конференсияҳои байналҳалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ нишон медиҳад. Дар соли ҳисоботи устодони факултет дар конференсияҳои байналхалқӣ 50 (соли 201-44, соли 2013-32, 2012-27), ҷумҳуриявӣ 102 (соли 2014-96, соли 2013-71 2012-58) ва дар 14 (соли 2014-12, соли 2013-65, 2012-52) конференсияҳои умумидонишгоҳӣ баромад кардаанд.
Дигар аз самтҳои фаьолияти илмӣ-тадқиқотии устодони факултетро аспирантура ташкил медиҳад. Дар факултети ҳуқуқшиносӣ 44 (2013 – 47, 2012 – 42) нафар аспирант таҳсил менамояд, ки аз ин шумора 13 (2013-16, 2012-15) нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 31 (2013-31, 2012-27) нафари боқимондаро аспирантони шӯъбаи ғоибона ташкил дода, 4 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ (ҶИЭ) мебошанд. Дар факултет 44 унвонҷӯ таҳсил менамоянд, ки 10 нафари онро шаҳрвандони ҶИЭ ва ҶИА ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби устодони факултет чор нафар устодон (Саидов Ш.Н., Камолов З.А., Ҳимматов Ҳ.Н., Гадоев Б.С.) дар докторантура таҳсилро идома дода истодаанд.
Боиси хушнудист, ки рузи 19-уми сентябри соли ҷорӣ Ѓафуров А.Д. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ дар мавзӯи «Формировавия и развития финансового права в развиваюшихся стран: на примере Афганистана, Ирана и Таджикистана» аз рӯи ихтисосҳои«12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат»,«12.00.14 – ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ», рӯзи 8-уми октябри соли равон Диноршоев А.М. – н.и.ҳ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии танзим ва амалигардонии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси «12.00.02 – Ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи суди конститутсионӣ, ҳуқуқи мунисипалӣ»,рӯзи 9-уми октябри соли 2015 Сафаров Б.А. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар мавзӯи «История воплощения концепций в международных стандартов в области прав человека в правовую систему Республики Таджикистан» аз рӯи ихтисоси«12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат», рӯзи 12.10.2015 Камолов И.И. -н.и.ҳ., дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ дар мавзӯи «Система нормативных правовых актов Республики Таджикистан: проблемы теории и практики» аз рӯи ихтисоси«12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат»,рӯзи 16.10.2015 Азизов У.А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар мавзӯи «Эволюция институтов преступления и наказания на теретории исторического исовременного таджикистана: историко-правове исследования» аз рӯи ихтисоси«12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат»дифои рисолаҳои докторӣ карданд. Ба ғайр аз ин рӯзи 7.04.2015 Қосимов Ф.А.– ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Проблемы гражданских информационных прав и обязательств в акционерных обществах» аз рӯи ихтисоси «12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ», рӯзи 30 июни соли 2015 Мирзоев А. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқӣ дар мавзӯи «Пременимое право в договорных отношениях в международном частном праве» аз рӯи ихтисоси «12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ», рӯзи 26.06.2015 Саидов И. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар мавзӯи «Развития личных и политических прав человека в Таджикистане: историко-правовой и общетеоритический анализ» аз рӯи ихтисоси «12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат», рӯзи 09.06.2015 Мирзоев П. – аспиранти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Проблемы информационных услуг в инвеститционной деятельности» аз рӯи ихтисоси «12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ», рӯзи 18.04.2015Ҷалилиён Ф. – аспиранти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Исключительная права автора произведения» аз рӯи ихтисоси «12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ», рӯзи 3.03.2015 Баҳмани Н.Ш. – аспиранти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ дар мавзӯи «Проблемы алиментных отношений в семейном праве» аз рӯи ихтисоси «12.00.03 – ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ» дифоли рисолаи номзадӣ кардаанд.
