ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

(дар ҳошияи пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ)

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо афзоиши низоъҳо, поймолшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва зарурати таҳкими сулҳу субот ҳамроҳ аст, ташаббусҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунанд. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз 23 сентябри соли 2025, ки ба 80-умин солгарди таъсиси СММ бахшида шудааст, яке аз чунин ташаббусҳои калидиро пешниҳод намуд. Дар ин суханронӣ, Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ (International Year of Legal Literacy) эълон гардад, то фарҳанги шаффофият, адолат ва риояи ҳуқуқро дар сатҳи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Ин пешниҳод дар заминаи таҷрибаи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла эълони соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар кишвар сурат гирифтааст, ки ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими арзишҳои конститутсионӣ мусоидат намуд.

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун маҷмуи андешаҳо дар бораи қонун, татбиқи он ва ҳифзи ҳуқуқ фаҳмида мешавад, ки дар шаклҳои маҳдуд (муносибатҳои танзимшавандаи ҳуқуқӣ) ва васеъ (анбори донишҳои ҳуқуқӣ) зоҳир мегардад. Он асоси рафтори қонунӣ буда, ба коҳиши нигилизми ҳуқуқӣ ва таҳкими эҳтиром ба қонун мусоидат мекунад. Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ самти муҳим аст, ки тавассути тарбияи ҳуқуқӣ, илми ҳуқуқӣ ва омӯзиши кадрҳо амалӣ мешавад. Таҳлили заминаи миллӣ нишон медиҳад, ки эълони соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Тоҷикистон заминаи амалии ин пешниҳод аст. Дар ин сол, ҳадафҳои калидӣ муайян шуданд: баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани ҳуқуқҳои инсон, таъмини волоияти қонун, ташаккули рафтори ҳуқуқӣ, васеъ кардани дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ва омӯзиши мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон. Ин ҳадафҳо тавассути чораҳо, аз қабили ҷоннок кардани тарғиби ҳуқуқӣ, таъмини дастрасии васеъ ба санадҳои ҳуқуқӣ ва таъсиси сомонаҳои ягонаи миллӣ, амалӣ шуданд. Аз ҷиҳати илмӣ, ин ҳадафҳо бо пажуҳишҳо ҳамоҳанганд, ки маърифати ҳуқуқӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими ҷомеаҳои демократӣ мусоидат мекунад, зеро он эҳтиром ба қонун ва масъулияти ҳуқуқиро ташаккул медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки “риояи қатъии ҳуқуқи байналмилалӣ ва маърифати ҳуқуқӣ пояи ҷомеаи одилона ва устувор мебошанд”. “Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро баррасӣ кунад”. Ин ташаббус дар пайи пешниҳодҳои қаблӣ қарор гирифтааст ва аҳаммияти онро дар шароити имрӯза афзоиш медиҳад.

Аз ҷиҳати илмӣ, ин пешниҳод бо пажуҳишҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг аст. Масалан, тадқиқот нишон медиҳанд, ки таълими ҳуқуқӣ дар расидан ба ҲРУ, хусусан Ҳадафи 4 (Таълими сифатнок) ва Ҳадафи 16 (Адолат ва институтҳои қавӣ), нақши калидӣ дорад, зеро он ба пешгирии поймолкуниҳо ва таҳкими ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунад. Ҳамчунин, ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун механизми татбиқи ҲРУ эътироф шудааст, ки дар он маърифати ҳуқуқӣ барои эҷоди муҳити мусоид барои рушди устувор зарур аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар эълони соли маърифати ҳуқуқӣ (2024) намунаи амалӣ аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон нигаронида шуда буд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки ин ташаббус аз рӯйи чанд заминаи илмӣ муҳим аст:

– Мубориза бо поймолкунии ҳуқуқҳо. Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтани меъёрҳои ҳуқуқӣ аст, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳ амал мекунад.

– Рушди устувор. Мувофиқи ҲРУ, маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими давлатҳои ҳуқуқбунёд мусоидат намуда, ба расидан ба ҳадафҳои иқлимӣ ва иқтисодӣ кумак мерасонад.

– Таҷрибаи байналмилалӣ. Солҳои байналмилалӣ, мисли Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), намунаҳои муваффақи таъсир ба сиёсатҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Эълони Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба самтҳои калидӣ таъсир расонад. Дар самти таълим ва тарбия, имкониятҳои рушди барномаҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон ва занон вуҷуд дорад, ки метавонад бо ҳамкории ЮНЕСКО амалӣ шавад. Дар бахши ҳуқуқи инсон тақвияти мониторинги поймолкуниҳо тавассути ЮНИСЕФ ва Созмони Байналмилалии Меҳнат имконпазир аст, ки ба пешгирии зӯроварӣ мусоидат мекунад. Ниҳоят, дар самти сулҳу субот, ҳамоҳангсозии низоъҳо тавассути дипломатияи ҳуқуқӣ ва саҳм дар даҳсолаҳои сулҳ имконпазир аст.

Ин таҳлил нишон медиҳад, ки пешниҳод на танҳо аксуламал ба вазъи кунунӣ, балки стратегияи дарозмуддат барои таҳкими низоми байналмилалӣ аст, ки бо пажуҳишҳои илмӣ дар бораи нақши ҳуқуқ дар рушди устувор ҳамоҳанг мебошад. Таҷрибаи соли 2024 дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки чунин ташаббусҳо метавонанд ба таҳкими рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ мусоидат кунанд, ки ин барои сатҳи байналмилалӣ намуна аст.

Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 80-уми СММ даъвати амалӣ барои таҳкими ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Пешниҳоди эълони Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ метавонад ҳамчун пуле барои ҳамкории байнидавлатӣ хидмат кунад ва ба расидан ба ҲРУ мусоидат намояд. Ин ташаббус саҳми Тоҷикистон дар устувор намудани маърифати ҳуқуқии аҳолии кулли ҷаҳон ва намунаи эҳтироми қонун барои ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад, профессори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