Боиси сарфарозию хушнудист, ки имрӯзҳо дар тамоми гушаю канори Тоҷикистони азиз бузургтарин ва муқаддастарин ҷашнвораи миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кулли сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуда истода, дар ин самт корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки 28 сол муқаддам, 9-сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Баъди ин руйдоди муҳими тақдирсоз тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ба даст оварда, имконият пайдо намуданд, ки баъд аз ҳазорсолаҳо дубора ба бунёди аркони давлатдории миллӣ камари ҳиммат банданд.
Бо сарбаландӣ метавон изҳор дошт, ки дар муддати бисту ҳашт сол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими рукнҳои асосии давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст. Таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию субот дар ҷомеа аз беназиртарин ва арзишмандтарин дастовардҳое мебошанд, ки мардуми бузургу сарбаланди тоҷик бо шарофати заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи тоҷик, шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. Маҳз бо азму талоши Пешвои миллат дар замони соҳибихтиёри давлатӣ заминаҳои мусоид барои амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат фароҳам оварда шуданд. Ба истифода додани чархаи дуюми НБО Роғун дар рӯзи таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатӣ кишвари азизу маҳбуби моро дар роҳи расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ наздик намуда, барои рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.
Шарафмандем, ки дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш аз номи ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамаи мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба ифтихори таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи 9-уми сентябр шодбош гуем.
Ба Шумо саломативу сарбаландӣ, бахту саодат, ободиву осоиш, хушҳоливу хушрӯзӣ ва иқболи баланду комёбиҳоро орзумандем.
Бо эҳтиром,
Садорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