Таҳти ин унвон санаи 8-уми декабри соли 2018 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бахшида ба 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир карда шуд.
Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бо сухани ифтитоҳии ректори ДМТ, академики Академияи илмҳои ҶТ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ оғоз гардид. Мавсуф зимни ироаи сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба муносибати 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон табрику шодбош намуда, иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши боризи худро мегузорад.
Сипас, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек бо сухани шодбошӣ баромад намуда, нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуд. Мавсуф зимни ироаи сухани шодбошӣ қайд намуд, ки ҶТ дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд. Бинобар ҳамин, баргузории конференсияи мазкурро идомаи сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳуқуқи инсон унвон намуданд ва ба ҳозирин дар кори конференсия барору комёбӣ таманно карданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода қайд намуд, ки яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти онҳоро ҳамкорӣ бо ниҳоду сохторҳои илмӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, имсол тасмим гирифта шуд, ки 70-солагии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷашн гирифта шавад.
Дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ВАО ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия зиёда аз 15 маърӯза дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар инкишофи ҳуқуқи инсон, мушкилоти ҳуқуқи инсон дар раванди ҷаҳонишавӣ, 70 соли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи инсон тибқи арзишҳои динӣ-ҳуқуқии исломӣ, таҳлили илмӣ-муқоисавии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Конститутсияи ҶТ, пайдоиши ҳуқуқҳои нави инсон ва инъикоси онҳо дар қонунгузорӣ, таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба низоми ҳуқуқи миллӣ, амнияти давлат ҳамчун асоси маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инъикоси ҳуқуқи инсон дар сарчашмаҳои нодири таърихӣ-ҳуқуқӣ ва ғ. пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсия кори худро дар се бахш ба роҳ монда, дар он зиёда аз 60 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли бевосита ва ғоибона пешниҳод гардиданд. Маърӯзаҳои мавриди баррасӣ қарор гирифта фарогири масъалаҳои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ; гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон буданд.
Зимни баррасии мавзӯъҳои зикргардида аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ ироа карда шуд. Қайд гардид, ки Конститутсияи ҶТ ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон кардааст. Аз ин рӯ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд меҳвари фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаву муассиса, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил диҳад.
Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатҳи баландро нишон аз Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрӣ аст.
Дар фарҷоми конференсияи байналмилалӣ иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия барои такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас карда ме шаванд.
Изҳори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши арзандаи худро хоҳад гузошт. Иштирокчиён таъкид доштанд, ки новобаста аз гуногунии миллату халқиятҳо, дину мазҳаб, ранги пуст ва дигар аломатҳои иҷтимоӣ миллати ягона, дину мазҳаби ягона сокинони сайёраро бо ҳам мепайвандад, ки он ҳуқуқи инсон инсон аст.