Ҳамин тариқ, дар соли сипаригардида 5 рисолаи докторӣ ва 6 рисолаҳои номзадӣ (ҷамъ 11 рисола) аз ҷониби устодону аспирантон факултет ҳимоя гардиданд. Умуман теъдоди устодони уновндор дар факултетиҳуқуқшиносӣ 74 нафар устодони унвони илмӣ дошта фаъолият мекунанд, ки 52,9% ташкил медиҳанд. Агар мо ба чор соли фаъолияти факултети ҳуқуқшиносӣ (2015, 2014,2013,2012) назар афканем шумораи умумии устодоне, ки дифо карданд 44 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 9 нафар рисолаи докторӣ ва 35 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.
Дар соли ҳисоботӣ устодони факултети ҳуқуқшиносӣ дар 120 барномаҳои телевизион ва радио вобаста ба масъалаҳои гуногун бахшида ба рӯзҳои Артиши миллӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун), рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дар телевизиони давлатии Сафина, Шабакаи аввал, Ҷаҳоннамо, Баҳористон, Радио Ховар, Садои Душанбе баромад ва сӯҳбатҳо намуданд.
2. Қисми I
Соли 2015 марҳилаи 5-уми нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии солҳои 2011-15 ба шумор рафтата, корҳои илмӣ дар 11 кафедра аз рӯи 7 самт, 12 масоил ва 12 мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Равандҳои илмии фаьолияти илмӣ-тадқиқотии факултети ҳуқуқшиносӣ чунинанд:
I. Самтҳо:
– Қонуниятҳои умумии ташаккул, инкишоф ва амали давлат ва ҳуқуқ;
– Масъалаҳои назариявии ҳуқуқи моликият ва муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ;
– Дурнамои инкишофи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва меҳнат;
– Такмили асосҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои демократия, ташкил вафаъолияти мақомоти давлатӣ
– Самт: Инкишофи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
– Дурнамои инкишофи соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиӣ
– Таҳлили сохторӣ-функсионалии забон дар доираи алоқаи ҷудошавандаи он бо фаъолияти касбии донишҷӯён
1.1. Масоилҳо:
– Проблемаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ ва умуминазариявии давлат ва ҳуқуқ: таърих ва имрӯз;
– Инкишофёбии қонунгузории ҷиноятии ҶТ дар бораи ҷавобгарии барои таҷовузкорӣ ба моликият ва тафтиши ин ҷиноятҳо;
– Мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститусионӣ, такмили демократия, ҳуқук ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкил фаъолияти мақомоти давлатӣ;
– Проблемаҳои назариявии баъзе масъалаҳои муҳими ҳуқуқи гражданӣ;
– Мувофиқакунонии танзими умумӣ ва хусусӣ – ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ ва татбиқи меҳнат;
– Такмили назария, батанзимдарории ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, коркади роҳу василаҳои таъмин намудани суди одил, назорати прокурории босамар, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
– Танзими шартномавии муносибатҳои байналхалқии хусусӣ;
– Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ташкилотҳои байналхалқӣ.
– Мукаммалгардонии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон;
– Рушд ва инкишофи танзими хусусӣ – ҳуқуқӣ ва умумӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин;
– Масоили тафтиши ҷиноятҳо барои таҷовузкорӣ ба моликият;
– Забон – ҳамчун системаи бисёртаркиба, дорои функсияи иҷтимоии муҳити муошират;
1.1.1. Мавзӯъ ва роҳбари илмӣ:
1. Паҳлӯҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ ва проблемаҳои умуминазариявии инкишофи давлативу ҳуқуқии Тоҷикистон (роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., академик Тоҳиров Ф.Т. ва д.и.ҳ., профессор Сотиволдиев Р.Ш). Соли 2014 марҳилаи 4-уми баррасии мавзӯъ ба ҳисоб рафта дар ин давра устодон таҳқиқи таърихӣ-ҳуқуқӣ ва умуминазариявии давлат ва ҳуқуқ, равшан намудани қонуниятҳои умумии ташаккул, инкишоф ва амали воқеияти давлативу ҳукуқӣ, самтҳо ва дурнамои инкишофи низоми давлативу ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиклол дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии ҳукуқӣ, таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, шаклҳои давлатдории миллӣ, афкори сиёсиву ҳукуқии ҷаҳонӣ, аз ҷумла форсу тоҷик, назария ва амалияи давлати миллии тоҷиконро мавриди тадқиқоти илмӣ қарор доданд.
