20/05/2016
Рӯзи 19-уми майи соли 2016 ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар штаб-квартираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар кори он як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров иштирок намуданд. Гурӯҳи кориро дар ин сафар устоди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Насриддинзода Э.С. ҳамроҳӣ доштанд. Мувофиқи рӯзномаи ҷаласаи мазкур ёздаҳ масъала, аз ҷумла баъзе аз масъалаҳои хусусияти ташкилидошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои асосии ҷаласа ба интихоби раиси Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ нигаронида шуда буд. Ҳамин тариқ, бо ҷонибдории кулли аъзои Комиссияи мазкур бори нахуст раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ интихоб гардид. Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи қонунҳои моделӣ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» ва «Дар бораи тафтиши парлумонӣ» муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, аъзои Комиссия ҷараёни пешбурди корро оид ба лоиҳаҳои қонунҳои моделӣ «Дар бораи кадастри давлатии амволи ғайриманқул», «Дар бораи бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул», «Дар бораи нотариат», «Дар бораи моликияти давлатӣ», «Дар бораи муассисаҳои худмухтор»-ро мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ қарор доданд. Инчунин иштирокчиёни ҷаласа натиҷаи фаъолияти Комиссияро дар соли 2015 ҷамъбаст намуданд. Дар назар дошта шудааст, ки санаи 20-уми майи соли 2016 аъзои комиссия дар кори 44-умин ҷаласаи пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намоянд.
Хурсандибахш аст, ки дастоварди навбатии профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки чанде қабл, санаи 10-уми апрели соли ҷорӣ дар интихоботи миёнадаврии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1, ҳамчун намоянда аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо гирифтани 83,4 фоизи овози интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ҳамзамон рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб гардида буданд.
Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ Шӯрои олимон, садорат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва хуқуқ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддинро ба ифтихори интихоб шуданашон ба ҳайси раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ самимона табрик намуда, ба ӯ дар иҷрои ин масъулияти пуршараф бурдбориҳоро орзуманданд.
Боварии комил дорем, ки интихоби ӯ ба ин масъулияти баланд ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносиботи мутақобилан судманди фаъолияти парламентҳои кишварҳои аъзои ИДМ, густариши равобити бисёрҷониба, ва ҳамзамон такмили низоми қонунгузории кишвар бо дарназардошти пазироии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ мусоидат хоҳад кард.