2. Ҷиноятҳо ба муқобили моликият ва методикаи тафтишотии онҳо: проблемаҳои назариявӣ ва амалия (роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., профессор Т.Ш. Шарипов). Дар ин марҳала марҳала проблемаҳои назариявӣ ва амалияи банду басти ҷиноятҳо ба муқобили моликият, тасарруф, шакл ва намудҳои мушаххаси он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
3. Инкишофи асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии сохтори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ н.и.ҳ, дотсент Диноршоев А.М.). Дар соли ҷорӣ аз ҷониби устодони кафедра масоили такмили соҳибихтиёрии халқ, давлат ва шаклҳои таҷассуми он, усулҳои асосии ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, интихобот ва низоми он, вазъи ҳуқуқии вакилон ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ, вазъи конститусионӣ- ҳуқуқии инсон, шаҳрванд, мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни он, асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди таҳқиқ ва арзёбӣ қарор дода шуд.
4. Проблемаҳои назариявии ҳуқуқи моликияти молӣ ва зеҳнӣ ва инкишофи муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ (роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., профессор Ѓаюров Ш.К.) марҳилаи чоруми корҳои илмӣ тадқиқотии кафедраи ҳуқуқи гражданӣ мебошад. Дар ин марҳила проблемаҳои муҳими ҳуқуқи моликияти молӣ ва зеҳнӣ ва инкишофи муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ аз лиҳози таъмини қоблилияти ҳуқуқии кӯдак, истифодаи чораҳои ислоҳоти замин барои рушди устувории хоҷагиҳои деҳқонӣ, такмили механизми шартнома дар татбиқи ҳуқуқҳои иттилоотӣ, муаллифӣ ва такмили муносибатҳои саҳомӣ мавриди тадқиқот қарор дода шуд.
5. Назария ва амалияи танзими умум ва хусусиҳуқуқиимуносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ ва меҳнат. (Роҳбари илмӣ: н.и.ҳ., дотсент Сангинов Д.Ш.). Устодони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат дар ин марҳила мавзӯи проблемаҳои назария ва амалияи танзими умум ва хусусиҳуқуқии муносибатҳо дар бахши соҳибкорӣ ва татбиқи меҳнат ва дар ин замина коркарди хулосаҳои асосноки илмӣ, таклиф, пешниҳод ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи механизми танзими умум ва хусусиҳуқуқии муносибатҳои бахши соҳибкорӣ ва меҳнатро мавриди тадқиқоти илмӣ қарор доданд.
6. Масоили назарияи низоми судӣ, адолати судӣ, ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, такмили намудҳои гуногуни мурофиа, назорати прокурорӣ, фаъолияти адвокатӣ, омӯзиши ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. (роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., профессор Искандаров З.Ҳ.). Дар ин марҳила заминаи омӯзиши назарияҳои илмӣ, таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намудан ба инкишофи ҳуқуқи судӣ, назорати прокурорӣ, адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тадқиқоти устодон қарор гирифт.
7. Шартнома ҳамчун воситаи танзими мундариҷаҳои байналхалқии хусусӣ (роҳбари илмӣ: д.и.ҳ., проф. Менглиев Ш.М.). Дар замони муосир дар радифи қонунгузории ҶТ, меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар танзими муносибатҳои муомилоти байналхалқии гражданӣ мавқеъи муҳим ва назаррасро дорад. Ҳадафи тадқиқоти илмии устодони кафедра дар марҳилаи 4-ум иборат аз он буд, ки мувофиқи санадҳои миллӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ муайян кардани умумият ва хусусиятҳо дар танзими муносибатҳои амволӣ ва шахсии ғайриамволӣ мебошад. Бинобар ин хусусият, предмет ва объекти муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ мавриди тадқиқот қарор дода шуд.
8. Қобилияти ҳуқуқдории шартномавии ташкилотҳои байналхалқӣ (роҳбари илмӣ н.и.ҳ., дотсент Раҷабов М.Н.). Ташкилотҳои байналхалқӣ дорои қобилияти ҳуқуқдории байналхалқӣ буда, дар доираи ваколати худ ҳуқуқи бастани шартномаҳои гуногунро доранд. Сарчашмаи қобилияти ҳуқуқдории шартномавии ташкилотҳои байналхалқӣ хуҷҷати муассисӣ мебошад. Таҳлили ҳуҷҷатҳои муассисии ташкилотҳои байналхалқӣ нишон медиҳад, ки қобилияти ҳуқуқдории шартномавии ташкилотҳои байналхалқӣ бо ду тарз мустаҳкам гардонида мешавад: ба воситаи ҳолати умумӣ, ки пешбинии бастани дилхоҳ шартномаро барои иҷрои вазифаҳои ташкилот мусоидат менамояд, ё бо ҳолати махсус ё ҳолатҳое, ки имконияти бастани категорияи созишномаҳои мушаххасаро бо давлатҳои мушаххас муайян мекунад. Мақсади тадқиқоти илмӣ аз таҳлили меъёрҳои шартномавии ташкилотҳои байналхалқӣ дар соҳаи танзимнамоии низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ иборат буд.
9. Ташаккули механизмҳои химояи ҳуқуқи инсон дар низоми ҳуқуқи миллӣ (роҳбари илмӣ н.и.ҳ., дотсент Сафаров Б.А). Дар асоси омӯзиши паҳлуҳои мухталифи масоили муҳими хифзи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони муосир ва низоми ҳуқуқи миллӣ устодони кафедра пешниҳоду дархостҳои мушаххас доир ба ташаккули асосҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон ирсол намуданд. Диққати асосӣ ба ташаккули низоми ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дода шуд.
10. Масъалаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии танзими умумӣ ва хусусӣ-ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, экологӣ, кишоварзӣ, ва замин. (роҳбари илмӣ н.и.ҳ., дотсент Ѓафуров А.Д.). Устодони кафедра ба тадқиқи проблемаҳои назария ва амалияи танзими умумӣ ва хусуси ҳуқуқии муносибатҳо дар бахши нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин инчунин дар ин замина коркарди хулосаҳои асосноки илмӣ, таклиф, пешниҳод ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи механизми танзими умум ва хусусӣ ҳуқуқии муносибатҳои дар бахши нақлиёт, кишоварзӣ, экологӣ ва замин машғул шуданд.
11. Тамоюли шахсӣ-инкишофёбандаи касбии равандҳои таълим дар партави талаботҳои навин нисбати таълим дар мактаби олӣ. (Роҳбари илмӣ н.и.ф.,дотсент Салоҳиддинов В.Ю.). Кор карда баромадани чораҳои комплексии низомичорабиниҳо барои ташкил додани заминаи бе ихтилофот амал намудани забонҳои хориҷӣ бо дарназардошти фаъолияти касбии донишҷӯён яке аз вазифаҳои асосии устодони ин кафедра буд. Аз ҷониби устодони кафедрамаҳзани маводҳои методӣ барои таълим додани забонҳои хориҷӣ тартиб дода шуд.
12.Методикаи тафтишотии ҷиноятҳо ба муқобили моликият: проблемаҳои назариявӣ ва амалиявӣ (Роҳбари илмӣ: н.и.ҳ., дотсент А.Қ. Назаров). Дар ин марҳила проблемаҳои назариявӣ ва амалияи методикаи тафтишотӣ, амалиётҳои аввалиндараҷа ва минбаъдаи тафтишотӣ, банақшагирии тафтишотӣ ва фарзияҳои тафтишотии ҷиноятҳо муқобили моликият мавриди тадқиқот қаро дода шуданд.
3. Қисми II.
Нишондодҳои муҳими инкишофи корҳои илмию тадқиқотиро дар ҷадвалҳо инъикос мегардад (Ҷадвалҳо замима мегарданд).
4. Қисми III.
Самаранокии корҳои илмию тадқиқотии устодон.
Соли 2015 аз нигоҳи самарнокии корҳои илмию тадқиқотии устодон, яке аз солҳои пурбарор ба ҳисоб меравад.
Дар соли 2015 – 663 маводҳои чопӣ (соли 2014-650, соли 2013 – 500, 2012 – 334, соли 2011-221,соли 2010-320, соли 2009-273) ба нашр расонида шудааст. Аз ин шумора:
1. Монография – 24 (2-тоаш дар хориҷа) (соли 2014 – 32 (5-тоаш дар хориҷа), соли 2013-33, 2012 – 32, соли 2011 – 17, соли 2010 – 22, соли 2009 – 19);
2. Китоби дарсӣ – 8 (соли 2014-12, соли 2013 – 12, 2012 – 6, соли 2011 – 5, соли 2010 – 20, соли 2009 – 5);
3. Васоити таълимӣ – 42 (соли 2014-60, соли 2013 – 52, 2012 – 37, соли 2011 – 27, соли 2010 – 45, соли 2009 – 11);
4. Дастури таълимию методӣ – 41 (соли 2014-31, соли 2013 – 62,2012 – 50, соли 2011 – 37, соли 2010 – 25, соли 2009 – 21);
5. Фишурда -7 (соли 2014-7, соли 2013 – 28, 2012 – 9, соли 2011-17, соли 2010 – 22, соли 2009 – 19);
6. Мақолаи илмию – оммавӣ 541 (соли 2014-508, соли 2013 – 307, 2012 – 200, соли 2011 – 120, соли 2010 – 175, соли 2009 – 175).
Дар факултети ҳуқуқшиносӣ тули солҳои 2012, 2013, 2014, 2015 2147 маводҳои илмӣ ба табъ расиданд, ки онро 121 монография, 38 китоби дарсӣ, 191 воситаи таълимӣ, 184 дастури методӣ, 51 фишурда ва 1562 мақолаҳои илмию оммавӣ ташкил медиҳад.
Соли 2015 дар факултети ҳуқуқшиносӣ маҷаллаи илмӣ – иттилоотии «Ҳаёти ҳуқуқӣ» (Правовая жизнь) таҳти № 1, № 2, № 3, аз чоп баромаданд. Дар шумораҳои зикргардидамақолаи илмӣ, тафсир, тақриз, ёдоштҳои устодони факултет ва олимони барҷастаи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Олмон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷумҳурии Молдова ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба табъ расидаанд. Дар баробари ин 16 шумораи газетаи «Минбари ҳуқуқшинос» дар соли 2015 аз чоп баромаданд, ки дар он мақолаҳои устодон, кормандони соҳаҳои гуногун ва донишҷӯёни факултет чоп карда шуданд.
Ба ғайр аз нишондодҳои дар боло қайд гардида устодони факултет имсол чун ҳар сола ба лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ додаанд. Масалан, дар асоси амри Президенти ҶТ аз 8. 06. с. 2013, таҳти № АП – 2257 гурӯҳи корӣ барои дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси граждании ҶТ таъсис дода шуд. Дар ҳайати он профессорони кафедраи ҳуқуқи гражданӣШ.К.Ѓаюров, Ш.Т.Тағойназаров Ҷ.С.Муртазоқулов иштироки фаъолона доштанд. Онҳо Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав омода намуданд. Устодон кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ дотсентон Н.Ш.Шонасрудинов ва Д.Ш.Сангинов дар таҳияи лоиҳаи Кодекси меҳнати ҶТ саҳми беандоза доранд. Дар таҳияи лоиҳаи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши устодон А.М.Диноршоев, Х.Ойев, С. Якубова зиёд аст. Инчунин устодони факултет дар муҳокимаи лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи савдои электронӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҶТ оид ба ҳуқуквайронкунии маъмурӣ», «Оид ба таҳрири нави моддаи 1086 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», лоиҳа дар мавзӯи «Ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иттилоотии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2016-2020)». Академияи ВКД ҶТ иштирок карданд.
Илова ба ин ба лоиҳаҳои қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амали намудани адолати судӣ», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи риоя намудани принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», лоиҳаи Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти экстремистӣ(ифротгароӣ) дошта», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дарбораи барасии парвандаҳо бо тартиби соддакардашуда», лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳо оид ба табиқи моддаи 358 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби устодони факултет хулосаҳои ҳуқуқӣ дода шудааст.
Дар соли ҳисоботӣ донишҷӯёни факултет аз ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳриявӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварданд: Аз ҷумла миёни онҳо Тешаев Маҳмадсаид ба гирифтани ҷойи аввал аз фанни сиёсатшиносӣ ва донишҷӯи курси 5-уми шӯъбаи рӯзона Шарипов Манучеҳр ҷои дуюмро дар Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ ба даст оварданданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ 12 маҳфилҳои илмӣ – назариявии назди кафедравӣ фаъолият карданд, ки зиёда аз 950 нафар донишҷӯён аъзои ин маҳфилҳо мебошанд, ки нисбат ба солҳои (соли 2009 – 321 нафар донишҷӯ; соли 2010 – 325 нафар донишҷӯ; соли 2011 – 302, соли 2012 – 436 нафар донишҷӯ, соли 2013 -750 нафар донишҷӯ, соли 2014-900 нафар донишҷӯ). Дар маҷмӯъ 172 (соли 2012 -160) маҳфили илмии донишҷуён гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои гуногуни илмӣ баррасӣ гардиданд.
Аз 21 то 28 апрели соли 2015 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиии ҳайати устодон ва донишҷӯён бахшида ба «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «Соли оила» ва Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» баргузор гардид.Мувофиқи барномаи донишҷуён бошад дар 11 бахш 220 маърӯзаҳои донишҷӯён пешбинӣ шуда буд, ки 212 марӯъзаи донишҷуён шунида шуд. Имсол бо сабабҳои узрноку ғайриузрнок тибқи барнома 18 нафар донишҷӯён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз нақша 53 нафар дар конференсия маърӯза карданд.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии аъзоёни маҳфилҳои назди кафедравии Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар соли 2015–2016 120 мақолаҳои донишҷӯёни лаёқатманд ва фаъоли факултетро, ки фарогирандаи масъалаҳои муҳими ҷамъиятиву ҳуқуқӣ ва давлатию сиёсӣ буданд дар рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» ва «Минбари ҳуқуқшинос» ба табъ расидаанд.
Устодони факултет дар ҳимояи рисолаҳои докториву номзадӣ, китобҳои дарсиву, васоити таълимии дохиливу хориҷӣ тақризҳо навиштанд. Чунончи: Мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ профессор Ѓаюров Ш.К. муқарризи монографияи дотсенти кафедраи «таърих ва ҳуқуқ» – и Донишгоҳи давлатии Данғара Ҳасанов Ш. Қ. «Эмомалӣ Раҳмон ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе: «Ирфон», 2014. 160с» мебошад. Аз ҷониби профессорИскандаров З.Ҳ. тақриз ба рисолаи номзадии А.А.Мурадов дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси «12.00.11 – ҳокимияти судӣ, назорати прокурорӣ, ташкили фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ, адвокатура» ва ба автореферати рисолаи номзадии П.С. Абдуллоев дар мавзӯи «Ёрии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ҳангоми ҷамъ намудан ва санҷидани далелҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ (КМҶҶумҳурии Тоҷикистон)», аз рӯи ихтисоси «12.00.09 – мурофиаи ҷиноятӣ» дода шудааст.Аз ҷониби устод М.Н. Раҷабов ба Капустин А.Я. Международные организации в глобализирующемся мире //Таджикистанский ежегодник международного публичного и частного права. Душанбе, Издательство таджикского национального университета, 2014. ва Мансуров У.А. Сотрудничество Республики Таджикистан с межправительственными организациями универсального характера (международно-правовой аспект) //Таджикистанский ежегодник международного публичного и частного права. Душанбе, Издательство таджикского национального университета, 2014. тақриз дода шуд. Аз ҷониби устодонХ.Р.Қодирқулов тақриз ба воситаи таълимии «Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо забони русӣ) муаллиф Р.Б. Бозоров Душанбе – 2014.228с., Бобоев У.Х.тақриз ба автореферати рисолаиС.А.Пулатова дар мавзӯи«Танзими ҳуқуқи фаъолияти соҳибкории субъектони хоҷагидорӣ хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз рӯи ихтисоси «12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ» ва тақриз ба автореферати рисолаиИ.Қ. Миралиев дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар шароити ташакулёбии давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси «12.00.01 – назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат» дода шуд. Ҳамзамон ба китоби Сомониён: замон ва макон. муаллиф доктори илми таърих, профессор А. Мухторов. Душанбе, 2013. 368саҳ, ба китоби Материалы к библиографии ученых Таджикистана. К 75-летию со дня рождения академика Тахирову Фазыл Тахировичу. Вып.96. Душанбе, 2014. 156с., ба китоби Тоҷикистон – Созмони ҳамкориҳои Шанхай: шоҳроҳи ҳамкориҳо. Бахшида ба Ҷаласаи Сарони узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе 11-12 сентябри 2014. Муаллиф доктори илми таърих, профессор Мирзоев Н.М., Душанбе, 2014. 192саҳ. аз ҷониби устодони факултет тақриз дода шуд.Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ А.М. Диноршоев ба сифати опоненти расмӣ дар дифои рисолаи номзадии Ѓафуров Меҳриддин Садриддинович дар мавзӯи «Ҷавобгарии конститутсионӣ-ҳуқуқии мақомотҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва опоненти ғайрирасмӣ дар дифои номзадии Н.Ш. Курбоналиев, И.Қ.Миралиев, Н.И. Бобоева баромад намудааст.
Пешниҳодҳо:
– Раёсати ДМТ-ро зарур аст, ки масъалаи бастани созишнома бо макотиби олии Федератсияи Россияро оиди тайёр намудани мутахасисон барои ихтисосҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, криминология, криминалистика ва назорати прокурорӣ чораандешӣ намояд;
– Раёсати ДМТ-ро зарур аст, ки барои такмили ихтисоси байналмилалии устодони факултети ҳуқуқшиносӣ чораандешӣ намояд. Чунки Тоҷикистон аъзои Суди байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ аст. Рӯзҳое мешавад, ки манфиатҳои ҶТ-ро дар сатҳи байналмилалӣ химоя намудан лозим меояд.
– Аз Раёсати ДМТ хоҳиш карда мешавад, ки нисбати устодоне, ки дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба таври бояду шояд рафтор мекунанд ё ин ки умуман маҳсули илмӣ надоранд чораҳои мушаххаси интизомӣ андешида шавад.
– Аз Раёсати ДМТ хоҳиш карда мешавад, ки мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ профессор Р.Ш. Сотиволдиев ва кафедраҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат, ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ ҳамчун кафедраҳои намунавӣ дар донишгоҳ эътироф карда шуда, бо назардошти ҷамъбасти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2014 бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шаванд;
– Аз Раёсати ДМТ хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати бо адабиётҳои муосири ҳуқуқи таъмин намудани китобхонаи факултет чораандешӣ намояд.
Декани факултети ҳуқуқшиносӣ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Э.С. Насурдинов